Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақте арзишҳои фарҳангӣ арҷгузорӣ мешаванд…

№15 (4911) 31.01.2025

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар паёмҳои Роҳбари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буд. Паём, яъне сухани самимии Роҳбари давлат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонист.

Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Роҳбари давлат сиёсати ҳуқуқии кишвар ташкил дода, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда ҷиҳати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, ­фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила таҳкими ­фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии кишвар дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикис­тонро ташкил медиҳад.

Дар Паёми Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ ба вазорату идораҳои мухталиф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, барои таҷлили ҷашни 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба мас­ъулин дастур дода шуд, ки маводи заруриро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки Эъло­мияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳанӯз дар давлатҳои дунёи қадим мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он беш аз 50 ғояи башардӯстӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ инъикос ёфтааст. Эъломияи Куруши Кабир бо номи «Лулаи Куруши Кабир» боиси таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи умумибашарӣ қарор гирифта, ҳангоми таҳияи ­Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки онро Иҷлосияи III кулли СММ бо қатъномаи худ 10 декабри соли 1948 қабул кард, аз он истифода шудааст. Дар Эъло­мияи умумии ҳуқуқи башар дар 44 маврид ғояҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар шаклу мазмуни дақиқи имрӯза омадааст.

Эъломия ҳуҷҷатест, ки дар он саъю талош ва муборизаи халқҳои ҷаҳон ва намояндагони алоҳидаи онҳо баҳри эътироф ва қабули озодию баробарӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон қабул шудааст.

Эъломияи Куруши Кабир дар замони зиндагии ӯ ба се забон — форсӣ, эломӣ ва бобулӣ ба рӯи устувонае аз гили пухта нақш гардид. Лавҳае, ки ба забони бобулӣ аст, пас аз ҷанги якуми ҷаҳон аз ҷониби бостоншиносони англис аз маҳали шаҳри қадимаи Бобул дарёфт шуда, ҳоло дар осорхонаи Британия маҳфуз аст.

Эъломия бо зиёда аз 360 забон нашр шуда, аз доштани хусусияти универсалӣ ва миқёси паҳншавии он шаҳодат медиҳад.

Иқдоми нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пазируфта шудани он мебошад. 26 феврали соли 1992, баъд аз ба имзо расонидани Санади хотимавии Хелсинкӣ, Тоҷикистон ба узвияти САҲА қабул гардид ва 2 марти соли 1992 дар Иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генралии СММ қатънома оид ба қабули Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Шукрона бояд кард, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳон бо фарҳангу тамаддуни пурғановат эътироф намуда, ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Аз ҷониби дигар, таърих моро водор месозад, ки арзишҳои миллии хешро боифтихор ҳифз намоем.

М. САЛОҲИДДИНЗОДА,

корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон