Лауреати Мукофоти давлатии СССР, Шоири халқии Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар тӯли беш аз 50 соли фаъолияташ дар ҷодаи адабиёт як силсила достонҳо, аз қабили «Ливои зафар», «Ленин дар Помир», «Панҷи ноором», «Қишлоқи тиллоӣ», «Ишқи духтари кӯҳсор», «Исёни хирад» ва ғайраро эҷод кардааст.
Ӯ қабл аз расидан ба ин мартабаи баланди эҷодӣ корро аз рӯзноманигорӣ дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» оғоз намуда буд.
Баъди оғози сохтмони системаи обёрии Вахш — баҳори соли 1931 шумораи нахустини «Сохтмони зарбдори Вахш»- нашрияи Комитети иҷроияи ҳизби коммунист бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад.
Баъд, дар заминаи ин рӯзномаи коргарӣ, дар шаҳру ноҳияҳои водии Вахш рӯзномаҳои мустақил таъсис ёфтанд. Ба ҳамин хотир, ин рӯзномаҳо худро вориси рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» медонанд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Вахш»-и ноҳияи Вахш, ки соли 1932 таъсис ёфтааст. Соли 1982 рӯзномаи «Вахш» 50 –сола мешуд ва барои дар сатҳи баланд доир намудани ин санаи муҳим мо омодагӣ медидем. Аз меҳмонони олиқадр даъвати устод Мирсаид Миршакар низ дар назар буд, зеро ӯ аз аввалин муҳаррирони рӯзнома буд ва ҳар ҷо, ки рӯзномаро муаррифӣ мекардем, аз ин хусус ёдовар мешудем. Ҳамон сол муҳарририи рӯзномаи «Вахш» бар уҳдаи банда буд ва бо чанде аз ҳамкорон ба хонаи Мирсаид Миршакар рафтем, то устодро ба идамон даъват намоем. Моро завҷаи устод хеле хуш ва меҳрубонона қабул кард. Мақсади омаданамонро гуфтем. Завҷаи устод гуфтанд, ки ҳоло ӯ дар бемористон табобат мегирад. Хостем назди устод равем, аммо завҷааш розӣ нашуд,-бо таъкиди духтурон касеро наздаш даромадан намемонанд,- гуфт ӯ ва илова кард: -хоҳиши шуморо ба устод мерасонам.
Мо дудила будем. Мехостем бевосита устодро бубинем. Завҷаи устод ин ҳолати моро пай бурд ва бо табассум ба мо гуфт, ки устодро ёд карда омаданатон нишонаи эҳтироми шумост. Бовар дорам, ки устод аз даъвати шумо шод мешавад.
Дар арафаи ҷашн боз ба аёдати устод омадем. Бо сабаби беморӣ дар ҷашни рӯзнома иштирок карда натавонистанд. Сарфи назар аз беморӣ, бо нишони эҳтиром номаи табрикӣ (ёддошти мухтасар аз фаъолияташон дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш») ва як дона сурати худро ба мо фиристоданд.
Дар шумораи идонаи рӯзнома сурат ва табрикоти устодро чоп намудем. Устод Мирсаид Миршакар дар хотироташ, аз ҷумла чунин менигорад: «Маро соли 1932 ба Комитети Марказӣ даъват намуда гуфтанд:
-Ба Вахш меравед. Он ҷо ба газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» муҳаррир мешавед.
-Ҳоло ман ҷавон,- гуфтам.
-Республика ҷавон аст. Сохтмон ҳам. Баробари онҳо қадам мезанед ва камол меёбед,- гуфтанд ба ман.
Муҳаррири аввалини газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» Насрулло Абдуллоев ба хондан рафту ман ба ҷойи вай гузаштам (рӯзномаи «Вахш» №55 аз 3 майи соли 1982).
Устод дар як хотироти дигараш оид ба фаъолияташ дар рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш» бо тафсил нигоштааст:
«Сохтмони зарбдори Вахш» дар як шумора камбудиро нишон диҳад, дар шумораи дуввуму сеюмаш дар бораи он менавишт, ки баъди танқид дар участкаи қафомонда чӣ дигаргуниҳо ё беҳбудиҳо гузаронда шуданд ва ҳамин хел то ислоҳ шудани камбудиҳо. Кор кардан дар идораи газета чандон осон набуд. Махсусан чоп намудани шумораи тоҷикии он меҳнати зиёдро талаб мекард. Одамони босаводе, ки дар кори газета ёрмандӣ кунанд, аз байни коргарони маҳаллӣ кам буданд. Мо се нафар ҳама кори тайёр ва чоп намудани газетаро иҷро мекардем. Бригада ба бригада гашта, барои газета мақола ҷамъ меовардем. Гоҳҳо газетаро ба воситаи радио хонда медодем. Аз байни коргарон ба газетаи мо бештар инҳо ҳамкорӣ мекарданд: Давлат Мулло, Иброҳим Сафар, Сафаралӣ Қурбон ва Ҷумъабоев» (рӯзномаи «Вахш» №129 аз 27 октябри соли 1987).
Ба кори рӯзноманигории Мирсаид Миршакар таваҷҷуҳи бештар доштам. Ҳангоми ҷустуҷӯй аз саҳифаҳои гуногуни воситаи ахбори омма паҳлуҳои дигари фаъолияти устод дар солҳои сиюми асри гузашта бароям равшан гаштанд. Ба кори сохтмон душманони ҳаёти нав халал мерасонданд. «-Боре як нафар коргарро, ки аз мухбирони фаъоли мо буд,- дар хотироташ менависад устод, — сахт латукӯб мекунанд. Ӯро мурда пиндошта, монда мераванд. Баъди ба худ омадан душманонро як- як номбар мекунад. Онҳо барои ин кирдорашон ҷазои сазовор гирифтанд. Бо ин амалашон байни коргарон тарсу ҳарос ва нобовариро паҳн кардан мехостанд. Аммо ба мақсади ғаразноки худ нарасиданд».
Маълум шуд, ки Мирсаид Миршакар баробари муҳаррири рӯзнома будан, дигар вазифаҳои ҷамъиятиро низ иҷро мекардааст. Ба муносибати 70- солагии Мирсаид Миршакар дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» мақолаи устод бо номи «Ҷавониамро азиз медонам» ба нашр расида буд. Дар ин мақола устод дар хусуси сохтмони умумииттифоқии системаи обёрии Вахш маълумоти бештар додааст.
Пас аз ба ҳайси муҳаррири газетаи «Сохтмони зарбдори Вахш» корро шурӯъ намудан дар як мақолааш чунин менависад: «Баъдтар ба ҷойи Давлатбек Ҳайдарқулов, ки аз сохтмон рафта буд, маро котиби ташкилоти комсомолии сохтмон интихоб намуданд. Аз уҳдаи ду вазифаи масъулиятнок баромадан осон набуд.Аксар вақт лозим меомад, ки то нисфи шаб нишаста, барои газета материал тайёр кунам, ба корҳои масъули комсомолӣ машғул шавам, илова бар ин, ба газетаю журналҳои республикавӣ шеъру ҳикоя ва мақолаҳо менавиштам.
Баъди се сол коргарон харсанги калонеро, ки байни дарё ва сарбанд хобида, роҳи обро баста буд, тарконданд. Садои пайдарҳами се таркиш ба дили коргарон шуълаи умед афрохт. Дар лабони коргарон аз хурсандӣ табассум дамида, чашмонашон барқпошӣ мекарданд. Баъди таркиш лаҳзае абри ғафси чангу хок сохтмонро фаро гирифт. Коргарони мутасаддӣ дарҳол дарвозаҳоро кушоданд. Оби мусаффои Вахш мавҷзанон ба канал ҷорӣ шуд. Дар ин рӯзи фирӯз шодмонии коргарон интиҳо надошт.
Ман дар ҳамин ҷо лаззати меваи дарахти дӯстии халқҳоро чашидам. Дар ҳамин ҷо достони аввалини худ «Ливои зафар»- ро, ки ба дӯстии халқҳо бахшида шуда буд, иншо кардам» (Рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» №184 аз 21 сентябри соли 1982).
Ин хотироти устод хеле ҷолиб ва таърихист, зеро лаҳзаи бори нахуст ба канали нав ҷорӣ шудани оби дарёи Вахшро, ки иштирокчии бевоситаи сохтмони он буд, муфассал нишон додааст. Аз лаҳзаи таркиш то ба маҷрои нав ҷорӣ шудани оби дарёи Вахшро, ки дар як шеъраш устод Мирзо Турсунзода онро Вахши саркаш номида буд, устод Мирсаид Миршакар дар хотироти худ тасвир карда аст,аммо рӯзи ба канал ҷорӣ шудани оби дарёи Вахшро нишон надодааст. Ин санаи таърихӣ дар бисёр ҳуҷҷатҳои расмӣ ёдрас шудааст. Устод воқеан ҳам дуруст хотирнишон кардаанд, ки баъди се сол ба канал об ҷорӣ шуд. Сохтмони системаи обёрии Вахш соли 1929 оғоз ва аз баҳори соли 1931 вусъати тоза пайдо кард.
Чанд сол пеш барои таҳияи очеркам, ки он бояд ба 70 –солагии аз худ кардани водии Вахш бахшида мешуд, бо ҳамроҳии собиқ саринженери Раёсати системаи обёрии Вахш (идомадиҳандаи сохтмони собиқ «Вахшстрой» буд) Ғуломҷон Қамбаров ҳуҷҷатҳои бойгонии онро аз назар гузаронидем. Чунин сабти нодирро пайдо намудам: «12 сентябри соли 1933 канали магистралии ба номи Сталин ба кор даромад». Ин рӯзи ба канал ҷорӣ шудани об буд, тавре Мирсаид Миршакар дар хотироташ овардааст.
Устод Мирсаид Миршакар иштирокчии сохтмони он солҳо овозадор будани худро бо самимият ёдовар мешавад. Тавре ки ба мақолааш «Ҷавониамро азиз медонам» унвон медиҳад, лаҳзаҳои ҷолиби солҳои сиюм дар ҳаёт ва эҷодиёташ нақши муҳим гузоштааст. Ин нуктаро устод дар номаи табрикиаш ба муносибати нашри аввалини рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» низ ёдовар шудааст: «Аз худ кардани заминҳои водии Вахш ба корнамоиҳои панҷсолаи аввал тааллуқ дорад. Ман яке аз иштирокчиёни он будам» (рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» №1 аз 1 январи соли 1979).
Бо гузашти солҳо маводи дар бораи устод Мирсаид Миршакар гирдовардаро бори дигар аз назар мегузаронам. Қабл аз ҳама, дарк кардам, ки устод воқеан ҳам шахси хоксору меҳрубон будаанд. Бо вуҷуди серкорӣ ва гирифтори беморӣ будан, муроҷиати нашрия, аз ҷумла рӯзномаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, журналистонро беҷавоб намондаанд. Бо навиштани чанд сатр ҳам бошад, онҳоро хурсанд мекарданд. Ин хислат, муносибати хоксоронаи устодро имрӯз ҳам метавон ҳамчун дарси ибрат истифода бурд. Маълум гашт, ки устод ҳамкасбони худ- журналистонро эҳтиром мекардаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»