Зиндагии дар гираҳ афтодаро
Берун аз ҷаҳли мураккаб ӯ намуд.
Аз шикасту пораву вайронаҳо
Тоҷикистонро мураттаб ӯ намуд.
Кишвари дар хоку хун афтодаро
Рӯи по хезондаву барнома дод.
Миллати моро ба ҳам овард ӯ,
Ваҳдати моро шаҳодатнома дод.
Дар паноҳи меҳри Яздони бузург
Кард обод Тоҷикистони бузург.
Парчами моро баланд афрохт ӯ,
Ёдгоре аз Хуросони бузург.
Зиндагонияш барои миллат аст,
Нангу ораш баҳри рафъи иллат аст.
Ҳамнафас бо мардум аст ӯ ҳар нафас,
Ҳамнишину ҳамдилу ҳамқисмат аст.
Дидаем андар гузашти солҳо,
Ҷоннисориҳову азми Пешво.
З-ин сабаб аз дидаву аз синаҳо,
Меҳри ӯро мо намесозем ҷудо.
Нозир ЁДГОРӢ