«Уфуқҳои истиқлол»

№24 (3974) 02.03.2019

Бардошт аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 дар матбааи «Ганҷ — Нашриёт»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст

УФУҚ

Китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишвар дар чаҳор­як асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ ва фардои дурахшон бахшида шуда, аз сарсухан, 5 боб, 21 фасл ва охирсухан иборат аст. 

Дар сарсухани он омадааст, ки агар таърихи Истиқлолияти давлатӣ чаҳоряк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдорӣ ҳазорсолаҳост. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, мардум ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёкони арҷманд дар оғоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаи мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдорӣ маҳрум монд. Ин давраи тира, ки чанд қарн идома ёфт, асрҳои фоҷиаи миллӣ ва таназзули фарҳанги мардум ба ҳисоб меравад.

Ҳадафи аслиро муаллиф дар сарсухан чунин баён кардаанд: «Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи эҳёи истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид».

Дар боби аввал – «Истиқлолияти давлатӣ – марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» қайд шудааст, ки «Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Инчунин, илова шудааст, ки бадхоҳони Истиқлолияти давлатӣ тавонистанд миёни мардум фитнаи бузург барпо намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯзанд. Дар натиҷа, бародар ба муқобили бародар сангар гирифта, мардуми кишвар овораю пароканда ва гуреза шуданд. Ин буд, ки баробари ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарии давлат фаъолиятро маҳз аз қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ва «Дар бораи гурезаҳо» шурӯъ намудем, зеро дар назди халқи бузурги Тоҷикистон савганд ёд карда будем, ки агар лозим шавад, ба ивази ҷон сулҳу оромиро дар кишвар барқарор месозем. Дар тамоми давраи фаъолият талош намудем, ки ба ҳамин савганд содиқ монем.

Дар ҳақиқат ҳам, Президенти кишвар ба савганд содиқ монданд ва талоши зиёд намуданд, то мардум орому осуда дар Ватан зиндагонӣ намоянд. Садҳо мардуми гуреза ба манзил баргардонида шуданд, ки ин аз ғамхориҳои Президенти кишвар шаҳодат медиҳад. Зеро олимони дунё исбот намуданд, ки ягон Президенти ҷаҳон барои баргардонидани муҳоҷирон мисли Эмомалӣ Раҳмон талош ва ғамхорӣ нанамудааст.

Муаллиф таърихнигорона менависанд: «Дар замоне ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басо мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд.

Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳимояти устувори мардуми шарифи кишварамон ба мо муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддаси таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем».

Аз рӯзе, ки Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, ҳамчун давлати дунявӣ, демократӣ ва ягона эътироф карда шуд, ки ин гуфтаҳо дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6.11.1994) сабт шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуня­вӣ ва ягона мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Дар боби мазкур сухан дар бораи давлатдории дунявӣ рафта, муаллиф дар ин ҷо чанд нуктаи махсусро таъкид намудааст:

1. Дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ аз зери идеологияи мутлақгаро озод шуда будем, доираҳои муайяни хориҷӣ бесуботии сиёсию идеологии ҷомеаро пайти муносиб дониста, мехостанд ҷомеаи моро ба зери идеологияи дигар дароварда, сохти дилхоҳи давлатии худро дар Тоҷикистон бунёд созанд. Аз ин рӯ, интихоби тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон дар он рӯзҳои тақдирсоз мушкил буд.

2. Бартарии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва ихтилофи идеологиро ба вуҷуд намеоварад.

3. Баъзе неруҳои сиёсӣ талош намуданд, ки сохти дунявии давлатдориро ҳамчун давлати динситез маънидод карда, ба ин восита мардуми мусулмони Тоҷикистонро ба муқобили давлат қарор диҳанд, ки он мавқеи сирф сиёсии онҳо буд.

4. Дар баъзе доираҳои ҷомеа баҳсҳои идеологӣ ва дохилидинӣ то ҳол идома меёбанд. Албатта, мунозираҳои илмӣ то ҷое мусбат аст, вале он аз доираи баҳси солими илмию ақидаҳои ҷомеасозӣ берун рафта, моҳияти харобиовар мегирад.

Инчунин, муаллиф ҳар як фарзанди бонангу номуси кишварро дар роҳи ҳифзи суботи оромиши ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум даъват намудаанд, то ки родмардони Ватан масъул ва ҷавобгар бошанд.

Хулоса, дар боби аввал сухан пурра дар бораи чӣ тавр аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ раҳо шудан ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ меравад.

Боби дуюм «Рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» унвон гирифта, аз нуҳ фасл иборат аст. Дар он таърихи биступанҷсолаи кишвар, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, аҳолиро аз хатари гуруснагӣ раҳоӣ бахшидан ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Фасли якум «Соҳибистиқлолӣ — заминаи асосии ташаккул ва рушди иқтисоди миллӣ» номгузорӣ шудааст. Дар он мақсади асосӣ он аст, ки бо дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода рушди иқтисодии кишвар пайваста таъмин гардад. Тезутунд гардидани вазъияти солҳои 1991-1996 ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, сатҳи камбизоатӣ афзуд ва истеҳсолоти корхонаҳои маҳаллӣ коҳиш ёфтанд, ки муаллиф чунин илова мекунад: «Пастравии иқтисодиёт ва тезутунд гардидани вазъият дар давоми солҳои 1991-1996 бештар мушоҳида шуда, миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягон мамлакат ба чунин мушкилоти сахти иқтисодӣ дучор нагардида буд».

Бо мақсади паст кардани сатҳи камбизотӣ як қатор барнома ва дурнамо қабул гардиданд, аз ҷумла, «Барноми комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» (с. 2000), «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2015» ва ду стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012. Инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030», ки амалӣ гардида истодааст.

Дар фасли дуюм, ки «Афзалиятҳои стратегии Тоҷикис­тон» унвон гирифтааст, бобати барқароршавии тавлиди неруи барқ, бунёди шоҳроҳҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо, нақбҳои Шар-шар, Чормағзак маълумот дода шудааст. Ҳамчунин, барои расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятро сафарбар намуд, то манзили зисти мардум, муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ таъмин гарданд.

Ҳадафи зикршуда бо ташаббуси СММ таҳти унвони «Неруи устувор барои ҳама» ба роҳ монда шуд, ки хеле созгор ва мувофиқ омад. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», зиёда аз 270 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, зеристгоҳҳои бузурги барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Норак» ва агрегати якуми «Роғун» моҳи ноябри соли 2018 ба истифода дода шуданд. Умуман, тавре муаллиф қайд мекунанд, «Дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд».

Фасли сеюми боб «Амалисозии сиёсати мус­тақили иқтисодӣ дар соҳаи буҷет ва андоз» унвон гирифта, ба зерфаслҳои «сиёсати пулию қарзӣ» ва «сиёсати сармоягузорӣ» тақсим мешавад. Дар он оид ба буҷети давлатӣ ва татбиқи сиёсати дурусти буҷету андоз ва таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиёт сухан меравад. Муаллиф дақиқ буҷету андози то соли 2016-ро нисбат ба соли 1991 муқоиса менамоянд: «Дар марҳалаи аввали давраи Истиқлолияти давлатӣ рушди босуботи иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати дурусти буҷету андоз, даромади буҷети давлатӣ сол то сол афзоиш ёфта, аз 6,1 миллион сомонии соли 1991 то ба 17,5 млрд. сомонӣ дар соли 2016 баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 беш аз 2866 баробар зиёд мебошад». Ҳамчунин, илова мекунанд: «Бояд гуфт, ки мақсади асосии сиёсати сарфи буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин, тадриҷан зиёд кардани андозаи маошу нафақаи аҳолии мамлакат ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад».

Фасли чоруми боб «Рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар» унвон гирифта, дар он ҷиҳати ҳамкориҳои созандаву муассир бо кишварҳои ҷаҳон ва дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушода» сухан меравад.

Фасли панҷум «Такмили низоми идораи рушди иқтисод» ном гирифта, оид ба идоракунии давлатӣ дар соҳаи вазорату идораҳои давлатӣ ва корхонаҳои тараққиёбандаи хусусӣ маълумот медиҳад.

Фасли шашум «Рушди бахши хусусӣ» унвон гирифта, дар он маълумот оид ба ташкили муҳити бозорӣ ба хусусигардонии моликият, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дода шудааст. Ин фасл фаъолияти соҳибкорони солҳои 1991-2015-ро дар бар мегирад, ки он давра як қатор иншооти хурду миёна ва корхонаҳои хусусӣ бунёд шуд.

Фасли ҳафтум «Авлавияти рушди соҳаи саноатӣ» унвон гирифтааст. Дар он оид ба рушди соҳаи саноат, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳимтарини даромади буҷети давлатӣ сухан меравад, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳа бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ рушд намуда, садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуда, аҳолии мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Фасли ҳаштуми боб «Рушди соҳаи сайёҳӣ» унвон гирифтааст. Муаллиф қайд мекунанд, ки: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои назаррас барои рушди навъҳои гуногуни саёҳат, аз ҷумла, табобати санаторию истироҳатӣ, кӯҳнавардию варзиши кӯҳӣ, саёҳати таърихию омӯзишӣ ва этнографӣ (мардумшиносӣ), заврақронӣ дар рӯдҳои кӯҳӣ, шикор, сайёҳии хориҷӣ ва ғ. мавҷуданд». Инчунин, илова мекунанд, ки: «Бахши сайёҳӣ имконияти хуби амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун минтақаи кӯҳсор ба ҳисоб рафта, ҳар як ҷойи он обҳои мусаффо ва табиати хушбоду ҳаво дорад. Пешвои миллат ҳамаи инро ба назар гирифта, соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар баробари ин, чанд минтақаи кишвар ҳамчун минтақаи сайёҳӣ эътироф шудааст. Аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, Қалъаи Ҳисор, Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва ғайра.

