Дар ҳама давру замон манзалату шуҳрату шони ин ё он миллатро аз бузургии фарҳангу санъат ва адабиёту тамаддунаш муайян мекунанд, ки ин муқаддасотро нобиғагони беҳамто — фарзандони фарзонааш — шоирон, нависандагон, олимон ва ҳунармандон меофаранд. Хушбахтона, халқи бузурги мо дар ҳама соҳа фарзандони фарзона дорад, ки барои баланд бардоштани ному нанги миллати шарафмандамон камари ҳиммат бастаанд. Яке аз онҳо Ҳошим Гадо мебошад.
Вай 60 сол аст, ки дар рушду нумӯи санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино саҳм гузошта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор эътироф гардидааст. Ин ҳунарманди маъруфи саҳнаи тоҷик баъди хатми Донишгоҳи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва (ГИТИС) фаъолияти кориро аз Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, чандин намоиш, аз ҷумла, асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахшу ояндадор буданашро собит сохтааст.
Устод Ҳошим Гадо дар яке аз суҳбатҳо аз устодони давраи донишҷӯиаш ёдовар шуда, гуфта буд: «Дар Донишгоҳи давлатии санъати театрии Москва устодон Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Нина Викторовна Чефранова, Михаил Петрович Чистяков дар сафи дигар фиристодагони Тоҷикистон маро низ хуш қабул намуданд, имтиҳон карданд ва панҷ соли таҳсил заҳмати тарбиятамро кашиданд. Онҳо, ҳамчунин, ба ман дарси одамияту накукорӣ, садоқату масъулият ва фидокорӣ омӯхтанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҳунарпешаҳои маъруфи Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, назири Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Туҳфа Фозилова, Миркарим Саидов, Адҳам Сулаймонов ва дигарон барои банда ҳаққи устодӣ доранд».
Аз ҷониби Ҳошим Гадо дар сатҳи баланди касбӣ офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш» — и Гогол, нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет» — и Шекспир, «Эдип» -и Софокл, нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат» -и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ» -и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа» -и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон» -и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек» ва дигар нақшҳои хотирмон собит намуданд, ки ӯ ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои театри тоҷик мебошад. Ёдрас мешавем, ки Ҳошим Гадо соли 1999 ба ифтихори 1100 — солагии Давлати Сомониён, ки ба ҷашни бузурги умумимиллӣ табдил ёфт, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорҳо тамошобин нақши Шоҳ Исмоили Сомониро бозид ва соли 2008 ба шарафи 1150 — солагии Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ спектакли Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ» — ро ба саҳна гузошт, ки сазовори баҳои баланди аҳли фарҳангу ҳунар гардид.
Воқеан, нақшҳои офаридаи устод ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо» — и шаҳри Москва ӯро машҳури ҷаҳон гардонданд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки ин ҳунарманди асил санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста ва шоиста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад. Дар ин бобат, мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳошим Гадоев ҳампоя бошанд».
Ба ҳунари ҳамсабақи даврони донишҷӯияш мунаққиди рус А. Фелдман баҳо дода, зикр намудааст: «Агар устоди мо Олга Ивановна Пижова зинда мебуд, бо шогирди муваффақаш Ҳошим Гадо ифтихор мекард, Ҳошиме, ки доимо китоби «Ҳамлет» дар бағал дар долонҳои донишгоҳ гашта, дар рушди театри шӯравӣ чӣ саҳме гузоштааст».
Адиби маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар хотираҳояш навиштааст: «Ҳангоми тамошои спектакли «Ҷавонии Сино» бори аввал фаромӯш кардаам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо нақши Синоро мебозад».
Директори театри «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Москва Михаил Чигир дар китоби хотироташ чунин суханонро сабт намудааст: «Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш — шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнашро надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишастаанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».
Журналисти шинохта Хуршеди Ҷовид дар яке аз суҳбатҳояш бо Ҳошим Гадо навиштааст: «Эдип» аз нодиртарин бозёфтҳои Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ва ҳамчун таҳиягар маҳсуб меёбад. Он самари орзу, ҷустуҷӯю такопӯи бистсолаи ҳунарманд аст. Ба он на танҳо дар саҳнаи Душанбе кафкӯбиҳои осмонкаф кардаанд. Спектакл ду маротиба — солҳои 1987 ва 1997 рӯи саҳнаи Москва низ омад. Бори дуюм намоиш ба Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон — Душанбе дар пойтахти Россия — Москва, ки мавлуд дошту 850 — солагии худро таҷлил мекард, рост омад. «Эдип»-и Ҳошим Гадо москвагиҳоро моту мабҳут карду ҳам аз забони тамошобинони муқаррарӣ ва ҳам санъаткорону мунаққидони варзида дурру гуҳари таърифу тавсиф мерехт.
