Замони муосир на танҳо бо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳою ҳамкориҳои байналмилалӣ ва равандҳои глобализатсионӣ, балки мутаассифона, бо шиддат ёфтани задухӯрдҳо ва зиддияти манфиатҳо фарқ мекунад. Инчунин, бо бархӯрдҳои мушкилҳалшавандаи тамаддунӣ, тамоюли муосири глобализатсионӣ бештар хусусияти таҳмил намудани ғарбикунонии тафаккуру фарҳанги давлатҳои шарқӣ ба назар мерасад, ки ҳифзи истиқлолияту анъанаҳои давлатҳоро мушкил менамояд.
Бархӯрдҳои тамаддуние, ки дар ҷаҳони глобализатсионӣ мавҷуданд, алоқаманд бо манфиатҳои геополитикӣ роҳҳои ҳал доранд. Дар чунин вазъият барои кишварҳои ҷудогона масъалаи нигоҳ доштани на танҳо Истиқлолияти давлатӣ, балки ҳастии миллату фарҳанг ҳамчун масъалаи тақдирсоз ба миён меояд. Зеро ҳодисаҳои солҳои охирро мушоҳида намуда, бисёр олимону сиёсатмадорон сари ҳастии инсоният андеша менамоянд. Ҳоло, дар ҷараёни бозиҳои сиёсӣ, ҷорӣ кардани демократия як навъ силоҳи бесубот кардани зиндагии халқҳо ва кӯшиши аз байн бурдани баъзе аз давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ шудааст. Демократия аслан маънои ҳокимият ва волоияти иродаи халқро дорад, ки ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон, аз тарафи абарқудратҳо ба василаи таҳмил кардани манфиати геостратегии онҳо табдил ёфтааст.
Зимнан, ҳар давру замон дар арсаи сиёсӣ мафҳумҳои калидии хос дорад. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии табаддулоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Шиорҳо дар доираи давлатҳо паҳн мешуданд, вале ҳоло онҳо барои ба даст овардани манфиатҳояшон аз суботи оромии давлатҳои дигар бо баҳонаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода мебаранд. Мутаассифона, аз ягон минбари байналмилалӣ давлатҳои ба ном паҳнкунандаи демократия ҳисобот пешниҳод намекунанд, ки дар давраи чунин табаддулоти демократӣ ҳуқуқи чӣ қадар мардум поймол мешавад, то чӣ андоза дар чунин табаддулотҳо мардуми кишварҳои ҳаводори демократия иштирок менамоянд. Аз ҳама муҳим оё ин мудохилаҳо иродаи мардуми ин ва ё он кишвар ҳаст ё не? Оё инро нишонаи демократия ҳисобидан мумкин аст, вақте ки дар ин раванд Истиқлолияти давлатӣ аз байн меравад, суботи кишвар солҳои зиёд вайрону халқ саргардон мегардад? Ҳангоме ки имкони интихоби мардуми кишварҳо аз байн меравад, ин оё нишонаи демократия аст? Ин саволҳо солҳои охир борҳо ба миён гузошта мешаванд, мутаассифона, то ба ҳол ба онҳо ҷавоби қонеъкунанда наёфтем.
Баъзе аз воситаҳои ахбори омма ё ин ки баъзе аз нафарон дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ки манфиати ин ва ё он гурӯҳро ҳимоя мекунанд, барои тарғиби идеяе, ки барои он маблағ мегиранд, хидмат мекунанд. Мисоли ин ҳар гуна арзёбии вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо, паҳншавии бемории COVID — 19, гирдиҳамоиҳое, ки дар баъзе аз кишварҳо ба амал меоянд, оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои охири фоҷиабори наздисарҳадӣ буда метавонад. Ҳар кишвар, ҳатман вобаста ба имконият, камбудиву норасоӣ дорад. Мутаассифона, баъзе аз воситаҳои ахбори омма ва ё баъзе аз нафарон кӯшиш мекунанд, ки ҳодисаҳоро яктарафа ё ин ки бардурӯғ арзёбӣ кунанд.
Дуруст аст, ки бояд сабабҳои пайдоиши бемориҳо, офатҳои табиӣ, ин ва ё он ҳодисаҳоро аз нуқтаи назари илмӣ, объективона, беғаразона баррасӣ карда, якҷоя ба масъалаҳои ҳифзи табиат, нигоҳ доштани тозагии экологӣ, дар рӯҳияи ватандорӣ ва солим тарбия намудани фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем. Аммо давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиат стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд новобаста ба хоҳишашон ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани ирода комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба онҳо омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки Истиқлолияту манфиатҳояшонро ҳимоя намоянд. Яке аз он омилҳо, захираҳои табиӣ ва мавқеи географӣ мебошад. Баъзан, ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешавад. Сиёсати байналмилалии муосир раванди яктарафаро интихоб намудааст. Дар чунин равандҳои бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд мебошад, Истиқлолияти давлатиро ҳифз карда метавонад. Дар ҳолати дигар ба майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад.
Дигар омили пешгирандаи чунин ҳолат, амали қонунҳо мебошад. Дар сурати риоя нашудани қонунҳо ҳокимият фалаҷ мешавад. Мисоли равшани ин, ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри ХХ мебошад, ки қариб сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат гардида буд. Он рӯзҳои фоҷиаборро набояд фаромӯш кард.
Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент — неруи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кӯшишу талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем аз фоҷиаи миллӣ эмин монем.
Ҳоло аксар мардуми кишвар хуб дарк кардаанд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай, амнияти ҷомеа ва тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст. Ҳамчунин, давлат дар раванди тараққиёт бе такя ба Сарвари оқилу дурандеш наметавонад механизмҳои самараноки давлатдориро дошта бошад. Хушбахтона, халқи тоҷик сарварро дуруст интихоб карда тавонист. Сарвари кишвар ба ваъдаи дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додаашон вафо карданд. Исбот намуданд, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоно мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳама гуна низоъро гирифта метавонад. Маҳз дар давраҳои вазнин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори миллат буда, вохӯриҳоро давом медоданд ва мардумро ба Ватан даъват менамуданд.
Албатта, ҳар миллат анъанаҳои хоси фарҳангию давлатдориро соҳиб аст. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиии хоси қавму миллатҳо, манфиати онҳо табиатан мавҷуданд ва ин фарқиятҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккур ва пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатиро мутобиқи менталитет ва хусусият таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад.
Дар замони муосир бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳар як давлат бояд модели давлатдориро интихоб намояд. Албатта, ин ба бозингарони абарқудрати минтақаҳои сиёсӣ маъқул намешавад, лекин ягона роҳе барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Танҳо бо дастгирии ҳама аъзои ҷомеа ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ ин ва ё он давлат суботу якпорчагиро нигоҳ дошта метавонад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Ин ҷашн аз дигар ҷашну идҳо бо моҳияти созандагиву ободкориаш фарқ мекунад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Хушбахтона, халқи фарҳангсолори кишвар бори дигар исбот намуд, ки дорои заковату хирад ва фарзандони қавииродаву матин мебошад, ки тавонистанд моро аз хатари нобудӣ эмин доранд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати дарси таърихӣ ва ҷузъи таркибии ҳаёти мардум дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши бузург дошта, ҳамаро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем. Дарвоқеъ, маҳз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ метавонад ба рушди миллат мусоидат намояд. Аз ҷумла, се ҳадафи стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоӣ расида, саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ қабул намудем.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки Ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд. Ҳоло Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад. Гузаронидани ҷаласаҳои сатҳи баланд бо иштироки сарварони давлатҳои гуногун дар Душанбе далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва пойтахти Тоҷикистон яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ мебошад. Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ, ҳамкорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо ин ниҳодҳо садҳо лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи СММ баҳои баланд гирифтааст. Ин далели он аст, ки таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ва ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст.
Арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, Президенти 20 — уми ИМА Ҷеймс Абраҳам Гарфилд (1831-1881) гуфтааст, ки пас аз ҷанг набард дар таърих шурӯъ мешавад. Бинобар ин, бояд кӯшиш намоем, ки сулҳу ваҳдати бо ҷонфидоии халқи азизамон бадастомада поянда бошаду дар китоби таърихи миллат ҳамчун дарси таърихӣ боқӣ монад. Нагузорем, ки бозичаи дасти бегонагон гардем. Набарди Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бояд ваҳдату осоиштагии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз намоему пойдор нигоҳ дорем.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон