Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд,
Хонаи уммеди мо кохи муҳаббат шуд.
Дастҳо гарми салому дидаҳо пурнур,
Зиндагӣ саршор аз файзи саломат шуд.
Пар кашад Симурѓ болои сари тоҷик,
Сарнавишти чун биҳишти мо китобат шуд.
Ишқ омад, оламе хушбӯву рангин гашт,
Ояти сабзи шукуфтанҳо тиловат шуд.
Осмони обии хушранги Истиқлол,
Рӯ ба истиқболи дилҳо масти тоат шуд.
Чун санавбар Тоҷикистон қомати мавзун
Сабзу хуррам кишвари меҳру садоқат шуд.
ВОРИС, «Садои мардум»