Дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод Саъдуллои чӯбтарошро хурду калон мешиносанд. Ӯ нозукиҳои ин касбро аз падараш омӯхта, аз чӯби чормағз, зардолу ва чинор табақ, қошуқу кафлез ва дигар асбоби чӯбин тайёр мекунад. Ҳоло ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зиёд аст, маҳсули дастранҷи усто Саъдуллоро дар ярмаркаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бисёр мебинем.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод