Ваҳдати Пешво

№79 (4499) 25.06.2022

Хотири пиру ҷавон шод аст,

Мардум аз дарду ғам озод аст.

Аз парешонӣ нишоне нест,

Меҳан аз ӯ Ваҳдатобод аст.

Пешвои мо Худодод аст,

Баҳри мо ӯро Худо додаст.

Душмани тиру камон бошад,

Ошиқи тирукамон бошад.

Бо ҳамин Сулҳе, ки овардаст,

Номи некаш ҷовидон бошад.

Пешвои мо Худодод аст,

Баҳри мо ӯро Худо додаст.

Пуштибони миллаташ донем,

Обрӯи давлаташ донем.

Ваҳдате бе ӯ намебуд ҳеҷ,

Қаҳрамони Ваҳдаташ донем.

Пешвои мо Худодод аст,

Баҳри мо ӯро Худо додаст.

Мо ба ин Ваҳдат вафо созем,

Дардҳояшро даво созем.

Чун раҳонид аз бало моро,

Ҷон ба ин Ваҳдат фидо созем.

Пешвои мо Худодод аст,

Баҳри мо ӯро Худо додаст.