Умр дигар хоҳад шуд

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

Шоир Лутфишоҳи Додо аз аввалин шоирони тоҷик буд, ки баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васфи соҳибистиқлолӣ ғазали зеринро гуфтааст:

Парчами мо чу шеди сари фалак боло шуд,

Зиндагӣ дар нигаҳи пиру ҷавон воло шуд.

Сухан аз ваҳдати гумгашта ба гӯшам омад,

Боғи умри ҳама ғарқи сумани зебо шуд.

Теғи ӯ хост кунад мағзи диламро маҷрӯҳ,

Дасти Ҳақ омаду он теғ ба зери по шуд.

Аҳриман аз сари ман рафт, Худо кӯраш кун!-

Ҳурмузи фозили ман чун падарам бо мо шуд.

Ҳар кӣ афтид ба Баҳманмаҳи торик ба чоҳ,

Зулмат аз синаи чаҳ рафту дилаш бино шуд.

Тифлаки мардаки деҳқони ба хок олуда,

Бишуд аз пахта буруну ба хирад Сино шуд.

Мурғи номус зи нав лона ниҳад дар дили мо,

Каҷии пушти фалак лӯхтаки нозебо шуд.

Коғазникоҳ шикаст аз сухани пири хирад,

Қомати пир асо гашту худаш барно шуд.

Мулки мому падарам ёфт зи нав тоҷварӣ,

Чу ҳубобе зи раҳи рафтаи ӯ аъдо шуд.

Пули бишкастаи дилро набудӣ ҳадду ҳисоб,

Меҳр пайвасту дили мардуми  мо воло шуд.

Ҳукми таърих будӣ ё қуввати панҷаи даст,

«Раҳбалад» дар сари ҷар хастаю нобино шуд.

Тифлакам сафдари бедорию исён гардид,

Дар хаёли Ватани хешу раҳи фардо шуд.

Теша бар решаи кори дили мо чун бирасид,

Паҳлуи сахра бияфтид, чӣ вовайло шуд.

Ҷилваи умр аз ин баъд дигар хоҳад шуд,

Ки паси пардаи фӯлод шаби ялдо шуд.

Лутфишоҳи Додо,

рӯзномаи «Тоҷикистони шӯравӣ» («Ҷумҳурият),

№176 аз 10 сентябри соли 1991