Ба истиқболи 25 - солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ мардумро ба марҳилаи нави зиндагӣ расонид

№72-73 (4492-4493) 14.06.2022

ВАХДАТИ МИЛЛИСоли 1997 бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон мардуми кишвар тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқро ба эътидол оварад ва рушди онҳоро оғоз бахшад. Ин аст, ки ҳоло Тоҷикистони азиз ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳашро пайдо карда, ­эътибори баландро сазовор гаштааст.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Ҳама донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки вақтҳои охир ба вуқӯъ омаданд, ба мардум ва ҳукуматҳои давлатҳои алоҳида ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст.

Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ пайвасти ногусастанӣ дорад. Дар Конститутсияи мамлакат низ муқаррар шудааст, ки ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Маҳз суд таҷассумкунандаи ҳуқуқи аслӣ, адолати ҳақиқӣ мебошад.

Татбиқи адолати судии воқеӣ яке аз василаҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, он ҷое, ки давлати ҳуқуқбунёд дар асоси волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст, ҳокимияти судӣ он неруе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама кафолатҳоро бар уҳда дорад. Ба ибораи дигар, ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро мавҷудияти чунин давлатро наметавон бидуни таъмини адлу адолат, инсоф ва озодиву баробарӣ тасаввур кард.

Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор карда шуда, нишонаи олии он ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро дар сурати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомот, шахс метавонад бо истифода аз ҳифзи судӣ, шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намояд, ки ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф намояд. Ҳоло бо шарофати пойдории сулҳу субот ҳокимияти судӣ имконияти ҳифзи ин дастовардҳоро дорад. Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо дар судҳои ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дӯстӣ, меҳру муҳаб­бат, бахшиш, боварӣ ва таҳаммул дар муқобили ҳамдигар пойдевори ваҳдати миллии мост. Бинобар ин, бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин, дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ саҳми муносиб гузошта, муқаддасоти миллиро ҳифз намоем.

П. МИРЗОЗОДА,

судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон