Ё чӣ тавр аспи тоҷикӣ бар зидди фашистон то Рейхстаги Берлин ҷангида рафт
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, як қисмашон дар набардҳои шадиди хунин ҳалок гардида, қисмати дигар баъди сарнагун кардани Германияи гитлерӣ ва Японияи миллитаристӣ бо сари баланд ба зодгоҳ баргаштанд. Ҳоло шумораи ангуштшумори онҳо, ки аз ҳама ҷавонтаринашон 96-97 — сола мебошанд, дар ҳаётанд.
Ҳарчанд ҷавонон ва дигар мардони синну солашон болотар ба майдони ҷанг рафта бошанд ҳам, кӯдакону наврасоне, ки синнашон ба 14-15 расида буд, дар ақибгоҳ қатори занону духтарон шабонарӯзӣ меҳнат мекарданд, то ки ҷанговарон бе сарулибос ва хӯрока намонанд.
Малик Юлдошев дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ 11 — сола буд. Ӯ зодаи деҳаи Мингичари ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Кӯктош, баъдан Лақайтоҷику баъди солҳои 1950 Ленин) буда, дар синни чорсолагӣ падару модараш бо аҳли хонавода ба деҳаи Партизани Сурх (ҳоло Чорсӯ) кӯч мебанданд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба мактаб рафт.
Ӯ он рӯзи аввали ҷанги хонумонсӯзро ба ёд оварда, ба нақл даромад: — Субҳи шуми 22 июни соли 1941 тақрибан соати ҳашти субҳ тавассути радио хабари бюрои информатсионии Иттифоқи Советӣ аз аҳдшиканона ба хоки сарзамини ИҶШС даромадани Германияи фашистӣ эълон шуд. Ҳама ҷавонон ва мардони на танҳо деҳаи мо, балки тамоми Тоҷикистон, барои ҳифзи марзу буми Ватан ба майдони муҳорибаҳо рафтанд. Дар деҳа, ба ғайр аз мо — наврасону кӯдакон, инчунин духтарону занон ва пиронсолон, дигар касе намонд. Онҳое, ки дар ақибгоҳ монданд, ба кори саҳро сафарбар шуданд. Мо, наврасону кӯдакон низ, баъди дарс дар кори саҳро ёрӣ мерасонидем. Хушбахтона, ҳамон сол ҳосили хуби ғалладонагӣ ва пахта рӯёнида шуд. Ҳама хурсанд шудем, ки акнун ҷанговарони советӣ на гурусна мемонанду на бе сарулибос.
Моҳи марти соли 1942 буд. Агар дар Тоҷикистон оғози баҳор бошад, дар қисмати ғарбии Иттифоқи Советӣ зимистон ҳукмфармоӣ дошт. Ҳар рӯз аз рафти муҳорибаҳо дар майдони ҷанг, ба пеш ҳаракат кардани армияи шӯравӣ ва аз ақибгоҳ ба ҷанговарон расонидани озуқа ва дигар лавозимоти зарурӣ хабарҳо пахш мегардид. Ногоҳ дар яке аз хабарҳои ситоди генералии Иттифоқи Советӣ чунин суханони Сталин садо дод:- Имрӯз Армияи Советӣ бар зидди фашистон бо қувваи бузург ҷангида, онҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур карда истодаанд. Айни ҳол ҷанг дар наздикии сарҳади Белоруссияву Украина давом дорад. Агар комсомолони ватандӯст дар майдони набардҳо шуҷоату далерӣ нишон диҳанд, дар ақибгоҳ пионербачаҳои матинирода дар корҳои саҳроӣ кумак мерасонанд. Ҳамин аст, ки пионербачаи гурҷӣ барои ҷанговарон сарулибос ҷамъоварӣ ва ба фронт равон кардааст, ки ин фахри мо, калонсолон, мебошад.
