Наврӯз ҷашнест, ки аз файзи он сайёраи Замин неруи тоза гирифта, табиат ботароват, осмон софу беғубор, мавҷудот бедортар, қалбҳо бекина, корҳои созандагӣ густурдатар мешаванд.
Наврӯз фараҳу шодӣ ба тифлон, хушбахтӣ ба ҷавонон, бардамӣ ба дардмандон ва осудаҳолӣ ба пирон оварда, инсонро ба растагорӣ ҳидоят мекунад. Ин ид ба аҷдодони мо марбут буда, орӣ аз ҳар гуна арзишҳои бегона аст. Муҳимтар аз ҳама, аз Наврӯз то Наврӯз пешравию ободиҳои дар Ватан дорем, ки бешарҳу тавзеҳ аёнанд.
Ҳифзу гиромӣ доштани ин ҷашни бузург дар масири таърих қаҳрамонии бемисл аст. Ҷидду ҷаҳд, ҷасорат, заковат, нангу ор, хештаншиносӣ, хирадмандии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардиданд, ки Наврӯз ҷаҳонӣ шавад.
Роҳбари давлат барҳақ таъкид намуданд, ки «Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад».
Тибқи таълимоти Авасто дар айёми Наврӯз эҳё дар шаш унсур — осмон, замин, об, наботот, ҳайвонот ва инсон зоҳир мегардад. Аз ин ҷумла манзалати об — манбаи ҳаёт, рамзи покизагиву ободӣ, файзу баракат ва саодату нишот хоса буда, рамзист, ки аз соли 1993-юм инҷониб 22 мартро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Рӯзи ҷаҳонии об таҷлил менамояд.
Дар расму суннатҳои наврӯзӣ ранги сафед ҷойгоҳи хос дорад. Миллати тоҷик дар айёми қадим ба ранги сафед чун рамзи покӣ, сулҳу оромӣ ва кушоиши кор афзалият дода, ҳангоми интихоби ғизову ашё, сарулибос, анҷому ҷиҳози хона ранги сафедро интихоб менамуданд. Дар ин рӯз аксаран либосҳои сафед мепӯшиданд ва ба ғизоҳои наврӯзии рангашон сафед, амсоли шакар, шир, мост, таоми аз ширу биринҷ таҳиягардида бартарӣ медоданд. Дар суфраи наврӯзӣ себу сир ва санҷид мегузоштанд. Аз рӯи маълумоти маъхазҳо, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедро ба ҳаво сар медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навдӯшида ва хӯрдани пораи панир оғоз менамуданд.
Дар Бадахшон айёми Наврӯз ғизоҳои ширӣ, монанди ширбиринҷ, ширҷӯш, ширравған, шарбат омода месохтанд. Рӯзи Наврӯз мардуми ин минтақа шохчаи тару тоза (ба таъбири мардум гулғунча) дар даст ба хонаи якдигар медароянд ва «Шогун баҳор муборак» мегӯянд. Соҳибхоназан: «Бо рӯи шумо муборак» — гӯён ба китфи рости шахси воридшуда ва гулғунча орд мепошад. Гулғунча ин маврид мужда аз сарсабзӣ, яъне эҳёи табиат мебошад.
Наврӯз дар рустоҳои Бадахшон бо маросими ҷуфтбаророн оғоз мешавад. Ибтидо деҳқонон дар хонае зиёфат хӯрда, аз Қуръони маҷид сура тиловат карда ба ҳаққи бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуо мекарданд. Сипас, ҷуфти барзагову олоти ҷуфтрониро ба саҳро мебароранд, ба шохҳои ҷуфти барзагов равған молида, ба сару гарданашон орд мепошанд ва ба онҳо гандумбирён мехӯронанд, ки рамзаш баракату фаровонии ҳосил мебошад.
Дар тасаввури мардуми Бадахшон рӯзи Наврӯз фариштаҳо аз осмон ба замин фаромада, ба мардум фаровонӣ, некуаҳволӣ ва хушбахтӣ меоранд. Хонаҳое, ки аз хасрӯбаву чирки порсола тоза нашуданд, манзилҳое, ки кинаву буғз ҳукмфармост, фариштаҳо дари онҳоро намекушоянд. Ҳамин ду: рӯбучини дохили хона ва оштишавии онҳое, ки бо сабабе дар миёнашон хусумат пайдо шудааст, вижагии Наврӯз мебошад.
Махсусияти дигар он аст, ки чанд рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз дар кӯчаву майдонҳои шаҳру деҳоти Бадахшон мардони миёнасолу солхӯрда аз омадани Наврӯз ва соату замони ҷашн мужда мерасонанд. Онҳоро Донаврӯз ва Ҳоҷинаврӯз гӯянд. Донаврӯзу Хоҷинаврӯз либосҳои хосаи наврӯзӣ ба бар мекунанд, ки ранги алвон (сурх) доранд. Тоқии бадахшонии шероздор ба сар, рубоби бадахшонӣ ба даст, суруди «Наврӯзи баҳор омад»-ро мехонанд.
Дар деҳаҳои Бадахшон то ҷашни Наврӯз гӯсфанд ё нарбуз парвариш меёбад ва рӯзи ид дар хонаи озода онро хун мекунанд ва ин суннатро шогунӣ гӯянд. Илова бар ин, Наврӯзи Бадахшон дар мавриди баракату фаровонӣ рамзи махсус дорад. Рӯзи Наврӯз кадхудо ё соҳибхоназан ба чашма барои об меравад. Вақти обгирӣ чанд сангчаро ба даруни зарф меандозад. Вақте ки ба хона мерасад, онҳоро бо бастаи сабза аз равзанаи бом ба даруни хона партоб мекунад. Пас аз се рӯз онҳоро зери дарахти калон мегузорад. Дар ин амал чунин маъниҳо нуҳуфтаанд: сарчашма — рамзи манбаи зиндагӣ, сабза — равнақи рӯзгор, санг — нишони бақои ҳаёт, об — неруи зиндагӣ ва дарахт — ифода устувории зиндагӣ. Дар маҷмуъ, Наврӯз бо моҳияти ҳаётофарӣ, зебоипарастӣ дар такомули тамаддуни тоҷикон нақши бориз дорад.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»