Тозанашр

«Туҳфаи тақдир» ба аҳли қалам

№51 (4947) 21.04.2025

ЁРОВ ОБЛСоли равон «Модари матбуоти тоҷик» (таъбири устод Садриддин Айнӣ) — рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷашни 100-солагиашро таҷлил намуд. Вобаста ба санаи мазкур як қатор рӯзноманигорон дар бораи ин нашрияи маъруф дар шумораҳои гуногуни он хотираҳояшонро баён карданд.

Чанде пеш нашриёти «Адиб» китоби фелетоннависи шинохта, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳабибулло Ёровро, ки 20 сол (1971-1991) дар ин рӯзномаи муътабар фаъолият кардааст, зери унвони «Туҳфаи тақдир» аз чоп баровард. Муаллиф дар ин маҷмуа хотираҳояшро аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони машҳури кишвар Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Турсунбой Маҳмадаминов, Шафқат Саидов, Ато Ҳамдам, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Асадулло Саъдуллоев, ки ба журналистони зиёде ҳаққи устодӣ доранд, хеле ҷолиб ба қалам додааст.

Тавре дар сарсухани китоб таъкид шудааст, «Вай (Ҳ. Ёров) дар бораи худаш не, дар бораи ҳамкоронаш, устодонаш ва дӯстонаш дар ин рӯзнома, дар бораи муҳити рӯзнома, дар бораи хусусияти рӯзнома ва дар бораи аҳамияти рӯзнома сухан мегӯяд. … Чӣ қадар содиқ ва дилбохтаи ин рӯзнома будан даркор аст, ки дар хусуси ҳамаи ин хотираро бедор кунӣ ва сухани неке аз таҳти дил гӯӣ».

Ҳабибулло Ёров дар оғози китоб давраи ба рӯзноманигорӣ пардохтанашро ба ёд оварда, зикр мекунад, ки бо маслиҳати ҳамсинфаш Назри Яздонӣ ва Абдулҳамид Самад аз маоши баланди омӯзгорӣ (180 сӯм) даст кашида, ба сифати ёрдамчии мусаҳҳеҳ (бо маоши 65 сӯм) ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор омад.

Муаллиф аз давраи сармуҳарририи рӯзноманигори варзида Ғоиб Қаландаров бо ихлосу эҳтиром ёдовар шудааст: «Минбаъд фақат мақолаҳои ҷиддии проб­лемавӣ-танқидӣ навис. Ту метавонӣ. Ман саҳифаҳои «Назорати халқӣ»-ро ки ҳар моҳ тайёр мекунӣ, варақ задам. Ту онҳоро аз рӯйи маълумотномаю рейдҳои Кумитаи назорати халқии ҷумҳурӣ ва кумитаҳои шаҳру ноҳияҳо тайёр мекунӣ. Аз ин рӯ, онҳо хушку қолабиянд. Аз ин услуб даст каш, ки муфтхӯру танбал мешавӣ. Баръакс, органҳои тафтишот, аз ҷумла Кумитаи назорати халқӣ, ҳам бояд ба матолиби танқидии рӯзнома ҷавоб диҳанд, на ин ки рӯзнома хулосаву натиҷаҳои рейду тафтишҳои онҳоро чоп кунад. Танқид бояд ҷиддӣ бошад, на қолабӣ».

Китоб барои аҳли қалам, махсусан касоне, ки нав ба шоҳроҳи рӯзноманигорӣ қадам гузоштаанд, дастуру роҳнамои муфидест.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»