Чунин ном дошт корвони иттилоотии журналистон, ки дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикиcтон (ИЖТ) ташкил намуд. Бино ба гуфти масъулон, ин ташаббус имкон фароҳам меорад, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма бо зиндагии сокинон, рафти сохтмони иншооти бунёдшаванда, дар маҷмӯъ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шинос гарданд.
Сафари аввал бо сарпарастии ширкати ватании «Сиёма» 27-30 августи соли 2021 ба вилояти Суғд ҷараён гирифта, рӯзноманигорон дар баробари ошноӣ бо дастовардҳо дар суҳбати гирди миз, ки бо иштироки коршиносони соҳа баргузор шуд, иштирок намуданд.
- Ташкили корвонҳои журналистӣ барои баррасии мавзӯъҳои доғ, табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ ва дарёфти роҳҳои беҳтар намудани фаъолият ва рақобатпазир будани ВАО дар шароити таҳоҷуми иттилоотӣ имконияти васеъ фароҳам меорад, — гуфт раиси ИЖТ Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Сентябр — ноябри соли ҷорӣ сафари журналистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва водии Рашт низ ба нақша гирифта шудааст.
«Садои мардум»