Кант-файласуфи бузург гуфтааст: «Ду чиз маро ҳамеша ба ҳайрат меоварад: яке осмони ситоразорест дар болои сарам, дигаре ахлоқест дар ботини худам». Ҳарчанд ақли инсон барои донистани тамоми арзишҳои ботинӣ оҷиз аст, лекин дар вуҷуди одамони ҳама вақт ҳиссиёти омӯхтан ва дарк кардани «асрори худӣ» мавҷ мезанад. Донистанашавандагии оламро пешгӯӣ кардани идеалистон як нав оҷизии хирад дар назди қонунҳои табиат ва ҷамъият нест, балки болотар аз он эътироф кардани ҳақиқати бебаҳс мебошад. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназири илмӣ ва техникӣ баҳри ҳаракати таърих ва сабабҳои аслии ҳодисаҳои «Ҷанг ва Сулҳ» барои одамони дар як давра зиндагикунанда то ҳадди охир маълум нашуда, чигил ва норавшан мемонад. Аз ин рӯ, оне, ки мавриди таваҷҷуҳи мо қарор мегирад, танҳо нақши шахсият дар таърих набуда, балки аз нуқтаи назари методологияи инсоншиносӣ (антропология) шинохти принсипҳои феномени шахсият ва санъат дар бунёди сулҳ мебошад.
Фикр мекунем, ки аз дастовардҳои ақлонии шахсият дида, чеҳраи ахлоқии ӯ муҳим ва зарур аст. Танҳо бо инсони модернист (навпараст) будан наметавон арзишҳои ботинии одамонро омӯхт, балки идеалҳои гуманизм ва консерватизмро (эҳтиром ба арзишҳои куҳнанашаванда) рушд додан мувофиқ ба мақсад мебуд. Аммо ҳадафи мо таҳлили назарияҳо нест, балки дарк кардани рисолати адабиёт, санъат ва санъаткор мебошад.
Санъат ва санъаткор аз ҳам ҷудонопазиранд. Бузургтарин шоҳкорӣ дар тамоми умри санъаткор ин нақше гузошта тавонистан дар бунёди санъат ва ҷойгоҳи фаромӯшнопазир доштан дар қалби миллионҳо одамон мебошад. Аз ин рӯ, бунёд карда тавонистани шахсияти худ аз ҷаҳони ботинӣ ва идеяҳои мо вобаста мебошад, зеро имрӯз эътироф кардан мумкин аст, ки одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Агар одамон моҳияти асосии ҳаётро аз ахлоқ иборат донанд ва ҳиссиёти ахлоқро дар худ бедор созанд, он гоҳ онҳо бо ҳамин ба шахсияти худ асос мегузоранд. Аммо ин ахлоқ дар ҳамоҳангии илм ва эҳсосоти санъатдӯстӣ пайдо мешавад. Бинобар он «Илм ва санъат бо ҳам алоқамандии хеле зич доранд, ки мисли шушу қалб аст, бинобар он агар яке мариз бошад, дигаре солим фаъолият карда наметавонад».
Нависанда дар асар ва образҳои тахайюлӣ ҳеҷ вақт ба кушода додани моҳият ва сабаби ҳодисаҳои ҳаракатдиҳандаи таърих ва ё зиддиятҳои азалӣ даст намезанад. Барои ӯ муҳимтар аз ҳама гузоштани проблемаҳои умдатарини ҷомеа ва таърих аст, на ин ки кушода тавонистани сабаб ва натиҷаи ин проблемаҳо. Ҳар як асари бадеӣ дар навбати аввал ҳодисаҳоеро тасвир менамояд, ки онҳо ба шуур, руҳ, ахлоқ ва эҳсосоти одамон таъсир мерасонанд. Аммо то кадом андоза таъсирнок ва проблеманок будани асар ба тафаккури фалсафии нависанда вобаста аст.
Ҳеҷ як нависанда дар як вақт сабабҳои ҳодисаҳои геополитикӣ, муаммоҳои ҷанг ва сулҳ, фалаҷшавии захираҳои табииро маънидод карда наметавонад, аммо оқибати худхоҳӣ, ҷанг ва дигар харобкориҳоро дар дохили асар тасвир менамояд, ки он ба ҳаёти халқҳо наздикӣ дорад ва дар натиҷа метавонад ба дигаргуниҳои куллӣ орад.
Ҳисси муҳаббат, дилсӯзӣ ва хизмат кардан ба ҳақиқат асоси шуури бадеиро ташкил медиҳад. Муборизаи асосии ҳар гуна шуури бадеӣ ва кӯшишҳои идеалии нависанда барои аз байн бурдани шуҳратпарастӣ, шаҳватпарастӣ, пулпарастӣ, хасисӣ, ҳарисӣ ва иллатҳои худхоҳӣ (эгоизм) мебошанд. Барои Толстой муҳаррики таърих муҳаббат мебошад. Аз ин рӯ, Фейербах ҳақ буд, ки мегуфт: «Агар мо кӯшиши бахтҷӯии дигаронро ҳурмат накунем, онҳо ҳам ба кӯшиши бахтҷӯии мо муқобилат нишон дода, монеа эҷод мекунанд. Нисбат ба худатон худмаҳдудкунии оқилонаро кор фармоед ва ба дигарон бо муҳаббат муносибат кунед» .
Эҳсосот ва тафаккури бадеӣ метавонад одамонро аз фанатизми динӣ наҷот диҳад. Мисоли одӣ: Ҳамаи инсонҳо дар як гурӯҳ як предметро меомӯзанд, вале баъзеҳо ба моҳияти он фавқуллода сарфаҳм мераванд. Одамон аксар вақт моҳияти асари болои мизашонро дуруст дарк намекунанд. Аз ин рӯ, муаммо на дар китоби мушкил навишта, балки мушкилӣ дар системаи ташаккулнаёфтаи ҷаҳонбинии мост.
Инсоне, ки ба моҳияти асари эстетикии санъат сарфаҳм меравад, худро, бешубҳа, аз ҳар гуна хурофот наҷот медиҳад, зеро маҳз таассуроти асарҳои гуманистӣ метавонанд ихтилофҳои нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ ва диниро аз миён бардоранд. Дар замоне ки зиддияти идеяҳо ва ба ҳам мувофиқ наомадани хислатҳои миллии халқиятҳо ба назар мерасад, пурзӯр шудани идеяҳои гуманизм ба тахайюлоти бадеӣ ва офарида шудани образҳои воқеӣ вобастагии калон дорад. Гузашта аз ин, асарҳои бадеӣ сабаби дигаргуниҳои ахлоқӣ, рӯҳӣ ва фикрии инсоният шуда метавонанд.
Муҳаббат сарчашмаи ҳар гуна санъат ва маданият аст. Санъат натиҷаи тафаккур, тасаввур, худфидоиҳо ва талошҳои давомдор мебошад. Он ифодакунандаи орзуҳо, ормонҳо ва эҳсосҳои азалию абадии инсоният аст. Санъат наметавонад ба як миллат, давлат ва мазҳаб мансуб бошад. Аз ин рӯ, дар санъат сохтакорӣ кардан оқибати ногувор дорад. Сабаб дар он аст, ки санъат «шакли бадеии маърифати олам» ба шумор меравад. Дар ҷаҳони муосир ба олами санъат чашмрастарин ва умедбахштарин падидаҳоро метавон мушоҳида кард. Зуҳур кардани асарҳои безавол аз ҷониби нависандагони муосир, ба вуҷуд омадани кинофилмҳои ахлоқӣ боиси омӯзиш ва таҳқиқ мебошанд. Ин гуфтаҳоро дар мисоли кинофилмҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ва ё дар филмҳои тоҷикии «Тақдири шоир», «Рустам ва Сӯҳроб» ва ғайра дидан мумкин аст, ки воқеияти асар асосҳои ахлоқӣ дорад. Аммо боз бо вуҷуди он ҳама комёбиҳо, ба олами санъат зуҳурот ворид шуда, ба ахлоқ ва руҳияи инсоният осеб мерасонанд. Суруд ва мусиқиҳое садо медиҳанд, ки фақат бо онҳо, бо истилоҳи халқӣ гӯем, «рақс кардан» мумкин аст. Суруд танҳо ба хотир овардани хотираҳои ғамангез нест, ба амсоли пирӣ, беморӣ, аз даст додани муҳаббат, вафот, ноумедӣ ва ғайра. Ба рақс даъват кардани омма ҳам нест. Ба вуҷуд омадани сурудхониҳои ниҳилистонаи бо номи «реп» ва «рок»- ро иддае аз замонасозон як навъ санъат унвон мебаранд. Реп санъат нест, балки вайрон кардани санъат аст…
Аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононе, ки дар назди экрани телевизион нишаста, филмҳои ҳолливуд ё боливудро бо самимияти том назар мекунанд, бешак, менталитети дигар миллатҳоро меомӯзанд. Вақт ҳеҷ гуна санъатеро, ки ба ҳаёти инсон наздикӣ дорад, аз байн намебарад. Кинофилм ва клипҳое, ки «муҳаббат ба инсоният», «ахлоқ дар ҳаёт» — ро тарғиб мекунанд, ҳамеша ҷовидон хоҳанд монд.
Ҳамин тариқ, вазифаи санъат инсон сохтан дар руҳияи ахлоқ мебошад, зеро ҳеҷ чиз берун аз ахлоқ вуҷуд надорад. Он бояд аз фанатизми динӣ ва эҳсосҳои негативӣ одамонро озод намояд ва ҳисси муҳаббат, ҳақиқат, баробарӣ, поквиҷдонӣ, якдилӣ ва ватандӯстиро дар вуҷуди одамон бедор созад. Асарҳои арзишманд дар шинохти хислатҳои миллӣ «Дар орзуи падар», «Ситораҳои сари танӯр» ва «Се рӯзи як баҳор» мебошанд.
Нависандаи забардаст Расул Ғамзатов ба китобаш муроҷиат карда гуфтаст: «Китобам, ту чунон шав, то аз даст ба даст гузарӣ, монанд ба он китобҳое машав, ки дар рафакхонаи китобхонаҳо як умр мехобанд». Нависанда ҳаёти воқеии халқашро дар «Доғистони ман» ном асараш он гуна тасвир менамояд, ки арзишҳои оқилонаи ин миллати кӯчакро шинохтан мумкин аст.
Бардошти ман аз Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он нуктаҳои муҳим доир ба тарбияи маънавӣ ва пешгирии ифротгаройӣ баён шудаанд, чунин аст.
А. САЛИМОВ, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода