Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар ҷумҳурӣ танзим менамояд. Бисёриҳо ёд доранд, ки барои қабули қонуни мазкур ва соҳиби мақоми давлатӣ шудани забон масъулон чӣ қадар талош карданд. Коршиносон низ эътироф намудаанд, ки аз лиҳози талаботи ҳуқуқэҷодкунӣ қонуни зикршуда аз беҳтаринҳо маҳсуб шуда, истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба танзим медарорад.
Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад. Тибқи талаботи моддаи 3-и қонун: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».
Як бартарии дигар он аст, ки тибқи муқаррароти моддаи 4 — уми қонун миллат ва халқиятҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модарӣ ҳуқуқ доранд. Илова бар ин, банди дуюми моддаи зикршуда муқаррар кардааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд. Ин талаботро моддаи шашуми қонун пешбинӣ мекунад ва тибқи банди 2-юми он муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.
Ҳарчанд тибқи талаботи моддаи 9-уми қонун дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад, банди сеюми ин модда муқаррар кардааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.
Шарҳи мухтасари муҳтавои қонун ба сафсатапардозиҳои як идда «соҳибони забон» рабт дорад. Ба «пӯст» — и ин «аллома» — ҳо замоне «кайк даромад», ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиён гуфтанд, ки дар Тоҷикистон қонунан номи забони давлатӣ «забони тоҷикӣ» эълон шудааст. «Мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» — ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем», — афзуданд Пешвои миллат. Дар робита ба ин масъала, аз зиёиён ва олимони кишвар даъват шуд, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми «забони тоҷикӣ» бетараф набошанд ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд.
Баробари ироа шудани ин суханон аз ҷониби Пешвои миллат ашхоси дар боло зикршуда чун дар оина симои худро диданд ва ба «худсафедкунӣ» пардохтанд.
Зиндагиву «фаъолият»-и баъзе аз «аллома»-ҳои «забоншинос» «як бому ду ҳаво»-ро монанд аст. Онҳо мунтазам аз форс будану ба таърихи форсҳо эҳтиром қоил будан лоф мезананд ва ба оташи баҳс бобати аз хати кириллӣ ба хати арабиасос гузаштан доим «равған мерезанд». Мехоҳанд моро дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор андар хами як кӯча қарор диҳанд». Ҳазён мегӯянд, ки «забони тоҷикӣ як истилоҳи сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва корбурди он сифатан дар ҳавзаи расмист ва фаротар аз қаламрави Шӯравии пешин ба кор намеравад».
Маълум аст, ки сафсатапардозии нави ин «ҷаноб»-он идомаи мантиқии кӯшишҳояшон барои баргаштан ба хати арабиасос мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки аз солҳои 20 — 30 — юми асри XX баҳсҳо оид ба хати кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ идома доранд. Ин масъала махсусан дар солҳои 90 — уми асри гузашта, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бештар мавриди баҳс қарор гирифт. Аз соли 2000 дар ҷомеаи Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатхоҳе ба вуҷуд омаданд, ки масъаларо дубора матраҳ намоянд.
«Ташаббускорон»-и ин «тарҳ» медонанду нодида мегиранд, ки пайдоиши хати арабӣ ба асри I ҳиҷрӣ рост меояд. Ин хат дар давраҳои аввали густариши дини ислом, аз нимҷазираи Арабистон ба дигар минтақаҳо паҳн гардида, ба сари халқҳои гуногун иҷборан бор шуд.
Аз ибтидои асри VIII дар Осиёи Миёна баробари забони арабӣ хати он низ паҳн гардид. Ин хат аз замони пайдоиш норасоиҳо дошт ва барои густариши дини ислом мусоидат намекард. Ин боис гардид, ки арабҳо ба он тағйирот ворид кунанд. Баъди ҷустуҷӯи зиёд фаъолони дини ислом ба хулоса омаданд, ки барои ифодаи овозҳои садонок аломатҳои зеру забарро ихтироъ намоянд. Ин дигаргунсозӣ асосан дар ибтидои асри I ҳиҷрӣ ба вуқӯъ омад ва барои хондани матнҳо хеле кумак кард. Муҳимтар аз ҳама, нухбагони илму адаби Шарқ норасоии ин алифборо хуб медонистанд ва ҳамеша барои иваз намудани системаи хат талош меварзиданд. Машҳуртарини онҳо Абурайҳони Берунӣ ва Дақиқӣ буданд.
Мухотабони мо беҳтар аз дигарон медонанд, ки яке аз монеаҳои саводнок шуда натавонистани қишри зиёди аҳолӣ мушкилнависӣ ва мушкилхонии ин хат буд, зеро имкониятҳои дохилии алифбои арабӣ якхела ва дилчасп нестанд. Ин алифбо аз 28 ҳарф иборат мебошад, ки 16 — тоаш шакли мустақил дорад. Ҳарфҳои боқимонда аз якдигар танҳо аз рӯйи шумораҳои нуқта фарқ мекарданд. Нуқта дар ифодаи ҳарфу овоз нақши муҳим дошт, зеро агар як нуқта меафтид ё як нуқта илова мешуд, маъно тағйир меёфт, ки боиси нофаҳмӣ низ мегардид.
Дар маҷмӯъ, ҳадафи ин «ҳамадон»- ҳо бо ибрози андешаҳои подарҳаво баргаштан ба қафо ва ҷомеаро бесавод кардан мебошад, ки ин «рисолат» — ро ба зиммаи онҳо «хоҷаашон» вогузор кардааст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»