Он чӣ ба рӯҳ оромиш мебахшад, ҳамоно илм аст. Вақте ки ба ин сухани Сидҳҳарта Гаутама меандешам, пеши назарам симои Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои иқтисодии Аврупо ва Осиё, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Дӯстмурод Ӯроқов меояд. Туфайли заҳмати зиёди илмӣ, эҷодӣ ва одамияти баланд меҳри муаллим ба дилҳо ҷой гирифт. Ин буд, ки даргузашти ӯ на танҳо дили аҳли хонаводаю дӯстонаш, балки аҳли илм, садҳо шогирду онҳоеро, ки ӯро бевосита ва ё ғоибона мешинохтанд, андуҳгин сохт.
Зимни фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ Дӯстмурод Ӯроқов мактаби хоси илмиро созмон дод. Дар соҳаҳои муҳосибот, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ мактаби ӯ дар қаламрави пасошӯравӣ хеле бонуфуз буда, ҳоло низ шогирдонаш кори устодашонро идома медиҳанд. Ӯ рисолаи номзадиро соли 1969 дар аспирантураи Академияи молияи Москва ва рисолаи докториро соли 1989 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дифоъ кард. Қаҳрамони матлаб аввалин олимест, ки рисолаи докториро дар ин соҳаи нисбатан мушкили илм дар Осиёи Миёна дифоъ намуд. Донишмандони варзидаи рус, профессорон А. Шеремет ва А. Аксёненко роҳбарони корҳои илмиаш буданд. Тавсияҳои олим роҷеъ ба назарияи баҳисобгирии идоракунӣ аз рӯйи фаъолият, аз ҷониби бисёр муҳаққиқон эътироф шуда, баҳои баланд гирифт ва дар истеҳсолот ҷорӣ гардид. Натиҷаи пажӯҳиши илмии Дӯстмурод Ӯроқов оид ба ташкили баҳисобгирии хароҷоти истеҳсолӣ дар низоми идоракунии субъектҳои хоҷагидорӣ аз рӯйи фаъолият, дар бузургтарин корхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, ширкати «АвтоВАЗ», заводи дастгоҳбарории «Красный пролетарий» (Москва), «Тоҷиктекстилмаш» (Душанбе), якчанд корхонаи саноати сабуки Тоҷикистон, ҷорӣ шуданд. Аввалин рисолаи илмии Д. Ӯроқов дар бораи баҳисобгирии идоракунӣ бо теъдоди 50 ҳазор нусха дар нашриёти «Финансы и статистика»-и шаҳри Москва аз чоп баромад.
Аз таҷрибаҳои илмии Д. Ӯроқов ва мактаби илмии вай ҳамкасбон ва махсусан ҷавонони илмҷӯ фаровон истифода мекунанд. Беш аз 20 нафар зери роҳбарии ӯ рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар китобхонаи вай дастхату нусхаҳои рисолаҳои илмии шогирдонаш маҳфуз аст, ки холисона ва дилсӯзона таҳриру такмил шудаанд. Зимни фаъолият дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сарвари кафедраю факултет будан устодони ин даргоҳи илму дониш таҳти роҳбарии вай дар коркарди стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) фаъолона иштирок карданд ва қисми зиёдашон соҳиби сертификат шуданд.
Дӯстмурод Ӯроқов аз соли 2000-ум раиси Ассотсиатсияи муҳосибон ва аудиторони ҷумҳурӣ буд ва бо ташаббуси вай солҳои 2000-2008 гранти ширкати «Прагма» барои ташкили омӯзиш ва ҷорӣ кардани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд.
Аз ӯ зиёда аз 200 китоби илмӣ — тадқиқотӣ, илмию методӣ, таълимӣ ва асарҳои бадеӣ мерос мондааст. Дар баробари фаъолияти пурмаҳсули илмӣ, ҳамчунин, бо тахаллуси «Самимӣ» дар жанрҳои гуногуни адабӣ асарҳо эҷод кардааст. «Қиссаҳои марғуби зиндагӣ» (2007), «Мерган» (2007), «Овора» (2009), «Шоҳин ва Моҳин» (2010), «Меҳрона» (2011), «Тӯшаи дил» (2012), «Муҳофиз» (2014) номгӯи нопурраи роману қисса ва маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои вай мебошанд.
Дигар мероси арзандаи Дӯстмурод Ӯроқов фарзандони шоистаю бомаърифати ӯянд. Онҳо панҷ нафаранд ва дар натиҷаи тарбияи падару модари равшанфикру бофарҳанг ҳоло дар ҷомеа мавқеашонро пайдо кардаанд. Фарзанди калонии хонадон Кибриё аз паи падар рафта, номзади илми иқтисодӣ мебошад. Сурайё вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бахтиёр соҳибкор, Абӯбакр сохтмончӣ ва Мадина омӯзгор ҳастанд. Онҳо самимона бо меҳрубонию лутфи ҷолиб дар бораи қиблагоҳашон ҳарф заданд.
- Падари мо дӯстдори китоб буд. Бар иловаи корҳои илмию эҷодӣ, пайваста асарҳои гуногуни адибони оламро мутолиа мекард. Бахусус, ба мероси донишмандони бузурги форсу тоҷик майл ва таваҷҷуҳи хоса дошту аз бисёр илмҳо бохабар буд. Вақте ки хурд будем, дар зодрӯзамон барои мо шеъру афсона навишта, туҳфа мекард. Ҳамин тавр, беҳтарин туҳфаи падарамон китобу насиҳатҳои ӯст, — иброз намуд Кибриё Ӯроқова.
Аз ин донишманди пурмаҳсул китоби зиёд ба мерос мондааст, ки аз онҳо на танҳо наздиконаш, балки дигар маърифатдӯстон метавонанд истифода баранд. Дар як кунҷи китобхонаашон бастаи зиёди китобҳо мавҷуд буда, дар ҳар яки он «Туҳфа» навишта шудааст.
- Ин китобҳо «Осори мунтахаб» -и падарамон аст, ки дар шаш ҷилд ба нашр расидааст ва мехост онҳоро ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳадя намояд, вале… Мо, албатта, ин корро анҷом хоҳем дод, — гуфт Сурайё Ӯроқова.
Ҳамчунин, Д. Ӯроқов орзу дошт, ки дар зодгоҳаш — деҳаи Хоҷачилдиёри шаҳри Ҳисор китобхона бунёд намояд. Алҳол сохтмони он ба анҷом расидааст ва фарзандон баҳри анҷоми кори хайр низ камари ҳиммат бастаанд.
Дӯстмурод Ӯроқов барои саҳми шоиста дар рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисон бо нишони «Аълочии мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ» (1985), унвони «Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998) сарфароз гардидааст. Узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1995), академики Академияи илмҳои иқтисодии АвруОсиё (2003) ва узви Иттифоқи журналистон (2011) буд.
Нигоштаро бо рубоии қаҳрамони мақола анҷом мебахшам, ки аз маҷмӯаи ашъори «Тӯшаи дил» пайдо кардам:
Аз луқмаи нопок ту бинмой ҳазар,
Ин луқма туро барад ба гирдоби хатар.
Бар луқмаи пок хештанро омӯз,
То зиндагиат шавад пур аз файзу самар.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»