«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ барои худшиносии миллӣ, шинохти таъриху тамаддуни мо аз аҳамияти фавқулода бархӯрдор аст. Ин асари безаволи ҳамосӣ достони ҳайратангези зиндагии миллати моро аз бостон то замони Сосониён дар бар мегирад.
Он бо забони ноби форсии тоҷикӣ эҷод шуда, Фирдавсӣ, дар маҷмӯъ, аз 726 вожаи арабӣ истифода бурдааст. Дар замоне ки забони тоҷикӣ гирифтори парешониҳо шуда буд, барои устувор гаштану рушди минбаъдаи он «Шоҳнома» нақши бузург бозид. Ҳамин мақоми баланди ҳувиятсозии «Шоҳнома»-ро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров чунин пешниҳод намуданд: «Ҳамчунон ки китоби «Тоҷикон»-ро тарҷума карда, паҳн намудем, асари безаволи «Шоҳнома»-ро низ чоп карда, ба ҳар як оилаи кишвар тақдим мекунем».
Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам тақвият бахшидани худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳад кард. Бо хондани «Шоҳнома» ба саволҳои мо кистем, аз куҷо меоем, асл ва ҳадафи зиндагии мо чист, посух пайдо мекунем.
Замоне ки теша ба решаи тамаддун, фарҳанг ва забони мо мезаданд, барои нобудии мо, аз байн бурдани ҳувияти мо ҳамаи имкониятро фароҳам оварда буданд, ҳаракате ба вуҷуд омад, ки дар пайкари миллати мо ҷони тозае дамид. Бедорӣ, худшинохтӣ, арҷ гузоштан ба забон ва арзишҳои миллӣ дар замони ҳукумати Саффориён зинда гашт ва дар замони Оли Сомон ба авҷ расид. Ин ҳамон давраест, ки бо нуфуз кардани фалсафаи ҳаракати худӣ шоҳноманависӣ шурӯъ шуд ва масъалаи шинохти асли хеш ба таври ҷиддӣ шакл гирифт.
Пеш аз Фирдавсӣ Масъуди Марвазӣ, Абумансури Муаммарӣ, Дақиқӣ ва шояд шахсони дигаре ба сароиши достонҳои асотирӣ, қаҳрамонию таърихии Эронзамин пардохтанд. Бо шаҳодати манбаъҳои таърихӣ Фирдавсӣ дар навиштани «Шоҳнома»-и худ на танҳо аз осори онҳое, ки номашон бурда шуд, истифода намудааст, балки аз достонҳои ҷудогонае, ки дар он замон дар миёни мардум маъруф буданд ва дар маҳфилҳо хонда мешуданд, баҳра бардоштааст. Достонҳои «Разми Бежан ва гурозон», «Бежан ва Манижа», «Разми Рустам бо Аквондев», «Рустам ва Суҳроб» ва бархеи дигар аз ҳамин қабиланд.
Маълум мегардад, ки бедории миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги худӣ дар он замон хеле қавӣ будааст. Дар ин замина мехоҳам аз қиссае ёдрас шавам, ки то солҳои наздик дар миёни мардуми Тоҷикистон маъруф буд ва шояд решаи ба вуҷуд омадани он аз ҳамон даврони мавриди назар об мехӯрад.
Қисса ин гуна аст, ки ҳазрати Алӣ дар бораи паҳлавони сутург ва размовари беҳамто будани Рустами Достон ривоятҳо мешунавад ва шигифтзада мегардад. Ӯ ба назди Муҳаммад (с) меравад ва дар бораи Рустам сухан оғоз карда мепурсад, ки магар ӯ аз ман ҳам зӯртар аст?! Муҳаммад (с) дар посух мегӯянд, ки ба фалон мавзеъ бирав ва номи Рустамро фарёд бизан, ин қаҳрамони хуросонӣ меояд ва ту ӯро мебинӣ ва чӣ гуна паҳлавон буданаш бароят ошкор мегардад.
Ҳазрати Алӣ ба ҳамон мавзеъ меравад ва вақте бори сеюм номи Рустамро гирифта фарёд мекашад, ду кӯҳпора ба ҳаво хеста, бозикунон ба сӯи ӯ меоянд. Алӣ, аз тарси он ки осебе барояш нарасад, фирор мекунад ва ба назди Муҳаммад (с) меояд ва ҳодисаро нақл мекунад. Муҳаммад (с) мегӯяд, ки Рустам он ду кӯҳпораро бо ду даст бардошта, онҳоро бозӣ доронда ба истиқболи ту меомад. Агар сабр мекардӣ, ҳатман ӯро медидӣ.
Ин қисса аз огаҳӣ ва ифтихори миллии ниёгонамон шаҳодат медиҳад. Ба гӯши ҳуши мо мерасонад, ки ҷойгоҳ ва мақоми мо дар назди халқҳои дигар болост. Дар паҳлавонию размоварӣ низ фарзандони мо ҳамто надоранд, яъне мо халқи тавоно ҳастем.
Ҳамин бедорӣ ва ҳувиятхоҳӣ буд, ки «Шоҳнома»-и безавол ба вуҷуд омад. Агар ба қисмати асотирии «Шоҳнома» назаре андозем, он ба мисли шаҷараномаи миллати мо ба назар мерасад, ки аз нахустин шоҳ Каюмарс оғоз мегардад ва дар бораи шоҳони Пешдодию Каёнӣ ва корҳои бузурги ҷаҳондорию бунёдкорӣ ва ихтирооте, ки кардаанд, маълумот медиҳад. Агар Каюмарс дар «Шоҳнома» ба сифати нахустин шоҳ тасвир мешавад, дар «Авасто» Каюмарс нахустин инсон аст, ки аз тухмаи ӯ одамони дигар падид меоянд.
Абулқосим Исмоилпур, ки шоҳномапажӯҳи машҳур аст, дар бораи қисмати асотирии «Шоҳнома» менависад: «Фирдавсӣ дар даврае буд, ки давраи устура нест. Вале ӯ аз рӯи ирқи миллӣ, мазомини устураиро, ки дар хатари фаромӯшӣ қарор дошт ва ҳувияти эрониро, ки дар хатари нобудӣ қарор дошт, ба ҳамоса табдил ва вориди «Шоҳнома» кард…
Фоидаи шинохти устураҳо ва шахсиятҳое чун Фаридуну Каюмарс дар чист? Шинохти шахсиятҳои куҳани «Шоҳнома» ба манзалаи шинохти як тамаддуни бостонӣ аст, ки дорои шаҷаранома буда ва давраҳои мутафовиту мутааддаде доштааст».
Ин андешаи Абулқосим Исмоилпур хеле ҷолиб буда, воқеан ҳам, бо хондани қисмати устураии «Шоҳнома» мо бо тамаддуни бостоние ошно мегардем, ки худи мо низ аз он рӯидаем. Албатта, дар ин бора далелу арқоми таърихӣ вуҷуд надорад, вале гумони ғолиб он аст, ки ҳофизаи миллии мо ва ҳувияту решаҳои бостониамон дар ин қисмати «Шоҳнома» ба тасвир кашида шудааст.
Баъзе пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки «Шоҳнома» устура нест, ҳамоса аст, ки бар асли устура устувор аст. Албатта, устура қадимтар аз ҳамоса аст. Дар устура ҳаёти қаҳрамонон ба таври намодин нишон дода мешавад. Ҳамоса бошад, иттиҳод ва инсиҷоми миллиро дар замон ё давроне хос нишон медиҳад, ки ин ду мафҳум дар «Шоҳнома» хеле равшан нишон дода мешавад.
Агар ба таври дигар бигӯем, «Шоҳнома» оина аст, ҳамон оинаи безангоре, ки мо гузаштаи худро дар он мебинем. Ин оина реша, поя ва шоху барги дарахти тановари тамаддуни моро ба мо нишон медиҳад.
Бо хондани «Шоҳнома» мушоҳида мекунем, ки агар Каюмарс дар ғор зиндагӣ мекард ва ҳанӯз ба тамаддун нарасида буд, Ҳушанг ба одамон хонасозиро ёд медиҳад ва нахустин нишонаҳои мутамаддин шуданро падид меорад. Агар ба калимаи Ҳушанг таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки аз таркиби ҳу ва шанг иборат аст. Ҳу маънии нек ва шанг маънии ошёнаро медиҳад. Соҳиби ошёнаи нек ё касе, ки ба таври неку ошёна месозад.
