Ҳушдор

Вақте дари ягона муассисаи фарҳангӣ дар деҳот солҳо баста аст…

№135 (4718) 13.11.2023

Боз дар бораи клубҳои деҳот

ТУГАР — копияИнфрасохтори соҳаи фарҳанг дар ноҳияҳои кишвар ҳоли табоҳ дорад. Бо ин сабаб баъзе муассисаҳои соҳа рисолати худро, тавре ки мебояд, анҷом дода наметавонанд. Ҳатто метавон гуфт, қисме аз ин муассисаҳо танҳо ба ном вуҷуд доранд. Ба ин гуфтаҳо муассисаҳои клубӣ, ки солҳои қабл наздашон китобхона, чойхона, маҳфилҳои рассомӣ, толори намоиши кино ва консерт доштанд ва бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ зуд-зуд мардуми маҳаллиро ба ҳам меоварданд, далел буда метавонанд. Ин муассисаҳо, ки замоне бо роҳандозии маҳфилҳои гуногун ҳамсони мактаб дар ташаккули маърифати наврасони маҳал саҳм мегузоштанд, солҳост дари худро ба рӯйи онҳо боз намесозанд.

Тибқи маълумоти дастрас, айни замон дар саросари мамлакат 400 муассисаи клубӣ мавҷуд аст, дар ҳоле ки то соли 2000-ум ин шумора ба 1062 мерасид. Рақамҳо собит менамоянд, ки дар зарфи 23 сол беш аз 600 клуб, ки ба ғайр аз бинои асосӣ ҳар кадом дар назди худ қитъаи замин ҳам доштанд, комилан аз байн рафтанд.

«Барраи думомаро гург мехӯрад»

Тамоми клубҳо мероси замони шӯравӣ мебошанд. Омӯзиш нишон дод, ки дар натиҷаи кашмакашии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар фаъолияти ин муассисаҳо заъф пайдо гашт, аммо фаъолияташон барҳам нахӯрд. Санади расмие, ки барҳам хӯрдани клубҳоро тасдиқ намояд, низ вуҷуд надорад ва ин муассисаҳо ҳоло ҳам ба рӯйхати муассисаҳои соҳаи фарҳанг шомил буда, моликияти давлат маҳсуб меёбанд. Танҳо бо дигар шудани вазъи сиёсӣ, соли 1994 клубҳо (ва тамоми шикастурехти онҳо) ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (қаблан ин вазифа ба дӯши колхозу совхозҳо буд) вогузор шуд, аммо назорати фаъолияти муассисаҳо ба зиммаи Вазорати фарҳанг мебошад. Яъне, дар маҷмӯъ, назорат, ҳифз ва фаъолияти клубҳоро ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба зимма дорад, ҳам Вазорати фарҳанг.

Акнун муассисаҳо «барраи думома»-ро мемонанд. Миёни халқ мақоле роиҷ аст, ки «барраи думомаро гург мехӯрад». Хонандаи закӣ низ ин ҳақиқатро аз матлаби зер дарк хоҳад кард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ низомномаи ин муассисаҳо, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро танзим менамояд, таҷдид ва ба замони нав мутобиқ гардид. Тибқи низомномаи нав, мақсади муассисаҳои клубӣ, аз ҷумла қонеъ гардонидани ниёзҳои фарҳангию фароғатии шаҳрвандон, ­инъикоси истеъдод, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангию маънавӣ, таъмини пешрафти фарҳанги сокинони Тоҷикистон, инчунин, ба ҷаҳониён шиносонидани фарҳанги гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва пайвастани он ба фарҳанги башарӣ мебошад. Яъне, замони соҳибистиқлолӣ ба дӯши муассисаҳои мазкур вазифаи нав, ҳатто метавон гуфт муҳимтарин, вогузор шуд.

Аммо…

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари калоба гум карда, истифодаи дурусти клубҳоро  сарфаҳм нарафтанд. Агарчи аз соли 1994 то имрӯз роҳбарон оғоз аз раисони маҳаллаю ҷамоат то раисони ноҳияю вилоятҳо, ки чашму гӯши Ҳукумат миёни халқ мебошанд ва моликияти давлатро мебояд аз нестшавӣ нигоҳ дошта, сиёсати созандаи Роҳбари давлатро дар ноҳияҳо пиёда созанд, борҳо иваз шуданд, вазъи муассисаҳо сол аз сол баъдтар шуду беҳтар не. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба хотири рушди ин муассисаҳо на танҳо кори чашмрасе анҷом надоданд, балки ба ин амонати давлат хиёнат ҳам карданд. Солиёни зиёд барои таъмир ва дигар шикасту рехти клубҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағ (вазъият имрӯз ҳам чунин аст) ҷудо намешуд. Агар шавад ҳам, он танҳо барои сафед кардани бино кифоя мекунаду халос. Аз суҳбате, ки бо мутахассисони бахши фарҳанги вилоятҳо доштем, маълум шуд ҳамин омил — нокифоя будани маблағ боиси хароб ва ҳатто то ба ҳолати садамавӣ расидани муассисаҳо гардидааст.

Воқеан, чунин муносибати ношоистаро ба муассисаҳои мазкур танҳо хиёнат метавон ном бурд, хиёнат ба моликияти давлат, ба соҳаи фарҳанг ва мардуми музофот, ки солҳо аз хизматрасонии ин муассисаҳо бебаҳра мондаанд. Ҳақиқат ин аст, ки масъулони сиёсати фарҳангии кишвар солҳо ин ҳама зарарҳои моддиву маънавиро нодида гирифтанд. Ҳамин тавр, шумораи клубҳо сол аз сол кам шуд. Суоле ба зеҳн меояд:

Клубҳо куҷо шуданд?

Фарзия буд, ки бинои клубҳо фурӯхта шудаанд, аммо ин фарзияро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотӣ, ки 26-уми июли соли равон доир шуд, рад намуд. Аз ҷумла гуфт: «Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» фурӯхтани муассисаҳои характери иҷтимоидошта, аз ҷумла муассисаҳои фарҳангӣ, манъ аст, аммо дар сурати зарурат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъаларо бояд бо Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намояд. Вазорат танҳо дар ҳолате ба фурӯши муассисаҳо иҷозат медиҳад, ки ҷои он муассисаи нави фарҳангӣ бунёд шавад». Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки тӯли фаъолияти роҳбарии ӯ касе ба Вазорати фарҳанг барои фурӯхтани бинои клуб муроҷиат накардааст. Таҳқиқи мавзӯъ нишон дод, ки солҳои пештар низ дар ин хусус ба вазорат муроҷиат нашудааст. Ин далел моро муътақид месозад, ки тақдири клубҳо дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаллу фасл шуда, ҳарчанд масъу­лин — намояндагони соҳаи фарҳанг дар ноҳия ва шаҳру вилоятҳо ба ин пурсиши мо ҳамагӣ посухи монанд доданд: клубҳо бо сабабҳои гуногун аз байн рафтаанд.

Чӣ омилҳо муҷиби аз байн рафтани муассисаҳои фарҳангӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо харидуфурӯш, балки ба ихтиёри касе гузоштану ғайримақсад истифода намудани онҳоро манъ менамояд, гардидааст? Чаро то имрӯз касе муҷиби ин амали ғайриқонунӣ нашудааст. Воқеан ҳам, Вазорати фарҳанги кишвар якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин пурсиш посухе мегуфта бошанд?

Муассисаҳои боқимондаро чӣ мушкил домангир аст?

Тавре аз суҳбат бо сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатии Вазорати фарҳанг Озар Орифӣ маълум шуд, ҳоло клубҳои боқимонда ҳамагӣ бо як ё ду воҳиди корӣ фаъолият доранд.

