Ҳуқуқшиносе рӯида аз ҳақиқатнигорӣ

№137 (3617) 05.11.2016

асоевДар соҳаи журналистика кам касонеро дучор шудаам, ки давоми кор, ҳатто бо тақозои замон, касбашонро дигар кардаанд. Ва агар касби дигарро пеша карда бошанд ҳам, аз матбуот  ҳеҷ гоҳ дар канор намондаанд. Дар ин радиф метавон Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Мирзо Асозодаро ном гирифт.

Он айём рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр»)-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (имрӯза Ваҳдат) дар назди роҳбарияти ноҳия ва хонандагон мартабаи баланд ва маҳбубияти зиёд дошт. Дар рӯзнома сармуҳаррир Нисон Фузайлов, мухбирон Асо Назар, Амонулло Ғуломов, Шарифов, Мирзо Файзалӣ ва дигар журналистони шинохта кор мекарданд. Онҳо фаъолияти хуби мухбири ҷамоатӣ Мирзо Асозодаро дар яке аз ҷамъ­омадҳо баррасӣ намуда, ӯро барои кор ба рӯзнома даъват карданд.

Солҳои пеш расм буд, ки ходими нави рӯзнома фаъолияти кориро аз мусаҳҳеҳӣ сар карда, пас ба шуъба гузаронида мешуд. Мирзои ҷавон ҳашт сол дар «Коммуна» кор карда, то дараҷаи котиби масъули рӯзнома сабзид.

- Айёми кор дар «Коммуна» аз хотирам ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад. Мани навқаламро пирони матбуоти давр ҳаматарафа  дастгирӣ мекарданд. Маҳз кумаки онҳо буд, ки минбаъд бо рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистони Советӣ»  ва «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамкорӣ мекардам ва бо доираи журналистони шинохта шиносоӣ пайдо намудам. Махсусан, аз сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» Шодӣ Саидов якумр миннатдор ҳастам», — мегӯяд Мирзо Асозода.

Азбаски Мирзо Асозода бо рӯзномаи он айём бонуфуз – «Тоҷикистони Советӣ»  ҳамкорӣ дошт, хабару мақола ва лавҳаҳо чоп мекард, соли 1966 ӯро ба кори доимӣ даъват карданд. Акнун ӯ ба ҳайси ходими адабӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, аз ҳаёти одамони касбу кори гуногун, репортаж, мақола ва очеркҳои судӣ чоп мекард. Бештари навиштаҳояш  ба рафтори ношоистаи ҳаннотон, авбошон, хушомадгӯён, оилабезорон, қаллобон, бюрократҳо ва дигар шахсони ба ҷамъият зараровар бахшида мешуданд. Махсусан, очеркҳои судиаш таҳти рубрикаҳои «Аз зали суд», «Аз кабинети муфаттиш» мунтазам дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дарҷ мешуданд. Яке аз сабабҳои ҳуқуқшинос шуданаш дар он буд, ки бо мардуми касбу кори гуногун вохӯрда, дарди дилашонро гӯш мекард. Ҳамсуҳбатҳояш ҳуқуқҳои худро намедонистанд ва сарсону саргардон мешуданд.

Ин буд, ки соли 1975 факултети  ҳуқуқшиносии УДТ ба номи В. И. Ленинро ғоибона хатм кард. Ҳамин тавр, пас аз даҳ соли кор дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» Мирзо Асозода касби ҳуқуқшиносиро пеша кард.

Фаъолияти меҳнатиаш дар мақомоти прокуратура ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Орҷоникидзеобод оғоз ёфт. Албатта, якбора тағйири касб барои ҳар шахс мушкил аст. Аммо, барои Асозода, ки ҳангоми кор дар рӯзномаҳо бо кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ дошт, мушкилиеро пеш наовард.

Баъд ӯ дар вазифаҳои адвокат, раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Ваҳдат, ҷонишини раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2004 кор кард. Ба суоли мо — журналист ва ҳуқуқшинос чӣ умумият ва фарқияте доранд, чунин посух дод:

- Ба пиндори ман, аз фарқият дида, умумият бештар аст. Журналист бояд ҳақиқатро нависад, ҳуқуқшинос ҳам бояд аз рӯи қонун амал карда, ба саҳву хато роҳ надиҳад. Ҳар ду бо тақдири инсон сарукор доранд. Агарчӣ солҳои зиёд дар соҳаи ҳуқуқ кор карда бошам ҳам, бо рӯзномаҳо, бахусус «Ҷавонони Тоҷикистон», ҳамкорӣ дорам, таҳти рубрикаи «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ» баромад мекунам. Яъне, аз матбуот дур нашудаам. Дар арафаи зодрӯзам бо нишони «Аълочии  матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардиданам бесабаб нест…

Ӯ ҳамчун собиқадор аз он таассуф мехӯрад, ки имрӯзҳо дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо жанрҳои журналистика-фелетон, памфлет ва очерку сафарномаҳо, қариб ки чоп намешаванд. Гӯиё  дар ҷомеа ягон камбудӣ ва норасоӣ дида намешавад?

Ба пиндори ӯ, адвокат ҳамон вақт соҳиби обрӯ ва эътибори баланд мешавад, ки ба ҷабрдида ё шахси ҷиноятсодиркарда ёрии дурусти ҳуқуқӣ дода тавонад. Агар адвокат саводи баланди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ надошта  бошад, чӣ тавр дар тафтишоти пешакӣ ё мурофиаи судӣ ба ҳимояшаванда  ёрии ҳуқуқӣ мерасонад?

Адвокати таҷрибадор ва босаводу ҳуқуқдон ҳам дар вақти тафтиш ва ҳам дар толори суд метавонад бо далелҳои боварибахш  шахси ҳимояшавандаро сафед ва аз толори суд ҷавоб диҳад.

- Дар ин робита мисолҳои зиёд ва мушаххас оварда метавонам, зеро дар собиқаи зиёда аз сисолаам чунин лаҳзаҳо хеле бисёр буданд. Соли 1966 мақомоти тафтишотӣ ба айбдоршавандаҳо Алиев ва Ҳусейнов бо моддаҳои 96 ва 155 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карданд. Дар мурофиаи судӣ бо ҷаҳду талош ҳаракатҳои онҳо ба қисми 2 моддаҳои 170 ва 203-и ҳамон кодекс бандубаст ва айбдоршавандаҳо аз толори суд озод шуданд.

Чун адвокат як пешниҳод дорам. Дар даврони Ҳокимияти Советӣ гузаронидани мурофиаҳои суди сайёр на танҳо дар ҷойи зисту таҳсили наврасону ҷавонон, балки дар байни калонсолон ҳам анъана буд. Чунин тарзи мурофиаи судӣ аз аҳамият холӣ нест. Хуб мешуд, ки онро ҷорӣ намоянд.

Мирзо Асозода дар шеърнависӣ ҳам маҳорат дорад. Дар ин ҷода аз устодон Басир Расо, Мирзо Файзалӣ ва Карим Остонзода сипосгузор аст. Маҷмӯаи шеърҳои ҳаҷвӣ ва бачагонааш  бо унвонҳои «Воҳима», «Гулбоғ», «Пайки меҳр», «Моҷаро», «Маҷлиси парандагон», «Қассос» ва «Ҳиссаҳо аз қиссаҳо» аз чоп баромадаанд.

Соли 1998 хизматҳои шоёни адвокати шинохта Мирзо Асозода  бо унвони фахрии Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. аз соли 1964 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Ба синни 75 расида бошад ҳам, ҳанӯз зиндадилу маҳфилорост.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»