Ваҳдати миллат — намунаи беназири сулҳофарии тоҷикон

№73 (3710) 20.06.2017

Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Фото-голубейИмрӯз тавассути воситаҳои ахбори омма матолибро оид ба даргириву бархӯрдҳо дар ин ё он гӯшаи дунё мутолиа намуда, бори дигар ба қадри Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мерасем. Воқеан, имзои ин созишнома ба дарбадарию беватанӣ, ба бесарпаноҳии хонаводаҳову ятимсозии тифлони бегуноҳ, ашки пурсӯзи модарон хотима бахшид.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТ

Давлати тоҷикон дар охирҳои садаи бистум соҳибис­тиқлол шуд. Вале ҳанӯз шаҳди истиқлолиятро начашида, давлати тозаистиқлол гирифтори даргириҳои дохилӣ, бозиҳои пасипардагӣ, сиёсатҳои духӯраи кишварҳои абарқудрат гардид. Давлат, миллат, истиқлолиятро нестшавӣ таҳдид мекард. Миллат ба марҳилае ворид гашт, ки «доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ ва баъзе қувваю гурӯҳҳои дохилӣ низ манфиатдори идома ёфтани ҷанг, барбод рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик буданд. Онҳо ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд ва намегузош­танд, ки халқи тоҷик иродаи худро озодона изҳор карда, ҳамчун миллати соҳибдавлат обрӯманд гардад. Гузашта аз ин, нақшаи тақсими Тоҷикистонро мекашиданд ва ҳатто дар назди созмонҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ мекарданд».

Дар ин марҳилаи тақдирсозу таърихсоз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки бузургтарин дастоварди замони истиқлолият ва ҳуҷҷати мондагор ба шумор меравад. Ҳамин манзалату ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».

Оре, нақши ваҳдати миллӣ дар таърихи навини тоҷикон воқеан бузургу сутуданӣ буда, бақову мондагории давлату миллат ба он пайванди ногусастанӣ дорад. Доир ба  ин нукта ҳама афроди ҷомеа иттифоқи назар доранд, ки маҳз бо доштани ваҳдати миллӣ метавон ба некуаҳволии халқу пойдории давлат комёб гашту дар олам ҳамчун миллати созандаву ташаббускор эътироф шуд.

ТОҶИК — МИЛЛАТИ СУЛҲХОҲ

Тоҷик дар дарозои таърих ҳамчун миллати сулҳдӯст, нармхӯву суханвар ва ороста ба ҳама сифати ҳамидаи ҷавонмардӣ тавсиф гаштааст, вале бо фирефта гаштани бархе аз фарзандонаш ба «ваъдаҳои бепояву муғризона ва манфиатҷӯёна»- и хоҷагони хориҷӣ чунон гирифтори даргириву кинатӯзӣ гашта буд, ки дигар на ёде аз таърихи худ менамуду на андешае аз бақои хеш. Маҳз дар ин марҳилаи таърихсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардиду фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ  интихоб гардиданд.

Дарвоқеъ, бо интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин симат сафҳаи тозае дар таърихи тоҷикон кушодаву умед ба зиндагии осоиштаву ояндаи дурахшон дар дили ҳар тоҷик зинда гашт. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд». Маҳз бо ташаббуси бевосита ва талошҳои пайгиронаву сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат бунёдгузори  пояҳои нахус­тини давлатдории тоҷикон дар асри ХХ оғоз ёфт. Ба ин тартиб, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуда, заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва сулҳу субот ва шароит барои амалисозии барномаҳои давлатӣ фароҳам шуд.

Сарвари давлат бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуданд, ки тоҷик фитратан сулҳхоҳу толиби зиндагии осоишта аст ва агар боре даст ба харобкорӣ ва ё озори дигарон дароз карда бошад, бешак он бархоста аз таҳрики дигарон ва фанду фиреби муғризонро хӯрдани ӯст.

Даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ва сарҷамъ гаштани миллати пареш, пеш аз ҳама, ба талош­у азхудгузаштанҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Пешвои миллат бо муқаддам доштани манфиати миллӣ-давлатӣ аз манфиати шахсиву гурӯҳӣ дигарбора ба миллатсозиву давлатсозӣ муваффақ шуданд, дар ҳоле ки «роҳи сулҳ низ чандон ҳамвору бемонеа набуд. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаи тақдири миллату давлат шахсон ва қувваҳое низ буданд, ки ба тақозои ғаразҳои сиёсии худ мегуфтанд: агар мо бо мухолифин сари музокирот нишинем, эътибори Ҳукумат ва роҳбарияти он паст мегардад. Лекин мо ҳама гуна эҳсосоти сиёсиву ғаразҳои гурӯҳиро як сӯ гузошта, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ба гуфтушуниди сулҳ оғоз кардем» (Аз суханронии Пешвои миллат ба ифтихори 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ).

Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун намунаи беназири сулҳофарӣ бори дигар исбот намуд, ки ҳар миллат танҳо бо бархӯрдорӣ аз иттиҳоду ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ метавонад ба истиқлолияти комили давлатӣ даст ёбад. Надоштани ваҳдати миллӣ маънои қарор доштан дар вартаи нобудиро дорад.

МАСЪУЛИЯТ

Мо дар арафаи бистумин солгарди санаи тақдирсоз-баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Замонест, ки ҷаҳон ба таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳасту ҳеҷ давлате аз гирифтор шудан ба даргирии дохилӣ эмин нест. Бозиҳо тундтар гаштаву камтарин иштибоҳе ба вартаи нобудӣ андохтани давлату миллат сабаб мегардад. Ҳамин аст, ки имрӯз миллат ба ваҳдати милливу посдории он ниёзи бештар дорад. Бояд ҳар шаҳрванд дар ростои сулҳу ваҳдати миллӣ эҳсоси масъулият намояд ва нагузорад, ки бадхоҳону манфиатҷӯён иттиҳоду ҳамдилии моро рахна намоянд.

 Абдусалом МИРАЛИЕВ, муовини аввал, муовини ректори ДМТ, профессор