Маънӣ ва моҳияти ваҳдати миллиро мардуми мо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистон хун мегирист, бештар дарк намуданд. Вожаи ваҳдат дар дили аҳли фазл, ватанпарастони асил ҷо ёфт ва гулдастаи ваҳдат шукуфонд. Он боиси ба истиқлолияти комил расидани Тоҷикистон шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом сари минбар, дар ҷамъомадҳои хурду бузург аз ваҳдати миллӣ арзи маънӣ мекунанд, ҷавонон ва аҳли ҷомеаро ба дӯст доштани Ватан — Тоҷикистони азиз ҳидоят намуда, таъкид месозанд, ки ватандӯсти ҳақиқӣ бошанду ба қадри ваҳдати миллӣ бирасанд.
Агар мо ваҳдатро шиор намекардем, ба сулҳи саросарӣ ноил намегардидем. Тоҷикистон, ки бар асари ҷанги таҳмилӣ қариб буд пора-пора шавад, бо ваҳдати миллӣ ва якдигарфаҳмии сокинонаш аз ин варта раҳо ёфт. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем».
Ҳамон ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 бо талоши Роҳбари давлатамон ба даст омад, боис шуд, ки имрӯз дар фазои осоиштаи давлати соҳибистиқлоламон озодона кору зиндагӣ мекунем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар изҳор намуданд: «Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
Ҳама ваҳдатсарои ин Ватан бошем,
Анису бовафои ин Ватан бошем.
Ҳамеша ҷонфидои ин Ватан бошем,
Ба ҷон андар ризои ин Ватан бошем.
Агар дар ҳар куҷои ин Ватан бошем,
Ватан моро чу модар дӯст медорад,
Ба ҷону дил баробар дӯст медорад.
Вожаи ваҳдат, албатта, нав нест. Бузургони миллати тоҷик аз асл, хоса адибон, ваҳдатсароӣ мекарданд. Имрӯз бошад, ин вожа бо вожаҳои Ватану Истиқлоли Тоҷикистон, сулҳу озодии миллат тавъам садо медиҳаду маънии олии ватандӯстиро касб кардааст. Садои ваҳдати миллӣ аз забони Сарвари давлат шукӯҳманду ширину сермаъно ба гӯш мерасад. Вожаи ваҳдат, ки аз забони Пешвои миллат садо медиҳад, халқро ба ободӣ, зиндагии босаодат, ояндаи нек ва шукуфоии кишвари азиз талқин мекунад.
Мо дар шароити феълӣ ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёзи бештаре дорем. Аз ин лиҳоз, бояд атрофи Сарвари давлат сарҷамъ бошем, зери роҳбарии ӯ фазои сулҳу ваҳдат, ягонагии миллиро барои ҳамеша ҳифз намоем.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
рӯзноманигор, сокини ноҳияи Файзобод