Ваҳдати миллӣ калиди дари дунёи саодат барои миллат, ба ҳам омаданҳо, аз қатра ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, таъмини умри дарози истиқлолият ва пойдории давлат аст. Яъне, ваҳдати миллат шаҳсутуни пойдории давлат аст. Давлате, ки имрӯз мо соҳиби он ҳастем ва ниёконамон тӯли ҳазор сол орзуи ба даст овардани онро доштанд. Аз ин рӯ, муваззафем, ки барои пойдории он мо — ҳар як сокини мамлакат ба қадри тавон кореро анҷом диҳем.
Он айёме, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхт, мардум ноумеду дилшикаста дар кори худ дармонда буданд, фиғони модарон гӯши фалакро кар мекарду гиряи тифлон фазои кишварро пур карда буд, касе парвои қисмати миллати тоҷикро надошт. Мардуми ноумедгашта на ба ояндаи кишвар умед доштанду на ба пайваст гардидани риштаҳои гусастаи дӯстию бародарӣ дар мамлакат. Ҳама ниёз ба оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доштанд.
Насли калонсол шоҳиданд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ минтақаи Рашт ба майдони тохтутози дастаҳои ҷинояткор табдил ёфта, ба мардуми заҳматкаш ҷабру ситами зиёдро раво медиданд. Ашхоси бегонапараст, ки дар вуҷудашон на ҳисси худшиносӣ доштанду на ҳувияти миллӣ шароитро мусоид дониста, ба корҳое даст заданд, ки мардумро дилшикаставу рӯҳафтода мегардонид. Дар ноҳияи Рашт вазъият риққатовар буд.
Ба сари қудрат омадани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин саодат буд барои тоҷикон. Ҳанӯз аз рӯзи аввал садо баланд кард ва бо боварӣ гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Иҷрои ин ваъда кори осон набуд, аммо мавсуф бо боварӣ ва овози таъсирбахшаш оташаки хомӯшгаштаистодаи қалбҳоро фурӯзон гардонданд. Билохира бо ҳама мушкилиҳо бо талошҳои зиёди ӯ сулҳу оромӣ дар мамлакат барқарор шуд. Аммо ин ҳанӯз оғози кор буд. Ҳанӯз мардуми Тоҷикистон ҷуръат надоштанд аз минтақае ба минтақае сафар кунанд. Миллате, ки то дирӯз бо ҳамдигар бародар буданд ва аз як коса об менӯшиданд, метарсиданд, ки ба хонаи якдигар раванд. Ҳамон рӯзҳо фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастиашонро барои эҳёи миллат ва Тоҷикистони сӯхта бахшида буданд, дар бораи ваҳдати миллӣ панду андарз гуфтанд, мардуми Тоҷикистонро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ба ягонагӣ ва дӯстиву рафоқат даъват карданд.
Ваҳдат бақои миллат аст ва маҳз дар кишваре, ки дӯстиву бародарӣ, ба ҳам омадану аз «ман» «мо» шудан ҳаст, ҳаёт лаззати дигар дорад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нафармудааст:
Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.
Пешвои миллат ҳангоми баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2019 дар шаҳраки Ғарм андешаҳояшонро чунин иброз доштанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».
Инак, аз он рӯзҳо 27 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андарзҳои оқилонаву чораву тадбирҳои андешидаашон сокинони кишвар дубора дӯсту бародар шуданд. Имрӯз агар мо ба кадом гӯшаи кишвар, ки наравем, бо чеҳраи кушоду оғӯши боз пешвозамон мегиранд. Маҳз ваҳдат боиси рушду нумӯи кишвар шуд.
Вале набояд дар ғафлат монем. Як лаҳза дар ғафлат мондан боиси пушаймонӣ хоҳад шуд. Ҷудоии дубора боиси харобии кишвар ва маҳви миллати заҷркашидаву соҳибтамаддун мегардад. Ин панди Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бояд дар ёди ҳар кадомамон бошад:
Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,
Сад гиреҳ бар рӯйи кори мо фитод.
Аз ин рӯ, аз кӯдаки ҳафтсола то пири ҳафтодсола бояд ба маънои вожаи «ваҳдат» расем ва барои ягонагии миллати азиз талош намоем.
Мехоҳам дар поёни матлаб иқтибоси дигарро аз суханронии Пешвои миллат ба хонандагони азиз пешкаш кунам: «Бовар дорам, ки тамоми мардуми тамаддунсозу шарафманди Тоҷикистон… минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёрамон содиқона иҷро карда, ҳамаи кӯшишу талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ тарбия кардани фарзандон сафарбар менамоянд».
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»