Раҳоварди сафар

Ту худ оинаӣ дар худ назар кун

№120 (3757) 10.10.2017

rekz,Шаб. Мошин аз роҳи суфтаву ҳамвор, вале морпечи кӯҳистон ба самти Кӯлоб ҳаракат дорад. Дил дар синаам беқарор аст. Мехоҳам зудтар ба он шаҳри ишқу ирфон бирасам, аз ҳавои муаттараш нафас бикашам, дар кӯчаҳояш қадам бизанам, бо мардуми озодааш дидор бубинам…

- Муаллим, чаро хомӯшед, ҳарфе намезанед? – маро аз дунёи андеша берун меорад Сафаралӣ.

Ба сӯи ӯ баргашта ин рубоиро мехонам:

Сӯфӣ, ки ба хирқадӯзияш бозорест,

Гар бахя ба фақр мезанад хуш корест.

В-ар хоҳиши табъ дасти ӯ ҷунбонад,

Ҳар бахяву риштааш буту зуннорест.

- Ваҳ-ваҳ! – аз шунидани рубоӣ ба шавқ меояд Сафаралӣ, — ин мисраъҳои дилситон аз кӣ бошад?

- Аз Шақиқи Балхӣ! Афсӯс, ки аз канори турбати ин орифу шоир гузаштему натавонистем зиёрат кунем. Барои тасаллои дил ин мисраъҳоро замзама кардам.

- Нороҳат нашав! – ҳамсафари дигарамон Абдухолиқ дасти маро мефишорад, — дар бозгашт ҳатман саре ба оромгоҳи он бузургвор мезанем.

Ҳамин тавр суҳбати мо гарм шуд ва Абдухолиқ дар бораи фарзонагоне, ки турбати покашон дар Хатлонзамин аст, ба гап даромад. Аз Имом Аскарӣ, Увайси Қаранӣ, имом Ҷаъфари Содиқ, Ҳазрати Амирҷон, Хоҷа Исҳоқи Валӣ ва Шоҳи Хомӯш қиссаҳо гуфт. Ман ба суханони Абдухолиқ гӯш медодаму худро ҳамроҳи он бузургон тасаввур менамудам. Вуҷудам пур аз фараҳ шуда буд.

- Ана, Данғара ҳам намоён шуд! – овози Сафаралӣ маро ба худ овард.

Аз баландӣ Данғараи чароғон мисли қандили бузурге нурафшонӣ мекард. Ё мисли он буд, ки аз осмон хирмани ситораҳо ба замин рехтаву шаъшаапошӣ мекунанд. Ин зебоиро дида, ба ёдам рубоие аз Муҳаммади Бадахшӣ расид ва онро барои дӯстон хондам:

Эй зулфи шабмисоли туро дар бар офтоб,

Аз шаб кӣ дида соя, ки афтад бар офтоб.

Зоғест турраи ту ҳумоюн, ки ошён,

Болои сарв дораду зери пар офтоб.

Ҳар роҳрав ба манзил мерасад. Дили шаб ба Кӯлоб расидем. Дар хиёбони маркази шаҳр аз мошин пиёда шудем ва роҳ ҷониби хонаи Абдухолиқ пеш гирифтем. Аксари мардуми шаҳр дар хоби ноз буданд. Дар кӯча аҳёнан одамон гаштугузор мекарданд. Аммо роҳ пури саг буд ва бо ҳам часпу талош кардаву аккосзанон ба ҳар сӯ медавиданд.

- Ин сагҳо соҳиб надоранд? – пурсидам.

- Хавотир нашав! – дилбардорӣ кард маро Абдухолиқ — Инҳо ҷонварони безараранд, ба роҳгузарон коре надоранд.

- Хиёбон дар паҳлӯи бозор аст, — афзуд Сафаралӣ, — одамон аз ҳар гӯша, хусусан, сагбачаҳои модаро оварда мепартоянд, барои ҳамин ин ҷо саг бисёр аст. Аммо хуб мешуд, соҳибони шаҳр ин сагҳоро ҷамъ карда, дар ҷойи махсус нигоҳ медоштанд.

