Баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2016 дар кишвар тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ин робита нишасту вохӯриҳои масъулини соҳаҳои гуногун бо аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар чойхона — фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии маҳалҳои дурдаст идома дорад.
Қурбонгул Халилова — мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт, зимни суҳбат гуфт, ки кормандони бахши САҲШ-и ноҳия якҷо бо сармутахассисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 14 маротиба дар деҳот ва 16 маротиба дар маҳалҳои истиқоматии дурдаст баҳри фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, хусусан вобаста ба мустаҳкам намудани оила, ҳифз ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги номгузорӣ бо риояи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд нишасту вохӯриҳо доир намуданд.
- Пешгирии вайроншавии оилаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб маҳсуб мешавад, — мегӯяд Қурбонгул Халилова. — Тайи чанд сол аст, ки бахши САҲШ бо дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ин самт кор мебарад. Ҷамъи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар як соли охир (2016) дар ноҳия 1654 ададро ташкил медиҳад, ки 59 ададаш ба бекор кардани никоҳ тааллуқ дорад. Дар семоҳаи соли равон низ 16 шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ дода шуд. Барқароркунии шаҳодатномаи таваллуд нисбат ба солҳои пешин кам гардида, ҳоло дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мардум сари вақт барои фарзандонашон шаҳодатномаи таваллуд мегиранд.
– Солимии оила солимии ҷомеа мебошад, — идома дод ҳамсуҳбати мо, — вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар дар натиҷаи паст будани маърифати оиладории онҳо рух медиҳад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар байни ҷавонон кор бурдан аз манфиат холӣ нест. Мо бо котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавзӯъҳои пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва рафти иҷрои «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019» мунтазам семинару машваратҳо доир менамоем. Кӯшиш мекунем, ки хизматрасонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаффоф роҳандозӣ шавад, то ин ки шаҳрвандон сари вақт бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин гарданд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»