Зане буд зиштрӯву бадмуомила. Бо ҳар нафаре, ки суҳбат мекард, ҳатман сухани ноҷоеро дар ҳаққи ӯ раво медид. Мардум аз «бало ҳазар» гӯён аз ӯ дурӣ меҷустанд. Вале зан, баръакси худ, чунон фарзандони солеҳу меҳрубон, некхоҳу хоксоре дошт, ки кас дар ҳайрат мемонд. Бовар кардан душвор буд, ки онҳоро ӯ тарбия карда бошад.
Боре ҳисси кунҷковии ҳамсояе боло гирифту аз фарзандони ӯ пурсид: «Модаратон дар хона бо шумо чӣ гуна муомила менамояд?» Онҳо гуфтанд, ки муносибати олӣ дорад ва доим гӯшрас менамояд, ки набояд хатокории ӯро такрор кунем, зеро бо рафтори ношоиставу гуфтори бад наметавон дари хушбахтии зиндагиро боз намуд.
Бале, дар тинати зан дағалӣ ҳукмрон буд ва ӯ аз ин рафтор даст кашида наметавонист. Бо вуҷуди ин мекӯшид фарзандонро хуб тарбия кунаду ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун. Бигзор, худ асири ҷаҳлу кина бошад, аммо фарзандон набояд ба мисли ӯ тарбия ёбанд. Ана ин аст, бузургии модар. Хислати бадашро дониста, кӯшиш мекунад, ки фарзандонаш ба мисли ӯ нагарданд. Чун ӯ дар чашми мардум шумрӯ набошанд.
Модар бузургу беҳамтост. Ҳеҷ гоҳ тобу тоқати дидани шикасти фарзандро надорад. Агар ба пойи фарзанд хоре халад, дили ӯ реш мегардад. Магар модар барои дард офарида шудааст, дарде, ки ҳар рӯз қатрае аз косаи умраш кам мекунад? Оё ӯ наметавонад танҳо барои худ зиндагӣ намояд?
Медонад, ки зиндагӣ танҳо як бор меояд. Бо вуҷуди ин зиндагиашро бо фарзандон тақсим мекунад. Накҳату таровати зиндагии шоиста аз нигоҳи афсункору меҳри мондагораш оғоз меёбад. Модар барои фарзандон — умед, барои падарон – такягоҳ, барои хонадон чароғи мунавварест. Чароғе, ки дар маҷмӯъ сӯхта — сӯхта оламро равшан менамояд ва тамоми ҳастӣ аз он истифода мебарад. Ҳангоме ки фарзанд аз кореву чизе ноумед мегардад, модар бовариву устувориро дар дили ӯ ҷой медиҳад.
Чунин ба назар мерасад, ки модарро азиз медонему гоҳе тайёрем, ки худро дар наздаш қурбон намоем. Суханҳои болохонадор мегӯем ва хушбахтиҳои беназирро барояш ҳадя намудан мехоҳем. Зиндагиро бе ӯ тасаввур карда наметавонем. Пас, чаро баъзеи онҳо мегирянду бадбахтанд? Чаро модарон дар манзили бепарасторон роҳи фарзандонро мепоянду умед доранд, ки рӯзе мешаваду дидани фарзанду наберагон барояшон муяссар мегардад? Ку он ҳама меҳру муҳаббати фарзандӣ? Модаронеро мебинем, ки зери мушту лағади фарзандон мондаанду боз аз Худованд талабгори умри дарози онҳо ҳастанд. Наход ба қадри меҳнати модар, ки шаб нахуфта, рӯз наосуда, моро бо назокату меҳрубониҳои бузург парваридааст, намерасида бошем?! Магар зиндагии шоиста, барору комёбӣ, ҳаёти ширин бо шарофати ӯ нест?
Модар бо сарзанишу навозишу панд ғанимат аст. Бояд қадри ӯро бидонем, эҳтиромашро ба ҷо биёрем. Пас аз марг барояш ҳайкали сангин сохтан маънии ба ҷо овардани қарзҳои фарзандиро надорад. Агар модар намебуд, ҳаёт аз байн мерафт. Худованд қудрати зиндагисозӣ, яъне офарандагиро ба зан бахшидааст. Танҳо ҳамин бузургии модар бояд боиси таҳсину офарин бошад.
Таҷлили Рӯзи Модар дар баҳорон маънии ба ҳам мувофиқ омадани ду зебоиро дорад. Месазад, ки тамоми ҳастиро баҳоргуна ба модар бахшида, якҷоя бо ҳам бигӯем: «Модарҷон, дӯстат медорем! Ту азизӣ. Ҳеҷ гоҳ касе наметавонад, ки ҷойи туро дар зиндагӣ гирифта бошад. Сухани нахустину вопасин танҳо исми муқаддаси туст. Номи туро дар ҳама лаҳзаи ҳаёт ба забон мегирем. Ту ҳамеша дар умқи қалб ҷой дорӣ. Агар сухани ноҷое гуфтем, ё хостаҳоятро амалӣ накардем, узр мепурсем. Ман мутмаинам, ки узри фарзандатро қабул менамоӣ, зеро ту дили бузург дорӣ».
Эмомалӣ РАҲМОН,
донишҷӯйи курси 4-уми ДМТ,
факултети журналистика