Сиюми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 135-солагии устод Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзуи «Устод Садриддин Айнӣ ва рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конференсияро ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм Маҳмадқул Каримов оғоз бахшида, аз хизматҳо ва заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуд. М.Каримов сабаби дар рӯзи зодрӯзи устод Айнӣ (15 апрел) баргузор нашудани ин ҳамоиши илмиро дар иттифоқ афтодан ба ҳафтаи илм рабт дод. Баъдан, профессор Худойназар Асозода дар мавзуи «Шахсияти устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» маърӯза карда, минҷумла зикр намуд, ки аз соли 1959 инҷониб моҳи апрелро устодону шогирдони факултети филологияи ДМТ ҳамчун моҳи Айнӣ ҷашн мегиранд. Ӯ махсусан зикр кард, ки аввалин кори ба анҷомрасонидаи устод Айнӣ ин ба расмият даровардани калимаи «тоҷик» буд. Мавсуф гуфт, ки корҳои миллатдӯстонаи Айнӣ ба ҷони худаш хатар дошт, аммо ӯ, сарфи назар аз ҳама мушкилӣ, барои бунёди адабиёти навини тоҷик ва ташкили Тоҷикистони шӯравӣ заҳмат кашида, дар натиҷа ба муваффақият ноил шуд. Профессор Х.Асозода дар анҷоми суханрониаш пешниҳод кард, ки бо мақсади бештар омӯхтани осори Садриддин Айнӣ дар назди кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Маркази Айнишиносӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳоди Х.Асозодаро ҳамкасбонаш ва ноиби ректори донишгоҳ М.Каримов хуб пазируфта, изҳор доштанд, ки таъсиси чунин марказ иқдоми саривақтист. Номзади илми филологӣ Ҳ.Валиев, профессор Ҳ. Раҷабов, дотсент Рустами Ваҳҳоб, профессор А. Маҳмадаминов, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент М.Зайниддинов ва дигарон низ перомуни хизматҳои арзандаи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ суханронӣ карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»