Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои арзишманд ба ҳисоб меравад, ки барои устувории асосҳои сохтори конститутсионӣ, ташаккули унсурҳои низоми демократӣ, вусъати корҳои созандагӣ ва муттаҳидии халқи шарафманди тоҷик нақши назаррас дорад.
Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, андешаи миллатсозии ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама, моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад.
Қобили зикр аст, ки масъалаи сулҳ дар сарзамини тоҷикон ва василаҳои ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ ба омилҳое ҳам алоқамандӣ дошт, ки ба амали Ҳукумат ва мақомоти идоракунии давлатӣ вобаста буданд. Дар ин асос метавон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расонидаанд. Яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд, ки тавассути он садҳо нафар одами ҷинояташон ба фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ иртиботдошта бахшида шуданд. Дар ҳамин чорчӯба фармонҳои Президенти мамлакатро низ роҷеъ ба ҷамъоварии силоҳ ёдовар шудан бамаврид аст.
Илова бар ин, дар натиҷаи ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имкони татбиқи сиёсати байналмилалии сулҳ ҳам фароҳам омад. Сафарҳои расмии Сарвари давлат ба Туркия, Эрон, Покистон, Чин, баъзе аз давлатҳои аъзои ИДМ, иштирок дар нишастҳои байналмилалӣ ва суханронӣ дар иҷлосияҳои СММ, эътироф шудани давлати тоҷикон аз тарафи 177 давлати ҷаҳон яке аз намунаҳои ба вуҷуд омадани пояи сулҳу ваҳдат дар мамлакат мебошад.
Дар кори устувор намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки маҳз тавассути заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби кишвар ба даст омадааст, ташаббусҳои наҷиб ҳам роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, ташкили «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон».
18 июли соли 1997 тахминан 600 вакил аз ҷумҳурӣ дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъ омада, «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро таъсис дода, якдилона Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари он интихоб карданд.
Бояд гуфт, ки «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» доир ба рушди ҷумҳурӣ, хусусан дар баланд шудани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии шаҳрвандон саҳми босазо гузошт.
Маврид ба тазаккур аст, ки сулҳи тоҷикон дорои хусусиятҳои хос мебошад. Он дар шароите ба даст оварда шуд, ки дар ҷумҳурӣ мазмуни демократия такмил ёфта, сохтори бисёрҳизбӣ ва плюрализми идеологӣ дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлол рушд ёфт. Ба туфайли талошу заҳматҳои Сарвари давлат ва ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ тоҷикон дар роҳи барқароршавии сулҳ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд. Инчунин:
- ба туфайли сулҳ хатари барҳам хӯрдани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн рафт;
- оштии миллӣ нишон дод, ки халқи тоҷик тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги қадима дошта, сулҳофар боқӣ мемонад;
- ваҳдати миллӣ ягонагӣ ва ҳамдилии тоҷикону тоҷикистониёнро таъмин карда, сарзаминро ҳамчун яке аз гаҳвораи тамаддуни башарият нигоҳ дошта тавонист.
Маҳз тавассути ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаю заминагузорандаи ғояҳои ваҳдатпазирӣ буд, ки Тоҷикистон ба зудӣ ба арсаи сиёсати байналмилалӣ ворид гашта, дар самти дастгирии сулҳ ва амнияти дохилию байналмилалӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ба давлатҳои ҳамҷавор, мубориза бо терроризм ва экстремизм, проблемаҳои об ва экология дар сайёраи замин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Баъди ноил шудан ба ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилӣ ва сиёсию иқтисодӣ дар самти тақвият ва густариши минбаъдаи ҳокимияти судӣ, низоми судӣ ва адолати судӣ низ рӯи кор омаданд. Дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар барои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар самти ба амал баровардани адолати судӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Ҳамин тариқ, ваҳдати миллӣ шароити назаррас фароҳам овард, ки Тоҷикистон ба маҷрои осоишта ва сулҳу суботи ҳамешагӣ қадам ниҳода, соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, бахусус судӣ — ҳуқуқӣ, ташаккул ёфта, рушд намояд.
Мирзоусмон ГИЁЗОДА,
раиси Суди шаҳри Душанбе