«Ман вақти зиёдеро дар сирк сарф кардам. Ҳамеша дилам барои дорбозон меларзид, вале ба ту бояд бигӯям, ки мардум дар рӯи замини устувор бештар аз он меафтанд, ки дорбозон аз ресмони ноустувор».
Чарли Чаплин
Муҳаққиқон муҳофизи воқеии таъриханд. Онҳо ҳодисаю рӯйдодҳои шоистаи таърихро таҳқиқ мекунанд ва дар китобҳо дарҷ месозанд.
Муаллифи китоби тозанашри «Андешаҳо перомуни сирки тоҷик» Ашур Раҷабов, ки худ ҳунарманди варзидаи соҳаи сирк аст, таърихи густариши ин риштаро таҳқиқ намудааст.
- Сирк — намоишест, ки қобилияти фавқулодаи инсон, зебоии ҷисмро таҷассум сохта, рамзи ҷасорату шуҷоат буда, бо забони маҳорат ифода меёбад. Доир ба истилоҳи «сирк» ҳаминро бояд гуфт, ки он вожаи лотинӣ буда, ба маънои давра, доира, ҳалқа далолат мекунад, ки дар бисёр забонҳои дунё қариб ҳамин хел садо медиҳад. Дар ҳама замон ҷои баргузории чорабиниҳои варзишӣ доирашакл буд, ки имконияти бештари тамошо пайдо мешавад ва ҳунарманд хубтар намоён мегардад. Аз ҳамин сабаб, бинои сирк дар тамоми кишварҳо доирашакл мебошад, ки аз ҳамин мафҳум маншаъ мегирад. Мо наметавонем мафҳуми сиркро бо тоҷикӣ ифода кунем, чуноне ки дар китоб сирк торбозӣ зикр шудааст. Агар сиркро торбозӣ ё булъаҷабӣ гӯем, тарҷума комил намеояд. Сирк танҳо торбозӣ ё ромкунӣ набуда, як ҷузъи ин жанри таҳайюрист ва он паҳлуҳои дигари варзишкорӣ – акробатика, иллюзия, найрангбозӣ, кордбозӣ ва ҳуққабозиро низ фаро мегирад, — навиштааст муаллиф.
Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ба муаллиф имкон додааст, то саҳифаи наверо ба рӯи ҳаводорони фарҳангу ҳунар кушояд. Китоб қадами нахустин дар бахши таҳқиқи риштаҳои маъруфи ҳунарҳои қадима – варзишкории тоҷикон офарида шуда, ишора ба решаҳои таърихию фарҳангии ҳунаре месозад, ки такмил ёфта, моҳияти умумибашарӣ касб кардааст. Мояи илми сиркшиносӣ ҷанбаи илмӣ дошта, бо дигар илмҳо – физиология, анатомия, геометрия, металшиносӣ ва мусиқӣ робитаи зич дорад. Масалан, агар ромкунанда аз илми физиология бархӯрдор набошад, ӯ сиришти табиӣ ва вазифаҳои кори узвҳои организми ҳайвоноту парандагонро омӯзиш карда наметавонад.
Муаллиф ошкор месозад, ки яке аз риштаҳои маъруфи варзишкории тоҷикон торбозӣ будааст, ки ҳадди ақал шашсад сол қабл дар олами ҳунар маълум гашта буд. Нишонаҳои сирк жарфтар аз ин дар сиккаҳои нуқрагини даврони Сосониён ва зарфҳои биринҷии аҳди Кӯшониён бозёфт шудаанд. Ин бозёфт шаҳодати амиқ будани решаҳои ин ҳунари моҳияти намоишӣ доштаро гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки тоҷикон дар навъҳои мухталифи ҳунарҳои сиркӣ ва ташаккули он саҳми арзишманде гузоштаанд.
Муаллиф барои офаридани ин асари пажӯҳишӣ ба асари таърихии «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки ҳунарҳои сиркӣ дар асараш хуб тасвир ёфтааст, истинод карда, андешаҳои худро асоснок баён кардааст. Номбурда бар он аст, ки ҳикоятҳои булъаҷаби «Бадоеъ-ул-вақоеъ» метавонад сарманшаи ҳар гуна парда (номера) дар сирк бошад. Ҳикояҳои «Маймуни шатранҷбоз», «Бобоҷамол ва бузи он», «Чамандар», «Сираи Бобоҷамол», «Ҳусейншаҳриёр дар манораи Гавҳаршодбегим», «Филбон» ҳикояҳое мебошанд, ки дар онҳо амалҳои сиркӣ равшан таҷассум ёфтаанд. Амале, ки Ҳусайншаҳриёр дар болои манораи Гавҳаршодбегим иҷро мекунад, 436 сол баъд – соли 1932 онро дар сирки тоҷик ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ Николай Аристархов ба анҷом мерасонад.
Амалҳои жанри сирк дар эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ низ равшан ба чашм мерасанд. Фақеҳи Кирмонӣ гурбаеро ром карда, ба ӯ ҳаракоти намозро ёд дода буд:
Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ, биист,
Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард.
Айни ҳол дар тамоми сиркҳои дунё ромкунии ҳайвонот як жанри сирк аст.
Дар ҷои дигар:
Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа боз кард,
Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.
Найрангбоз сари ҳуққаи (сандуқча) иллюзиониро кушода, бозикунон тухмро дар кулоҳ мешиканаду бо ҳила ба тамошобинон намоиш медиҳад. Ҳоло ҳам иллюзонистон тухмро дар кулоҳ шикаста, аз он чӯҷа ё тухмро ба тамошобин нишон медиҳанд. Ин амалро баъдан ҳунарманди сирки тоҷик Д. Тағоймурод айнан ба тамошобинон пешкаш мекард.
- Мутаассифона, дар илми муосири тоҷик таҳқиқоте роҷеъ ба сиркшиносӣ анҷом дода нашудааст. Ин барои ман, ки мутахассиси соҳаи сиркам, тааҷҷубовар аст. Аз ин рӯ, хостам дар ин бора таҳқиқоти шогирдонае анҷом диҳам, зеро чуноне ки мушоҳида мешавад, роҷеъ ба ин мавзуъ олимон ва мутахассисони дигар кишварҳо таҳқиқот анҷом додаанд, — мегӯяд муаллиф.
Муаллиф дар ин росто салоҳ дидааст, барои таҳқиқи ин ҳунар роҳи муваффақонаеро барои муҳаққиқони баъдӣ боз намояд. Ин асари пажӯҳишӣ далолат ба он мекунад, ки таҳқиқот дар илми сиркшиносии тоҷик интизори муҳаққиқони пуртаҷрибаю тозаэҷод аст, то омӯзиши таърихи пайдоиши ин ҳунари моҳияти байналмилалӣ пайдокарда дар канор намонад.
Вижагии дигари китоб дар он аст, ки чеҳраҳое, ки ба таърихи ташаккули сирки тоҷик иртибот доранд ва тамоми фаъолияти худро дар ин марзу бум сарфи ин пешаи ҳайратовар кардаанд, муаррифӣ гардидаанд. Агар муҳаққиқон ба ин ҷанба таваҷҷуҳ зоҳир накунанд, фаъолияти шахсони мавриди назар зери чанги таърих мемонад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»