Агар Ҳушанг хонасозиро ба одамон меомӯзад, Таҳмурас навиштани хатро кашф менамояд. Яъне, бо кашфи хат давраи мутамаддин гаштани мардуми Эрони бостон тақвият меёбад ва маҷрои зиндагӣ комилан дигаргун мешавад. Албатта, дар давраи шоҳони Пешдодию Каёнӣ ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили асп, гов, гӯсфанд, кашфи маодин, истифода аз оҳану пӯлод, сохтани шаҳрҳо ва амсоли инҳо, рух медиҳанд, ки аз рушди давра ба давраи эрониён гувоҳӣ медиҳад.
Абулқосим Исмоилпур дар мақолаи «Таҷаллии устура дар «Шоҳнома» ба ин бовар мерасад: «Кори устура ин аст, ки ҳақиқатро аз миёни таваҳумот ва рӯёҳои ҷамъи берун бикашад ва дармеёбем, ки миллате, ки устура надорад, беҳувият аст ва куҳантарин миллатҳо зеботарин устураҳоро доранд. Бо таваҷҷуҳ ба тамаддунҳои қадими Юнон, Миср ва Ҳинд мебинем, ки онон дорои устураҳои ғанӣ ва пурбор ҳастанд. Шинохти асотири «Шоҳнома» низ аз ин рӯ ҳоизи аҳамият аст, ки моро бо ҳувиятҳо ва решаҳои бостонӣ пайванд медиҳад».
Ин андеша, воқеан ҳам, дорои аҳамияти хос аст. Мо, ки имрӯз дар дунёи комилан мудерн зиндагӣ мекунем ва бо расидан ба технологияи навтарин ба зиндагиамон ранги дигаре мебахшем ва гоҳе решаҳоямонро ба фаромӯшӣ месупорем, бояд лаҳзае биистем ва ба худ биандешем. Мо маҳсули ҳамон устурае ҳастем, ки «Шоҳнома» ба мо бозгӯ мекунад, устурае, ки дар партави неруи Аҳуроӣ шакл гирифта, рушд карда, ба камол расидааст.
Мувофиқи таълимоти зардуштӣ ниёгони мо се давраи рушди худро аз сар гузаронидаанд, ки ҳар давре се ҳазор сол ва дар маҷмӯъ, нуҳ ҳазор солро фаро мегирад. Ин давраҳо дар «Шоҳнома» ҳам зикр мешавад ва пажӯҳишгари ҳушманд онро ба хубӣ аз ҳам ҷудо менамояд. Агар мо ба «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, ба ин натиҷаи бадастовардаи Абулқосим Исмоилпур мерасем: «Аз Каюмарс то Ҷамшед ба таври тақрибӣ ҳазор сол тӯл кашид. Давраи тохтутози Заҳҳок низ ҳазор сол буд. Аз Фаридун то Кайхусрав ҳам тақрибан ҳазор сол ба тӯл меанҷомад ва ин мешавад се ҳазор сол ва ё се давраи кайҳонӣ дар «Шоҳнома» ва ин амр иттифоқӣ нест».
Дар ин се ҳазор сол чӣ ҳодисаю воқеаҳое рух дода ва ба сари Эронзамин ва қаҳрамонони «Шоҳнома» чӣ шодиҳое ва чӣ дарду ранҷҳое, ки омадааст. Ин ҳамаро Фирдавсӣ дар муборизаи равшанӣ ва торикӣ, яъне хайру шар (р) нишон медиҳад. Аҳуро ва Аҳриман дар «Шоҳнома» ҳамеша дар набарданд.
Аз ин рӯ, огоҳона хондани ин ганҷинаи бузурги маънавӣ барои худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти таърихию бостонии мо аҳамияти бузург дорад.
Ба «Шаҳнома»-хонӣ ту ёдаш бидор,
Дуруде чу борон ба рӯҳаш бибор.
Ҳар он кас, ки «Шаҳнома»-хонӣ кунад,
Чӣ марду чӣ зан, паҳлавонӣ кунад.
ВОРИС,
«Садои мардум»