Ваҳдати миллӣ асоси оромӣ ва осудагии мардум дар кишвар буда, тоҷикистониёнро бо мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ дар кишвар муҳайё шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати ваҳдати миллӣ гуфтанд: «Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт».
Маҳз ба ҳамин хотир, ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеа табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.
Бунёди давлати навин талошу заҳмати зиёдро тақозо мекунад ва барои амалӣ сохтани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ зарур аст. Бо дарназардошти ин, ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти муътадили ҳокимияти қонунгузор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои гуногуни ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа, ки дар давраи гузариш қарор дошт ва мардуми кишвар ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои нахустин мегузоштанд, ноил шудан ба пешравиҳо, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконпазир буд.
Аз ин рӯ, мо ҳаёти дохилии кишварро дар алоқамандӣ бо равандҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ таҳлил карда, роҳи рушди минбаъдаи онро муайян кардем ва сиёсати мутавозини хориҷиро бо дарназардошти эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ роҳандозӣ намудем.
Ҳамчунин, дар роҳи амалишавии мақсаду мароми ҷомеаи навин, яъне бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ вакилон қадамҳои устувор гузошта, сиёсати Давлату Ҳукуматро барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ равона намуданд, ки ҳамаи ин, албатта, аз ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.
Ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ аз соли 2000 парламенти касбӣ таъсис дода шуда, босамар фаъолият дорад.
Ҳоло он ба сифати шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин, таҳкими сулҳу ваҳдат ва фазои ҳуқуқии кишвар нақши назаррасро иҷро менамояд.
Ташаккул ва рушди парламентаризми миллӣ, аз ҷумла фаъолияти бомароми вакилони халқ, собит сохт, ки ин ниҳод дар пешрафт ва нигоҳ доштани авзои ҷомеа таъсири бевосита мерасонад.
Танҳо дар се соли фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум чор ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 105 ҷаласаи Шӯро ва 84 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон барпо гашт. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум зиёда аз 290 қонун қабул карда, беш аз 140 созишномаву қарордоди байнидавлативу байналмилалиро ба тасвиб расониданд, ки онҳо, дар маҷмӯъ, ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва иттиҳодияҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона гардидаанд.
Дар миёни санадҳои қабулшуда 3 қонуни конститутсионӣ, 2 кодекс, 24 қонуни мукаммал, 21 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 78 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 156 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва 110 созишнома, ёддошт, конвенсия, низомнома, протокол, шартномаҳои байналмилалӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мебошанд.
Ҳамчунин, қонунҳое қабул шуданд, ки талаби ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, ду қонуни нави конститутсионӣ: «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Маҷлиси намояндагон дар оғози иҷлосияи сеюм қабул кард, тақозои тағйиру иловаҳои соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад, ҳамчунин, мутобиқи моддаи 71 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ ба танзим медарорад. Яъне, ҳадаф аз таҳия ва қабули лоиҳаҳои ин ду қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат ба шумор меравад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.
Инчунин, санади меъёрии ҳуқуқии дигаре, ки иқдомоти яке аз ҳадафҳои олии Ҳукуматро роҳандозӣ менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мебошад. Он бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба рушди саноат, истеҳсоли масолеҳи ватании ба рақобат устувор ва афзоиши иқтидори содиротии саноат, дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин саноатисозии мамлакат, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия ва қабул гардидааст.
Дар даъвати панҷум ба вакилон муяссар гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро, ки яке аз қонунҳои муҳимтарини низоми ҳуқуқии мамлакат буда, ба фаъолияти қонунэҷодкунии вакилон иртиботи қавӣ дорад, дар таҳрири нав омода ва қабул намоянд.
Қонуни мазкурро дар аксар давлатҳо, ки ба низоми ҳуқуқии романо-олмонӣ мансуб мебошанд, «қонуни қонунҳо» ҳам ном мебаранд, ки раванди таҳия, қабул ва тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки қабули ин қонун дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардонидани шакл ва сифати қонунҳо сурат гирифта, ҳадаф аз он бартараф намудани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мукаммал намудани раванди шаклгирии низоми ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, мушаххас намудани субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ва беҳтар кардани сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз танзими дахлдори муносибатҳои ҳуқуқии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боис ба пешрафти иқтисодиёт ва низоми дигари бунёдсози мамлакат буда метавонад. Таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ба шароити нави ҳаёти ҷомеа мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои давлату ҷомеа заминаи рушди устувори низоми ҳуқуқии кишвар мебошад.
Мо таҷрибаи хуби ҷалби шаҳрвандонро ба баррасии лоиҳаи қонунҳои миллӣ дорем, ки он дар ниҳояти кор натиҷаҳои хуб ба бор овард. Идома додани ин таҷриба метавонад барои боз ҳам мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои ҳокимияти қонунгузор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун субъекти фаъоли ҳуқуқэҷодкунанда ба сифати қабули қонунҳо таъсири мусбат расонад.
Яке аз дастовардҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, ки он дар даъвати панҷум тасдиқ гардид. Он чор ҳадафи сифатиро барои давлат мо бо фарогирии 15 сол дар бар мегирад:
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;
- таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
- вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Қобили зикр аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим таҳдидҳо ба рушди кишварро дар андозагириҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дохилӣ ба инобат гирифтааст. Зарур аст, ки дар иҷлосияҳои минбаъда ҳам дар асоси стратегияи дарозмуҳлат ба таъмини ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем, қонунҳое таҳия ва қабул намоем, ки осебпазирии иқтисоди миллиро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш диҳанд, ба модернизатсияи фарогири иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат намоянд.
Дар сурати татбиқи стратегия ба пешравиҳои бузург ноил хоҳем гашт, аз ҷумла Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил дода мешавад, иқтидори энергетикии мамлакат аз 17 миллиард киловатт-соати ҳозира то 45 миллиард киловатт — соат дар як сол афзоиш меёбад ва ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид хоҳад гашт.
Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025»-ро, ки марҳилаҳои якум ва дуюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад, тасдиқ намуд.
Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила татбиқ намудани стратегияи нави миллии рушд имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ поин гардад.
Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки Маҷлиси намояндагон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, метавон гуфт, ҳамқадами замон аст. Ба ин маънӣ, оянда дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бояд ба панҷ самт таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад, аз ҷумла:
1. Таҳияи заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ бояд авлавияти раванди қонунэҷодкунӣ боқӣ монад.
2. Меъёрҳои нави қонунгузорӣ қабул намоем, ки ба табдилсозии Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ мусоидат намоянд.
3. Бояд қонунҳои марбут ба низоми иҷозатдиҳиро комилтар созем, сарбории маъмурии соҳибкориро коҳиш диҳем, тартиби иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла додани литсензия, сертификат ва аккредитатсияро осонтар кунем. Ба қонунҳое, ки фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро ба танзим медароранд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намоем.
4. Зарур аст, ки манбаи қонунгузориро оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таҳким бахшем.
5. Тамоми имконияти қонунгузориро ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи беамон ба муқобили коррупсия, бахусус дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, истифода намоем.
Равшан Раҷабов,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент