ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗИ МАН, БА ПЕШ!

№№ 107 (4847) 04.09.2024

scale_1200(Руҷӯи Пешвои миллат)

Тоҷикистони азизам, кишварам,

Дӯст медорам туро чун модарам,

Дар замири тинати гулпарварам,

Ман туро монанди гул мепарварам.

Дӯст медорам туро чун ҷони хеш,

Тоҷикистони азизи ман, ба пеш!

 

Пораи лаъл аз Хуросони манӣ,

Офтоби ишқу армони манӣ.

Бо ту ман дарёканорам, эй Ватан,

Доруи дардию дармони манӣ.

Дӯст медорам туро чун ҷони хеш,

Тоҷикистони азизи ман, ба пеш!

 

Барқарор ин ҷо тамаддун кардаем,

Сарбаландат то ба гардун кардаем,

Офтоби дигарат овардаем:

Офтоб аз нури Роғун кардаем.

Дӯст медорам туро чун ҷони хеш,

Тоҷикистони азизи ман, ба пеш!

 

Аз замири обу аз хоки туям,

Дар хаёли сабзи идроки туям.

Баҳри худ танҳо надорам ман вуҷуд,

Дар вуҷуди мардуми поки туям.

Дӯст медорам туро чун ҷони хеш,

Тоҷикистони азизи ман, ба пеш!

Нозирҷон ЁДГОРӢ