Дар таърихи матбуоти даврии тоҷик «Бухорои шариф» ба сифати аввалин нашрияи тоҷикӣ, «Шуълаи инқилоб» нахустин нашрияи ҳизбӣ ба забони тоҷикӣ дар Туркистон, «Овози тоҷик» якумин рӯзнома барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон ва «Ҷумҳурият» аввалин нашрияи расмии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Ба тариқи расмӣ поягузори матбуоти шуравии Тоҷикистон нашрияи «Ҷумҳурият» мебошад.
Ин нукта зимни баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият»: сад соли бедории фикрии миллат», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, зикр гашт.
Пажӯҳишгарони таърихи матбуоти тоҷик, устодони риштаи рӯзноманигорӣ, унвонҷӯёну адибон зимни баррасии мавзуъ «Ҷумҳурият»-ро тарғибгари худшиносӣ ва бедории миллӣ, мактаби тарбияи журналистони ҷавон арзёбӣ намуданд.
Директори китобхона Ҷумахон Файзализода ҳастии рӯзномаро ба сарнавишти мардум, тафаккури ҷомеа, фарҳангу маънавиёти сокинони кишвар тавъам арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки «Ҷумҳурият» аз ибтидои нашр рисолати маорифпарварӣ ва рушди тафаккури миллӣ дошт ва онро дар ҳама давру замон шоиста иҷро намудааст.
Профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ иброз дошт, ки рӯзнома тӯли 100 соли нашри худ ба тарғибу ташвиқи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар, инъикоси муҳимтарин ҳаводиси рӯз, таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами давру замон, тасвири чеҳраҳои кору пайкор ва амсоли ин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ин васила, дар иттилоотонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардум, бедории ҳисси миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ нақши бориз гузоштаву мегузорад. «Тавассути муҳтавои ин нашрия мардум сари вақт аз фармону амрҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумат ва моҳияти қонунҳои қабулкардаи парлумони кишвар огаҳӣ пайдо кардаанду мекунанд. Ҳамчунин, ин нашрия минбари муҳим ва имконпазири ироаи марому мақсади Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, дарки моҳият ва татбиқи он маҳсуб меёбад», — афзуд ӯ.
Муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода «Солномаи рӯзгори Тоҷикистон» («Иди тоҷик» — «Ҷумҳурият»)-ро дар шакли электронӣ рӯнамоӣ кард. Иттилоъ дод, ки нашрия тӯли фаъолияти худ бо номҳои «Иди тоҷик» (1925), «Бедории тоҷик» (1925-1928), «Тоҷикистони сурх» (1929-1954), «Тоҷикистони советӣ» (1955-1990), «Тоҷикистони шуравӣ» (1991) интишор гардида, аз 19-уми сентябри соли 1991 бо номи «Ҷумҳурият» чоп мешавад. Аз 14-уми марти соли 2000 бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Наргис Усмонова, мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, изҳор намуд, ки «Ҷумҳурият» имрӯз на танҳо дар шакли чопӣ, балки дар шакли электронӣ — сомонаи расмии худ фаъол буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хонандагони зиёд дорад. Фаъол гардидани ютубканали рӯзнома аз ҳамқадами замон ва ҷомеа гардидани он дарак медиҳад.
Коршиносон нақши рӯзномаро дар инъикоси раванди сулҳоварӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ ва гиромидошти ин санаи муҳими таърихӣ муҳим шумурданд. Таъкид шуд, ки имрӯз низ мундариҷаи нашрия гуногуну фарох буда, масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва умуман, аксари ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ ва берун аз онро фаро мегирад.
Ф. ФАРЗОНА,
«Садои мардум»