Туғрали авҷи сухан

№111 (3412) 19.08.2015

логотип_варианти охирШашуми августи соли равон дар деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ бахшида ба 150 — солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрал Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ дар мавзўи «Туғрали авҷи сухан» баргузор гардид.

Конференсия бо боздиди меҳмонон аз хона-музеи шоир оғоз ёфт. Раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода  зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ки бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ 150 — солагии шоири шаҳир, нависанда, хаттот, донишманди машҳури замони худ, намояндаи адабиёти классикии тоҷик Муҳаммаднақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҷашн гирифта мешавад.

- Ашъори Нақибхон Туғрал ифодагари орзуву омоли ҳаёти иҷтимоии мардум буда, тез ба дилҳо роҳ меёфту меёбад. Офаридаҳои ў ба ганҷинаи пурбаҳои мусиқии тоҷик «Шашмақом» ворид гардида, аз ҷониби сарояндагони маъруф суруда мешавад ва ба мардум рўҳу илҳоми тоза мебахшад, — изҳор дошт номбурда.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни суханрониаш зикр кард, ки давоми 24  соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат як силсила чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд, ки мақому манзалати миллати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд.

- Аз ҷумла 1100 — солагии давлати Сомониён, 2700-солагии «Авесто», 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии шаҳри Кўлоб, 1150 — солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, ҷашнҳои гиромидошти Камолиддини Беҳзод, Борбад, Камоли Хуҷандӣ,  Носири Хусрав, 1310 — солагии Имоми Аъзам аз ин силсила мебошад, — изҳор дошт мавсуф. Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки осори солҳои  охири ҳаёт эҷодкардаи шоир, ки то ҳол дастраси хонандагон нашудааст, бояд мавриди пажўҳиши олимон қарор гирад. Инчунин номбурда афзуд, ки «нақша дорем гурўҳи кориеро таъсис дода, ба шаҳри Самарқанд фиристем, то паҳлуҳои равшаннашудаи ҳаёти шоирро пажўҳиш намоянд».

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ паёми раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба иштирокчиёни конференсия қироат намуд.

Баъдан, узви вобастаи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов дар мавзўи «Муноҷоти Туғрал» маърўза намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар осори адибони барҷаста асарҳои ҷудогонае ҳастанд, ки муҳимтарин ҷанбаҳои ҳунари суханварии офарандаашро таҷассум намуда, олами ботинии ўро намоён месозанд. «Бўйи ҷўйи Мўлиён»-и устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, «Рустам ва Сўҳроб»-и Фирдавсӣ, «Бо корвони ҳулла»-и Фаррухии Сиистонӣ, қитъаи «Бани одам аъзои якдигаранд»-и Саъдӣ, ғазали «Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем»-и Ҳофиз, қитъаи «Ба дандон рахна бар фўлод кардан»-и Ҷомӣ, «Кохи ёдгор»-и А.С. Пушкин, «Марги шоир»-и М. Ю. Лермонтов, «Васият»-и Т.Г.Шевченко, «Марши ҳуррият»-и Садриддин Айнӣ, «Савтҳои форсӣ»-и Сергейи Есенин ва даҳҳо асари дигарро метавон ном бурд, ки офарандаи худро шуҳратёр кардаанд…  Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват»-и Туғрал низ аз ҳамин зумраи осор буда, аз беҳтарин сурудаҳои шоир маҳсуб мешавад.

Профессор Аламхон Кўчаров зимни маърўзааш, ки «Истиқболи Туғрал аз Шамсиддин Шоҳин» ном дошт, аз робитаи дўстиву эҷодии ин ду эҷодкор сухан ронд. Аз ҷумла мавсуф зикр кард, ки: «Муносибати устодию шогирдӣ ва робитаи эҷодии Шамсиддин Шоҳин ва Нақибхон Туғрал ҷанбаи амиқи ҳунарӣ ва заминаи мустаҳками ахлоқӣ дошта, наслҳои минбаъдаи миллати моро ба эҳтиром доштан ба суннатҳои волои ниёгон ва ваҳдати миллӣ ҳидоят менамояд».

Доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзўи «Нақди устод Айнӣ бар шеъри Туғрал ва зарурати баррасии ҳунари шоирии ў» маърўза намуд.  Номбурда зикр кард, ки агарчӣ дар бораи Туғрал ва шеъри ў дар замонаш тазкиранависоне мисли Мирсиддиқи Ҳашмат, Абдулхоҷаи Абдӣ, Ҳоҷи Неъматуллоҳи Муҳтарам ва Мирсалим валади Мирзораҳими Салимӣ маълумот дода бошанд ҳам, устод Садриддин Айнӣ нахустин адибест, ки дар қисми дувуми китоби хеш «Намунаи адабиёти тоҷик» бо овардани се ғазал ва зикри мухтасари зиндагиномаи шоир шеъри ўро нақд кардааст.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки мавҷуд будани намунаи ғазалҳои нағз ва шоҳбайтҳо дар девони Туғрал ва дафтарҳои мусаввадаи муаллиф гувоҳи равшани он аст, ки агар ин шоири комилистеъдодро ҷавонмарг намекарданд ва ба чопи девони дувумаш мушарраф мегардид, пешгўйии устод Айнӣ дар ҳаққи ў амалӣ мегашт, яъне, бидуни шак, бо ҳунари шоирии воло ва асилаш аз саромадони замони худ  мешуд.

Ҳамин гуна, номзади илмҳои таърих Абдулло Ғафуров дар мавзўи «Туғрал ва Ҳокимияти Шўравӣ», номзади илмҳои филология Нуралӣ Нурзод дар мавзўи «Бедил-чеҳраи инсони комил дар ашъори Туғрал» маърўза намуданд.

Пас аз анҷоми маърўзаҳо таҳти унвони «Армуғони Туғрал» барномаи адабӣ — фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он санъаткорони шинохта Ҷўрабек Муродов, Афзалшоҳ Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Абдуҷамил Раҳимов ва дигарон аз ашъори шоир сурудҳо сароиданд. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Ҳақназар Ғоиб ва муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа оид ба мақоми шеъри Туғрал андешаҳояшонро иброз доштанд. Набераҳои шоир Саидбурҳон Икромов ва Нақибхон Туғрали Мансуриён иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун ташаббускори ҷашни 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»