23-юми майи соли 2017 ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо аз номи намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский бахшида ба 80-солагии зодрӯзаш номаи шодбошӣ расид. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Меҳнати пайваста ва арзандаи шумо барои мустаҳкам намудани муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳо сазовори миннатдории махсус буда, осори шумо дар таърихи театр ва синамои шӯравӣ ба саҳифаи дурахшон табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулодаи нависандагӣ, осори тарҷумаиҳолӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати шумо шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, шуҳрати бузургро ба даст овардаанд».
Устод Ҳошим Гадо чанд сол аст, ки ба кори омӯзгорӣ низ машғул буда, соли 1996 дотсент ва баъдтар ҳамчун профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кору фаъолият намуда истодааст. Мавсуф соли гузашта дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар Театри таълимии донишкада намоишномаи «Наврӯзномаи Ҳошим Гадо» — ро бо маҳорати баланди коргардонӣ ва касбӣ ба саҳна гузошт, ки дар он суннатҳои наврӯзӣ, ҳақиқати таърихӣ ва маданияту фарҳанги тоҷик пурра таҷассум ёфтаанд. Аз истиқболи гарми тамошобинон маълум буд, ки ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик устод Ҳошим Гадо ҳанӯз ҳам қобилияти фавқулодаи коргардонӣ дошта, маҳбубу машҳур аст.
Намоишнома бо бахши «Хаймаи Хайём» оғоз гардида, рубоиёти машҳури орифи бузурги форсу тоҷик Умари Хайём аз тарафи донишҷӯён дар радифи оҳангҳои марғуби миллӣ суруда шуданд. Баъдан, аз осори устод Рӯдакӣ ва дигар шоирон, аксаран сурудҳои писандидаи мардум дар ҷомаи оҳангҳои дилошӯби минтақаҳои гуногуни кишвар, садо доданд, ки хеле шуниданӣ ва ҷолиб буданд. Ҳар бахши намоишнома аз бахши дигар зеботар ва боҳунарона ба саҳна гузошта шуд, ки дар синаҳо оташи ватанпарастию худшиносиро шуълавар месохт.
Барои ман ҳамчун тамошобин ҳамон лаҳзаҳое бисёр таъсиргузор ва хотирмон буданд, ки устод Ҳошим Гадо баъди ҳар як истиқболи гарму кафкӯбиҳои тамошобинон кӯдаквор шодӣ мекард. Аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дастгирӣ шудани устод Ҳошим Гадо нишон дод, ки Ҳукумати кишвар фарзандони ҳунарвари миллатро эҳтиром ва қадр менамояд.
Ҳошим Гадо бо киностудияҳои кишварҳои хориҷӣ низ фаъолона ҳамкорӣ кардааст. Аз ҷумла, «Мосфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм». «Студияи синамои Марокаш» ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии «Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо» тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку ба чашмае номи Ҳошим Гадоро мондаанд.
Ҳошим Гадо — устоди садҳо ҳунарманди маъруфи саҳнаи тоҷик дар театр ва кино беш аз 100 нақш офарида, зиёда аз 40 намоиши хурду калонро ба саҳна гузоштааст. Ӯ, дар баробари ҳунармандӣ, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза дорад. Муаллифи зиёда аз 400 ҷилд китобу мақолаҳои баландмазмун ва эссеҳои фалсафӣ мебошад. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Кунҷ», «Суҳроби ман» аз ҳамин қабиланд.
Ҳунарманди асилу соҳибмактаб, санъаткори рангинхаёлу навовар, паҳлавони беназири майдони театри тоҷик Ҳошим Гадо ҳастиашро ба рушду такомули театру синамои миллӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи сарҳадшикани он бедареғ ва ҷонфидоёна бахшидааст. Ин родмарди қавииродаву оҳанинрӯҳ, коргардони соҳибистеъдоду камназир тавонист аз худ осори гаронмоя ба ёдгор гузорад. Мо мутмаинем, ки ҳар боре сухан аз абармардони фарҳангу ҳунари тоҷик равад, кору пайкори Ҳошим Гадо чун навор аз лавҳаи хотири имрӯзиён ва фардоиён мегузарад ва номи ӯро ба некӣ, бо эҳтирому ифтихор ёд мекунанд.
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
доктори илмҳои филологӣ, профессор