«Ҳунар омӯз…»

№76 (4659) 12.06.2023

DSC_3481Чоруми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» доир гардид.

Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва намояндагон аз корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Озмун барои иҷрои банди 30- юми «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва Нақша — чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят­ҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд.

Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳунармандон ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳадафи озмун рушди ҳунармандӣ, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мероси аҷдодон, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ, заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, нақшадӯзӣ, попурӣ ва намадмолию қолинбофӣ доир шуд.

Даври якуми он дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар маркази ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор шуда, 278 ҳунарманд ширкат намуданд.

Ба даври ниҳоии озмун 96 ҳунарманд роҳхат гирифтанд. Аъзои ҳакамон дар номинатсияи «Кандакорӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ» ҷойи аввалро ба Ҳамидулло Мадиев аз но­ҳияи Ҷаббор Расулов, ҷойи дуюмро ба Наҷмиддин Шокиров аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷойи сеюм­ро ба ҳунарманд Мавлуда Асоева аз шаҳри Ваҳдат сазовор донистанд.

Дар номинатсияи «Гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ» мақомҳои ифтихорӣ мутаносибан насиби Бахтиёр Ҳасанбеков аз шаҳри Хоруғ, Ҷаҳонбек Нарзуллоев аз ноҳияи Ёвон ва Раҳмат Каримов аз ноҳияи Деваштич шуд.

Дар номинатсияи «Ороиш дар санг» ҷойи аввал ба Мақсуд Шарифов аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд. Мақоми дуюм ба Маҳмуд Бобоев аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм ба Ғолиб Усмонов аз шаҳри Хуҷанд муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи «Читгарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, попурӣ» Миралӣ Саидов аз шаҳри Истаравшан, С. Шермамадова аз шаҳри Хоруғ ва Гулбону Наврӯзова аз шаҳри Турсунзода ғолиб шуданд.

Ҳамчунин, ғолибон дар номинатсияҳои «Кулолгарӣ», «Намадмолӣ ва қолинбофӣ» ва «Заргарӣ, мисгарию оҳангарӣ» муайян шуданд.

Ғолибони озмун бо «Сипоснома» ва дипломҳои дараҷаҳои I, II ва III -и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Ба ғолибони ҷои якум, ҳамчунин, ҷоизаи «Ҳунарманди сол» сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба шарофати ин иқдом марҳилаи сифатан нав шурӯъ шуд, зеро баъзе ҳунарҳои аҷдодӣ қариб, ки ба нестӣ расида, маҳсули ҳунармандони мо танҳо дар осорхонаҳо, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ба чашм мерасиданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