Чунин суханони Сталинро шунида, аз падарам, Юлдош Соҳибназаров, хоҳиш кардам, ки аспи ба ман ҳадякардаашро ба Сталин туҳфа намоям ва бигзор дар майдони ҷанг барои ҷанговарони мо хизмат расонад. Ҳамон шабу рӯзҳо якчанд нафар командирон аз майдони ҷанг барои сафарбар кардани навдаъватшудагон ба ҷанг ва расонидани озуқаю либосворӣ барои ҷанговарон ба Тоҷикистон омада буданд. Ман ба ин рафтори пионери ҷасури гурҷӣ пайравӣ карда, бо ҳамроҳии падарам назди онҳо рафта, аспи чорсолаамро, ки номаш Қайнар буд, супурдам. Ҳамин вақт як нафар командири қоматбаланди ҳузарб дар танаш либоси ҳарбӣ наздамон омада, худро муаррифӣ карда гуфт: — Ман генерал-полковник Н. Берзарин ва ҳамроҳи ман сардори комиссияи 13-уми таъмирии ситоди САВО-и Армияи Советӣ полковник И. Гончаров. Ту писари ҳақиқии халқи Тоҷикистон ҳастӣ ва аспи тарбиякардаатро ба Армияи Сурх туҳфа кардӣ. Барои ин мардонагиат аз номи Раиси Комитети давлатии мудофиаи ИҶШС И. Сталин ба ту ва падарат Юлдош Соҳибназаров миннатдорӣ баён мекунам.
Аз байн ду моҳ гузашт. Н. Берзарин, ки фармондеҳии қӯшунҳои тирандозии пиёдагарди фронти дуюми Белорусро ба уҳда дошт, ба номи падарам хабарномае фиристод, ки дар он омадааст:- Аспи ҳадякардаи шумо, Қайнарро, ба ман вобаста карданд ва бо он бар зидди фашистон ҷангида истодаем. Ҳамин тавр, аспи туҳфакардаи ман то охири ҷанг дар муҳорибаҳо иштирок намуда, то Рейхстаги Берлин расида, шаҳди ғалабаро чашид.
Баъди ғалаба бар фашизми хунхор Н. Берзарин бо фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ, Генералиссимиус Иосиф Виссарионович Сталин коменданти шаҳри Берлин таъин гардид ва ҳамоно бо асп гаштугузор мекард. Мутаассифона, ӯ соли 1947, дар рӯзи таҷлили иди Ғалаба, ба садама дучор шуда, ба ҳалокат расид. Ва минбаъд аз тақдири аспам хабар пайдо карда натавонистам.
То синфи шашум дар мактаби деҳаи Партизани Сурх ба таҳсил фаро гирифта шудам. Бинобар сабаби омӯзгоронро ба ҷанг бурдан, мактаб бе омӯзгор монд ва падарам маро ба ноҳияи Варзоб, барои идомаи таҳсил ба мактаби маркази ноҳия равон кард. Дар он ҷо аз синфи ҳафтум то синфи даҳум хондам. Соли 1946 падарам бо аҳли хонавода ба деҳаи Сарикиштӣ кӯч бастанд ва ман баъди хатми мактаб ба ҳамин деҳа омадам. Маро бригадири звенои пахтакории деҳаи Сарикиштии колхози Октябр таъин карданд ва соли 1950 аз тарафи комитети партиявии ноҳияи Кӯктош барои аз худ кардани касби агрономӣ ба шаҳри Душанбе фиристонданд. Дар он ҷо чор сол донишҷӯ будам ва бади хатми он бо дипломи маълумоти олии нопурраи мутахассиси агрономи хоҷагии қишлоқ ба деҳа баргашта, дар колхози номбурда ба ҳайси агроном ба фаъолият оғоз кардам.
Солҳои минбаъда дар вазифаҳои гуногун кор карда, соли 1990 ба нафақа баромадам.
Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ баъди санҷишҳо ва дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бойгонӣ 27 майи соли 2010 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз соли 1995, маълумотномаи № 4/111 пешниҳод кард, ки дар он омадааст: — Юлдошев Малик, соли таваллудаш — 1930, дар ҳақиқат иштирокчии ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945 дониста мешавад. Ӯ ба имтиёзҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» пешбинишуда ҳуқуқ дорад.
Айни ҳол Малик Юлдошев дар оғӯши фарзандону набера ва аберагонаш даврони пирӣ меронаду аз тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва соҳибистиқлол гардидани кишвар бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ менамояд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»