Нолаи ҷонгудози падар аз хоби ширину гуворо бедорам сохт.
- Чӣ шуд, падарҷон, чаро оҳу воҳ доред, магар ягон ҷоятон дард мекунад, месӯзад, — мепурсам дилсӯзона аз ӯ.
- Бачам, доруи маро аз рӯи миз бидеҳ, қафаси сина ва тамоми қабурғаҳоям сахт месӯзанд. Аз ҷароҳати бардоштаам ҳини озод кардани шаҳри Житомири Украина аз фашистони малъун солҳои зиёд гузашт, вале захмҳо то ҳол азобам медиҳанд.
Малҳамро, ки бӯйи пудинаи даштӣ мекард, рӯи кафи дастам гирифта, ба пушту паҳлуи падари ҷанговарам оҳиста-оҳиста молидам, аммо нолаи ҷигарсӯзи падар баъди масҳ ва молидани малҳам боз ҳам афзуд.
- Бачам, рав хоб кун, саҳар барвақт ба кор меравӣ, маро ба ҳоли худам гузор, — гуфт бо овози маҳину ларзон падар.
Ба ҳуҷраи хоби худ гузаштам. Ғайриихтиёр ашк аз ду чашм ба рухсораам чакид. Ҳиқ-ҳиқкунон бо алам гиристам ва тамоми вуҷудам ба ларзиш омад. Он лаҳза модари раҳматиам ба ёдам расид ва зери лаб гуфтам. «Эй кош, модарам зинда мебуд, то ба ҷароҳатҳои падарам малҳам мемолиду ӯро таскин медод».
Он лаҳзаҳо хоб аз чашмонам комилан рафта буд. Андешаҳои бесарунӯге маро азият медод. Боз оҳиста, нӯг-нӯги пой қадам монда, ба ҳуҷраи хоби падар ворид шудам. Падарам хоб буд, вале бо лабони парсингбаста нидо мекард: «За Родину-у-у…». Дарҳол фаҳмидам, ки падарам чӣ гуфтан мехоҳад ва дигар ташвишаш надодам, зеро пагоҳ Рӯзи Ғалаба, яъне 9 — уми май, таҷлил мегардид ва либоси низомии падарам бо даҳҳо ордену медал болои сараш овезон буд, ӯ барои фардо омодагӣ мегирифт. Бори дигар ба костюми низомии хеле зебои ордендори падар дида дӯхта, хотирам осуда шуду рафта хоб кардам…
Барои халқи тоҷик мафҳуми ҷангу сулҳ бегона нест, зеро таърихи тӯлонии ин сарзамин ҳодисаҳои мудҳишеро, ба мисли ҷанг ва дар пасманзари он гиряҳои даҳҳо ҳазор модарон, фиғони ҳазорон занону кӯдакон ва бадбахтиҳои дигар, дар ёд дорад. Тоҷикистон дар баробари дигар халқҳои ИҶШС бо оғози ҷанги соли 1939 ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 — 1945) ба варта кашида шуд ва имтиҳони ҷиддии матонату далерию мардонагиро пушти сар намуд. Он замон фақат аз Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 1,5 миллион аҳолӣ дошт, зиёда аз 300 ҳазор ҷавонмард ва занони шуҷоъ ба ҷабҳаи хунин фиристода шуданд. Барои ғалаба бар фашизми гитлерӣ беш аз 100 ҳазор сарбозу командирҳои тоҷикистонӣ ҷони худро фидо карданд.
Оре, «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад». Имсол мо 80-солагии Ғалаба бар фашизми гитлериро ҷашн мегирем. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки Ватани мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол бар марҳилаи нави тараққиёти худ дохил шуда, бо қадамҳои устувор барои таҳкими сулҳ, арзишҳои давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш меравад.
Имрӯз халқи азизи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамонро ба ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта ва хуррамбоғу дунёи босафо табдил додааст…
Падар як поси шаб бо табъи хушу болида ба хона баргашт. Маълум буд, ки он рӯз ҳамяроқону ҳамсафон ва ёру дӯстонашро вохӯрда, хеле хушҳол гаштааст. Ҳатто сӯзиши ҷароҳатҳояшро фаромӯш карда буд. Ӯ он шаб ҳам бо як ҳаяҷони махсус чанд порча аз хотираҳояшро аз майдони ҷанг ба ман нақл карду номаълум бо либоси ҷангӣ ба хоб рафт…
Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»