- Омӯзиш ва таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки вазъи клубҳои боқимонда ҳам нигаронкунандаанд. Ин муассисаҳо аз ҷониби бахшҳои фарҳангии ноҳияҳо назорати ҷиддӣ надоранд. Вазъи муассисаҳо ҳоло барои гузаронидани чорабинӣ мусоид нест, на суратҳисоб доранд ва на корманд. Таъсиррасониро ба мафкураи мардум кайҳо аз даст додаанд. Албатта, дар чанд соли охир сохтмони қасрҳои фарҳанг бо тарҳи наву зебои замонавӣ анҷом мепазиранд, ки ин кори хубест, аммо онҳо бештар дар маркази ноҳияҳо сохта мешаванд на дар ҷамоатҳо,- гуфт директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Аминов.

Албатта, солҳои охир барои беҳтар намудани вазъи ин муассисаҳо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон, баъзе корҳои созанда анҷом пазируфтаанд. Чунончи, клуби деҳот дар ноҳияи Ҷайҳун ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ (пурра набошад ҳам) таъмир гардид. Клуби дигар дар ноҳияи Панҷ бо масрафи 200 ҳазор сомонӣ таъмир шуд. Дар деҳаи Оқбулоқи ноҳияи Балҷувон барқарорсозию сохтмони клуби дигаре идома дорад, аммо дар ин самт ҳанӯз корҳои зиёде анҷом бояд бипазиранд, зеро ҳоло аз 162 клуби вилоят 9 — тои он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, қисми дигар ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. Масалан, клуби деҳоти «Чубек» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бинобар надоштани шароити мусоид, имкони ба ҳам овардани мардуми деҳотро надорад ва ҳоло беш аз 20 ҳазор нафар аҳолии деҳот аз хизматрасонии ин муассисаи фарҳангӣ — фароғатӣ бебаҳра мебошанд.

Вазъи 11 клуби шаҳри Ҳисор низ хуб набуда, аз 15 бинои клуби ноҳияи Рӯдакӣ то имрӯз якто ҳам боқӣ намондааст. Вазъияти клубҳо дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин беҳ нест.

Чӣ бояд кард?

Абдулфаттоҳ Аминов афзуд: «Чанде пеш дар ҷаласаи назди вазири фарҳанг фаъолияти клубҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Интизор меравад оянда фаъолияти ин муассисаҳо беҳтар гардад».

 Мо низ ба ин умед мебандем, зеро муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла клубҳои деҳот, тарбиятгари рӯҳи инсон бояд бошанд, аммо мо бо фалаҷ сохтани онҳо ба мафкура, завқ ва маънавиёти мардуми деҳот осеб расондем, ки инро метавон садама шуморид. Садамае, ки пайомади ногувор хоҳад дошт. Чунин паёмадҳои манфиро аллакай солҳои охир дидем. Дидем, ки баъзе аз ҷавонони мо – хусусан аз деҳоти дурдаст, ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваста, рӯзгори хешро тира намуданд. Танҳо ҳамин далел кофист то хулоса намоем, ки ҷои ин муассисаҳо дар деҳот холист ва на телевизиону радио ва на интернет то имрӯз ин холигиро пур наменамоянд.

Ба ин хотир, клубҳои боқимондаро наҷот бояд дод. Вазорати маориф ва илм соли равон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қуд­ратии ҷумҳурӣ заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаҳоро, ки аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ғайриқонунӣ тасарруф шуда буданд, бозпас гирифт. Ба назар чунин мерасад, ки Вазорати фарҳанг дар ин самт «пинак» вайрон карданӣ нест, ҳарчанд кайҳо замонаш расида. Воқеан, бинои муассисаҳои фарҳангӣ, хоса клубҳои деҳотро, бозпас бояд гирифт. Зарур аст дар деҳот биноҳои наву зебо, ки таваҷҷуҳи ҳар сокини деҳаро ҷалб карда тавонанд, бунёд ёбанд. Дар наздашон китобхона бошаду курсҳои рассомию забономӯзию ҳунар­омӯзӣ. Дар клубҳо маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ доир гардад.

Набояд фаромӯш кард: вақте дари ягона муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот солҳо баста аст, пас ин фазо ҳанӯз барои қисми бештари мардуми кишвар холист ва он ба чизҳои нолозиме пур хоҳад шуд, ки ба сириштмояи миллат ҳатман таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»