Рӯзи дигар, субҳи барвақт ба тамошои шаҳр баромадем. Ҳама ҷо сабзу хуррам, мардуми озодаву сарбаландаш паи кору рӯзгорашон. Фазои шаҳр бӯи муҳаббат дошт.

Ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ворид шудем. Аз бинои муҳташам, гулгаштҳои зебову ороста, фаввораҳои рӯҳнавозаш хушамон омад. Донишҷӯён равуо доштанд. Баъзеҳо дар миёни гулгаштҳо нишаста, суҳбат мекарданд, баъзеҳо китоб мехонданд. Аммо дар атрофи фаввораҳо ва гулгаштҳои донишгоҳ ҷойи нишастан набуд ва толибилмон рӯи марзаҳо нишаста буданд.

Ҳамин вақт чашмам ба духтараке афтод, ки куртаи чакан дар бар бо мӯи майдабофӣ шитобон сӯи бинои асосии донишгоҳ мерафт.

- Духтарони кӯлобӣ аз парӣ ҳам хушрӯтаранд, — бо лабони пурханда гуфт Сафаралӣ.

Ман ҳам ба он духтараки чаканпӯш ишора кардаму ин байти Абдуллоҳи Хатлониро хондам:

Гуфтам бишуморам хами зулфайнаки ҷодуш,

Як печ бипечиду ғалат кард шуморам.

- Ин қадар шеърҳои шоирони хатлониро аз куҷо медонед? – тааҷҷуб кард Сафаралӣ.

- Китоб хондан даркор! – гуфтам шӯхиомез ва ҳар ду хандидем.

Ба зиёрати оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон рафтем. Аҷаб макони босафое ,  чамане пур аз гулҳои рангоранг, биҳишти ошиқону дӯстдорони он орифи бузург Султони орифон, Шоҳи Ҳамадон.

Ҳар кӣ моро ёд кард эзид мар ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард аз умр бархӯрдор бод…

Ин шеъри Ҳазрати Амирҷонро, ки қути рӯҳу ҷон аст, назди турбаташ замзама кардем, аз ин ориф ва шоир сухан дар миён оварда, рӯҳашро гиромӣ доштем.

Замоне ба саёҳати Ҳамадон рафта будам ва он ҷо турбати поки Абӯалӣ Синову Боботоҳири Урёнро зиёрат намудам. Ҳамчунин, моро ба чиллахонае бурданд, ки замоне Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ он ҷо хилватнишинӣ карда будааст. Эҳсос кардам, ки боду ҳавои шаҳри Кӯлобу Ҳамадон ба ҳам монанд аст. Миёни ин ду шаҳр қаробати зоҳириву ботиние вуҷуд дорад ва дар оғӯши хоки поки Кӯлоб орамидани Ҳазрати Амирҷон низ дорои рамзу розест.

Дар сари турбати Амири Кабир дар тану ҷони худ сабукие ҳис кардем, мисли ин ки насими фараҳбахше тамоми вуҷудамонро фаро гирифт ва мурғи дил он ҷо лона гузошту ба хондан даромад.

Маро бонуи ориф – Лолои Кӯлобӣ ба ёд омад. Ин зани фарзонаи соҳибдил бо сару рӯи бараҳна пеши мардум зоҳир мешудааст. Вақте хабари омадани Ҳазрати Амирҷонро мешунавад, дар хона пинҳон мешавад ва рӯзе мисли бӯи гул дар барги гул печида, ба кӯча мебарояд. Одамон ин ҳолро дида ҳайрон мешаванд ва аз ӯ сабаб мепурсанд. Лоло дар посух мегӯяд:

- Ба Кӯлоб мард омад!

Аз ин посухи он зани фарзона тааҷҷуби мардум бештар мегардаду суолаш медиҳанд:

- Магар мо мард нестем?!

Дар шинохти Лолои ориф марди ирфон, марди шеър, марди дониш, марди адаб, марди ишқ Ҳазрати Амирҷон ва мардоне амсоли ӯст.

Дар бозори шаҳр мӯйсафеди болобаланди нурониеро дидам, ки дар миёни ҷамъе сухан мегуфт. Овози марғуладор ва каломи пурҳикматаш ба гӯш таъсиргузор буд. Аз забони ӯ ин байтро шунидам:

Нагардад ҳамчу сарв озод дар боғи ҷаҳон ҳаргиз,

Чу наргис ҳар кӣ ӯ чашми тамаъ дар симу зар баста.

- Ин байт аз Боқии Кӯлобӣ аст, — гуфтам ба Абдухолиқ ва афзудам, ки бояд ба дастбӯсии он пири хирад биравем!

Ҳамон замон як дӯсти Сафаралӣ пайдо шуд ва машғули ҳолпурсӣ як лаҳза аз суҳбати он пир дур шудем. Вақте баргаштам, аз он мӯйсафед ному нишоне набуд.

- Он пирамард кӣ буду ба куҷо рафт?! – бо хотири ошуфта ба Абдухолиқ рӯ овардам.

Дӯстам табассуме карду гуфт:

- Он пир Хоҷаи Хизр буд, дигар пайдо намекунӣ.

Роҳи деҳаи Файзободро пеш гирифтем. Дар он русто зери дарахти чиноре пиёда шудем. Дар як лаҳза чанд нафар даврамон ҷамъ омаданд. Одамони хушгапу инсондӯст. Чун фаҳмиданд аз Душанбе омадаему аҳли сухану қалам ҳастем, ҳар кадоме мекӯшид моро меҳмон созад. Ҳис кардам, ки онҳо ташнаи сухани баланд, илму маърифат ҳастанд.

Ба хонаи Зоҳир рафтем. Марде бо тани дардманд, вале кушодачеҳраву меҳрубон. Вай фардо  арӯс мефаровард, аммо дар манзилаш ба ҷуз пайвандонаш касе ба чашм намерасид.

- Хуб, ки танзим шуд, муаллимҷон, – ширин-ширин ба гап даромад соҳибхона. — Ташвишҳои зиёдативу хароҷоти беҳуда аз байн рафт. На қарз мекуниву на пеши касе сархам мешавӣ. Ман ҳам ба қадри тавонам тӯй мекунам. Як дег шӯрбо мемонаму ба мардуми деҳа зиёфат медиҳам.

Шаб ҳафт-ҳашт нафар ҷамъ шуданду базми шеъру сухан тасфид. Дар бораи бунёдкориҳо гап мезаданду дуои осоиштагиро мекарданд.

- Ба ҳар як хонаи деҳа лӯлаи об кашидем, — гуфт раиси деҳа акои Саидамир. — Мардум дигар аз оби ошомиданӣ танқисӣ намекашанд. Мо аҳлона кору зиндагӣ мекунем. Мева, бодирингу помидор ва ноне, ки рӯи дастурхон аст, ҳосили замини худамон мебошад.

То дер суҳбат кардем. Муҳаммадисои шӯхтабиат ширинсуханӣ мекард, бо ҳаракатҳои чашму абрӯ дилҳоро ба завқ меовард. Ман барои он меҳрубонон байти зеринро хондам:

Дил оинаи сурати ғайб аст, валекин,

Шарт аст, ки бар оина зангор набошад.

Мардуми деҳа воқеан ҳам дили оинасон доранд. Онҳо ташнаи шунидани суханони ҷонпарвари аҳли илму адабанд. Худованд хоки онҳоро бо каломи пок якҷо сириштааст.

Рӯзи дигар ба Тангатовтӣ рафтем, дар оби гуворои Ёхсу сару тан шустем. Бо мардум дидор дидему каломи шакаринашонро шунидем. Ман ошиқу масти мардуми поксиришти кӯлобӣ гаштам. Ифтихор кардам, ки чунин одамони неку сарбаланд дорем:

Ту худ оинаӣ дар худ назар кун,

Ки бинӣ оқибат рӯи накӯе.

ВОРИС,

«Садои мардум»