Фасли нуҳум «Пешбурди сиёсати минтақавии кишвар» унвон гирифта, дар он ба боз ҳам беҳтар намудани шароити фаъолият ва зиндагии арзанда муҳайё намудан барои шаҳрвандони кишвар сухан меравад, ки ҳар як фарди бонангу номус ва заҳматкаш барои пешрафт бояд саҳмгузор бошад.

Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки кишвар рӯз то рӯз ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардида, садҳо боғча, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, мағозаҳо, коргоҳҳои қаннодӣ ва дӯзандагӣ бо техникаи ҳозиразамон ва замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Муаллиф дар анҷоми фасли нуҳуми боби зикршуда таъкид менамоянд, ки: «Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар бидуни ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, эҳсоси баланди ватандорӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, бе заҳмати софдилонаи ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ғайриимкон аст».

Боби сеюми «Уфуқҳои Истиқлол» «Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он» унвон гирифта, аз чор фасл иборат аст. Дар ин боб риштаи масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардад ва нас­леро ба камол расонад, ки аз ҷиҳати худшиносиву ватандӯстӣ ва зиракиву ҳушёрӣ худро аз мушкилоти ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд. Муаллиф бар ин ақидаанд, ки: «Халқи моро зарур аст, ки дар рафти чунин муборизаҳои шадиди ғоявию идеологӣ, ки дар фазои иттилоотӣ ҷараён мегиранд, минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи бозиҳои геополитикӣ ва хоҷагони пасипардагии кишварҳои бегона нашаванд, ба қадри Истиқлолият ва озодӣ расанд, комёбиҳои бадастомадаро ҳифз карда, барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ камари ҳиммат банданд ва ҷасуронаю дилпурона ҷомеаи сифатан навро бунёд намоянд».

Фасли аввали боб — «Дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ» бобати таъмир ва барқарор намудани муассисаҳои илмӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти нави замонавӣ нақл мекунад. Аз ҷумла, нигошта шудааст, ки: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруҳои ақлонии мамлакат, махсусан, ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби маориф, маърифати баланд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳалли масоили муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медод». Дар идома Пешвои миллат дар бораи рушди босуботи илм ва маориф, ба роҳ мондани технологияҳои муосир ва фаъолияти илмӣ, фароҳам овардани шароит барои кадрҳои илмӣ, ки ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд, маълумоти муфассал медиҳанд.

Дар фасли дуюми боб — «Рушди соҳаи маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» муаллиф ба масъалаҳои маориф ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки аввалин санади танзимкунандаи соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27-уми декабри соли 1993 қабул гардид.

Ҳукумати кишвар низ дар баробари ҳалли масъ­а­лаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои рушду азнав­созии маорифу мактаб кӯшиши зиёд ба харҷ дод ва дар самти беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ то андозае муваффақ шуд. Барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, мактабҳои сӯхтаву вайроншударо аз нав барқарор ва барои ба таълиму таҳсил ҷалб намудани омӯзгорону хонандагон, хусусан, духтарон, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардид.

Муаллиф дар идомаи фасл оид ба қабули қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии солҳои 2000-2016 дар бораи соҳаи маориф маълумот дода, таъкид мекунанд, ки қабули онҳо асосан, ба навсозии соҳаи маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба маориф, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани рафъи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ равона гардиданд.

Фасли сеюм «Миллати солим сарвати давлат аст» унвон гирифта, дар он оид ба вазъи соҳаи тандурустии кишвар ва фароҳам овардани тарзи ҳаёти солими ҳар як сокини мамлакат, ки яке аз вазифаҳои умдаи иҷтимоии давлат аст, сухан меравад.

Муаллиф бобати ин масъала менависанд: «Дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ баҳри тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки «Консепсияи истилоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2010-2020» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Фасли чорум «Муҳоҷират ва танзими он» ном дорад, ки дар он бо сабаби душвориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин набудани аҳолӣ, рӯ овардани аҳолӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ёдоварӣ шуда, муаллиф таъкид менамоянд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳаллу фасли саривақтии масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандони ҷумҳурӣ чораҳои судмандро рӯи кор овард.

