Солҳои охир дар аксар шаҳру навоҳии мамлакат навиштаҷоти «Қурутобхона»-ро зиёд дучор меоем. Ба андешаи ман, чунин тарзи номгузорӣ хатост, зеро ҷои ғизохӯрӣ дар маҷмӯъ ба забони тоҷикӣ ошхона ном бурда мешавад. «Ошхона»-и тоҷикиро халқҳои ҳамсоя, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо ба шакли «ошхона», «асхана» ва «аскана» истифода мебаранд. Туркманҳо бошанд «наҳорихона» мегӯянд, ки он ҳам тоҷикист. Маълум аст, ки ошхона танҳо бо пухтани ош (палов) маҳдуд намешавад. Дар он ҷо палов ҳам тайёр мекунанду шӯрбову угро ва инчунин қурутобу шакароб ҳам. Аз ин рӯ, «Қурутобхона» гуфтан маънои танҳо ба як таом маҳдуд шуданро медиҳад.
Беҳтараш номи ошхона ба сифати муассиса ва ё ҷойи ғизохӯрӣ боқӣ монаду шӯрбою угрою қурутобу лағмон ва ғайра ба номгӯйи таомҳо дохил шаванд.
С. АМИН, «Садои мардум»