Аз рӯзе ки худро мешинохтам, номи Хуршед Алидодов ва суруду таронаҳои дилангезаш вирди забони мардум буданд ва ҳастанд. То ҳанӯз тариқи радио ё фитаҳои алоҳида сурудҳои «Боз оҳанги тор меояд» (ғазали П. Сулаймонӣ), «Ба қонуни ҳақиқат месароям» (шеъри М. Миршакар), «Гулдухтари фархории ман» (бо ҳамовозии А. Абдулбекова), «Чодари гулнор ба сар мекунам» (шеър ва оҳанги халқӣ), «Ҳар чӣ дар бозори Кобул шуд муяссар мехарам» (шеър ва оҳанги афғонӣ), «Рафтем аз ин боғ» (бо ҳамовозии Н. Раҳматова), «Қолинҳо сурху сафед» (шеър ва оҳанги афғонӣ), «Эй Ватан, мо хоки туро нури чашмон мекунем», «Бар чашмаи Носир биё», «Ай бо пистаи майгуне…» ва ғайраро шунавам, хумори он солҳо мегирад.
Хуршед солҳои панҷоҳуми асри гузашта вориди саҳнаи санъати Тоҷикистон шуд ва дар як муддати кӯтоҳ бо ҳунари баланди сарояндагӣ машҳур гардид. Чанд вақт дар ҳайати ансамбли тарона ва рақси «Помир», зери роҳбарии Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев, кор карда, маҳораташро такмилу сайқал дод. Сипас, солҳои зиёд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият дошт. Он солҳо дар филармония якчанд гурӯҳи консертӣ ташкил шуда буд, ки бо роҳбарии ҳофизони шинохта ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари ҳунарӣ мебаромаданд. Хуршед Алидодовро чун роҳбари гурӯҳи санъаткорон гоҳ дар Бадахшон гӯш мекарданду гоҳ дар Кӯлобу Зарафшон. Сурудҳои Хуршед сарҳад надоштанд. Дар минтақаҳои Тоҷикистон мардум муштоқи овози форами ӯ буданд ва дар ҳар сафари ҳунарӣ гарм истиқбол мегирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки рубоби бадахшониро маҳз Хуршед Алидодов ба Тоҷикистон овард ва онро бо асбобҳои миллии тоҷикӣ ҷӯр кард. Ҳоло пайравони ӯ дар Тоҷикистон хеле зиёданд ва овози форами ин созро дар оркестри асбобҳои халқӣ, дастаи навозандагони театрҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ зиёд мешунавем.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта санъаткорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон зери роҳбарии ин ҳофизи хушсадо ба навоҳии ВМКБ, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон, сафари ҳунарӣ доштанд. Чанд рӯз пеш аз консерт маъмури филармония лавҳаву сурати ҳофизонро дар назди мағоза ва клуби деҳаи Баррӯшон насб кард, аз ҷумла сурати Хуршед Алидодовро.
Азбаски мухлиси Хуршед будам, бегоҳӣ сураташро аз девори мағоза канда гирифтам. Бачаҳои шӯху кунҷкови деҳа сурати Хуршед Алидодовро дар даҳлезамон дида, ба роҳбарияти мактаб хабар доданд. Муаллимонамон маро бо шариконам дар консерти оншаба диданд, вале ҷойи гап набуд. Рӯзи дигар директори мактаб Давлатбек Фатуров (рӯҳаш шод бод) — инсони наҷиб ва педагоги асил маро дар ҷамъомади пагоҳирӯзии мактаб аз саф се қадам пеш баровард ва дасташро ба китфам гузошта гуфт:
- Некқадамов хонандаи аълохон ва фаъол аст, вале дирӯз ду «гуноҳ» кардааст. Аввал ин ки сурат-плакати консерти Хуршед Алидодовро канда гирифтааст. Сонӣ, дар консертҳои шабона, ки ба талабаҳои синфҳои поёнӣ иҷозат нест, иштирок кардааст.
Мо ба Тилло чӣ «ҷазо» диҳем?
Ҳама хомӯш буданд. Роҳбари синфамон Г. Раҳмоншоев гуфт:
- Агар аз хусуси консерти Хуршед Алидодов дар рӯзномаи ноҳиявии «Овози дӯстӣ» хабар чоп кунад, мебахшем.
Баъди як ҳафта хабарам дар газетаи ноҳиявӣ чоп шуд.
Бо шарофати рабудани сурат – плакати Хуршед Алидодов маро бори аввалу охир дар линейка бароварданд, ки он солҳо барои хонандагон ҷазои сахт ҳисоб мешуд. Вале ман аз ин ғамгин набудам, чунки маро барои ба дарс ҳозир нашудан, бетартибӣ ва баҳои ғайриқаноатбахшам не, чӣ хеле ки дигаронро мекарданд, балки барои мухлиси ашадии сурудҳои Хуршед Алидодов буданам ва рабудани сурат-плакаташ «ҷазо» доданд. Акнун, ҳар гоҳе ки аз телевизион ё радио консерти Хуршедро пахш кунанд, он лаҳзаҳо ва директори мактаб Давлатбек Фатуров пеши назар меояд. Он вақт бо сари баланд мегуфтам, ки ман дар бораи Хуршед Алидодов на танҳо хабар, балки китоб хоҳам навишт, зеро ӯ ба даҳҳо китоб меарзад. Ӯ Хуршеди саҳнаи тоҷик аст. Хуршеде, ки нурҳояш ҳеҷ гоҳ хира ва коста нахоҳанд шуд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