Боби чаҳорум «Уфуқҳои Истиқлол» «Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат» унвон гирифта, аз 8 фасл иборат аст.

Дар фасли якум – «Фарҳанги миллӣ – асоси давлатсозӣ» оид ба арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёт, эҳёи осори фарҳанги ниёкон, таҳкими санъати миллӣ ва дигар масъалаҳо сухан меравад. Зеро ҳар як давлатро бо фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва забони давлатии он мешиносанд, чунки онҳо муаррификунандаи миллату давлат ба ҳисоб мераванд.

Дар фасли дуюм – «Забони давлатӣ» оид ба рушди забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои дигар дар заминаи забони давлатӣ сухан меравад. Муаллиф қайд мекунанд, ки: «Забон аслан ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, ҳамеша аз он пуштибонӣ намуда, барои покизагии он талош меварзем».

Фасли сеюми боби чаҳоруми китоб «Идораи давлатӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» унвон гирифтааст. Дар он оид ба таъсиси ҷомеаи идорашаванда, муайян намудани сиёсати кадрӣ, тарбияи кадрҳои боистеъдод ва дигар масъалаҳои вобаста сухан меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа тамоми шароитро фароҳам овардааст, то ки онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстӣ тарбия ёфта, барои аз бар кардани илму касбомӯзӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир кӯшиш намоянд.

Фасли шашуми боб «Озодии виҷдон ва танзими оқилонаи анъанаҳои миллӣ» унвон гирифта, зарурати аз нигоҳи илмӣ омӯхтани масъалаҳои марбут ба ислом, муносибати давлат ба дин ва тағйироте, ки дар чоряк асри даврони Истиқлолияти давлатӣ дар фазои динии кишвар рух додаанд, тавзеҳ медиҳад. Ин масъалаҳо зарурат пеш овард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12.07.2007) қабул карда шавад ва ин дар ҳаёти халқи тоҷик таҳаввулоти ҷиддиро ба миён овард, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пеши роҳи исрофкориро гирифтан мебошад.

Дар фасли ҳафтуми боб, ки «Озодии баён ва рушди воситаҳои ахбори омма» номгузорӣ шудааст, аз кору фаъолияти ВАО, ки Сарвари давлат матбуотро яке аз рукнҳои асосӣ, муҳим ва пешбарандаи ҷомеа ҳисобидаанд, сухан меравад. Зеро ВАО фаъолияти ҳаррӯзаро бо таҳлилу масъалагузорӣ дар ҳама самти ҳаёти ҷомеа ба роҳ мондааст.

Фасли ҳаштуми боб «Таъмини амнияти миллӣ мақсади асосии давлат ва миллат» унвон гирифтааст. Дар он маълумоти муфассал дар бораи таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дода шудааст, ки яке аз рукнҳои асосии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи фасл Пешвои миллат менигоранд, ки: «Амнияту оромии ҳар халқу давлат аз сатҳи муҳофизати марзу бумаш вобаста мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонидааст. Ин масъала дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта буд. Нахустин санаде, ки барои таъсиси сохтори марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардид, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992 ба ҳисоб меравад».

Боби панҷуми китоб – «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: Мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» ном гирифта, дар он сиёсати хориҷӣ, муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар паҳлуҳои муҳими давлатдорӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст.

Албатта, шиносонидани як давлати кӯчаки ҷанг­зада дар арсаи ҷаҳонӣ кори осон набуда, заҳмату кӯшишҳои беохирро талаб мекунад.

Пешвои миллат дар идомаи таҳқиқот менависанд: «Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол, мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд». Ҳамчунин, муаллиф дар бораи паси сар намудани мушкилиҳо ва ниҳоят, ба мақсади нек расидан низ чунин маълумот додааст: «Мо дар 25 соли Истиқлолияти давлатии худ тавонистем бо барқарор намудани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонем. Дар ин марҳалаи на чандон тӯлонии таърихи муосири хеш мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори худро боло бурдем, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшидем ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон равобити хубу манфиатоварро ба роҳ мондаем».

Хулоса, Истиқлолияти давлатӣ дастоварди беназир барои мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Бо шарофати он мардуми заҳматкашу сарбаланди кишвар орому осуда ва соҳиби неъматҳои фаровон гаштанд. Дар «Уфуқҳои Истиқлол» дастовардҳои бузурги 25 соли Истиқлолият ва зина ба зина ба онҳо ноил гардидан қайд шуда, хонанда пас аз мутолиа намудан бештар огоҳӣ пайдо намуда,  ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва ҳувияти миллӣ дар замираш тақвият меёбад.

Шаҳноза БУРИЕВА,

сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспиранти соли сеюми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо