Васли Деҳқону Баҳор

№38 (4934) 20.03.2025

8Дидани маликаи хушхирому гулбасар — Баҳор, ки бо қади чун сарв, накҳати ҷонбахш, гесувони дарози пуртароват, ки чун абрешими борон то ба домон мавҷмезад, ҳаловате дошт ва гоҳе шамолаке якнавохт зулфони пурпечутоби Баҳорро ба ҷунбиш оварда, маҳин-маҳин ба китфу бозуи марди Деҳқон ҳавола медод…

Деҳқон бо пайкари қавию бозувони обутобёфта, ҷомаи беқасабу миёни баста, пешонаи фароху табассуми ширин, бо умеди баракати рӯзгор ба сӯйи Баҳор менигарист. Аз нигоҳи пурмеҳри ӯ пайдо буд, ки мехоҳад бар замини муқаддас донаҳои ишқ бипошаду гавҳари мақсуд бирӯёнад. Бо ин таманно ӯ шукронаи Баҳор мекард, ки дар бараш нишастаасту нафаси тозааш руҳро менавозад. Ин ҳамон Баҳорест, ки бо шӯру шавқ пазмони омаданаш буд, ҳамон пазмоние, ки ба ӯ қувваю неру мебахшид.

Дили Деҳқон пур аз ҳарфҳои ногуфта буд. Ҳарфҳое, ки бояд ба Баҳор бигӯяд, вале бо дидани Баҳори гулафшон муҳри хомӯшӣ бар лаб зад. Моту мабҳути ӯ шуда буд.

Дигарбора ба рухсори мунаввару гулгуни Баҳор чашм андохт. Ниёзу хоҳиши ӯ дар нигоҳаш мавҷ мезад. Баҳор аз ин нигоҳ муҳаббати бепоёни Деҳқонро ҳис кард. Хуршед дар осмон лабханд зад ва пушти пардаи ҳарири абрҳо пинҳон шуд. Қатраҳои борон мисли марворид бар сари Деҳқон рехтанд. Баракат худро ошкор сохт.

Баҳор ҳам ки ҳавои Деҳқонро ба сар дошт, аз ишқи Деҳқон сабзтару зеботар шуд. Аз хаёли рангини ӯ дар фазо рангинкамон ба ҷилва даромад, ки басе нишотангезу фараҳфазо буд. Хонаи дили Баҳор равшан ва олами тасаввуру пиндораш гул кард ва лаб ба сухан кушод:

Ман баҳорам,

Ман баҳори орӣ аз гарду ғуборам.

Ман баҳори сабздоман,

Ман баҳори гулнисорам.

Аз қудумам гул кунад дашту даман, кӯҳу биёбон,

Сабз гардад донаи пошидаи Бобои Деҳқон.

Омадам ман аз сари кӯҳи Бадахшон,

Аз диёри ганҷдорон.

Аз макони лаъл, аз водии Ғорон,

Бо суруди обшорон,

Бо навои нарми борон,

То бисозам шод дилҳои ғарибон.

 Дарвозаи шаҳр боз шуд. Корвони маҳсулоти кишоварзии чаҳор ноҳия бо рамзҳои наврӯзӣ ва мусиқию таронаву рақс ва мардуми шоду хандон бо руҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт  вориди базмгоҳ гардиданд. Базмгоҳе, ки мисли ҳар сол бо риояи сунатҳои аҷдодӣ, анъанаҳои мардумӣ, ҳунарҳои бонувони гулдаст, фарҳанги бою ғанӣ ва хонҳои хӯрокҳои миллӣ пероста буд.

Намоишномаҳои идона ташкил гардид, ки аз фаровонии Ватани маҳбубамон дарак медод. Инчунин, дар намоишгоҳҳо гулхан, ки рамзии иди Наврӯз мебошад, барафрохта шуда, аз ҷониби ҳунармандон мусиқиҳои дилнавоз, рақсҳои дилкаш ва саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд. Мардуми меҳан бо як шӯру шавқ ва бедордилӣ тамошобини намоишгоҳҳо буданд. Маликаи Наврӯз — Баҳор ва марди Деҳқон бо садои карнаю даф ба ҳам расиданду аз фарорасии Наврӯзи фархундапай мужда доданд.

Баҳори гуларӯсак нимтаъзиме карду ин хушрӯзиро ба Деҳқон табрик гуфт. Абрӯвони камону тири нигоҳи ӯ ба дили Деҳқон беасар намонд. Ӯ ба умеди рӯзгори хурраму саршори нишот ба Баҳор дасту дил доду по ба пои ӯ дар кӯчаҳои шаҳр ба қадамзанӣ даромад. Ин лаҳзаҳо гӯё рӯйи замин фақату фақат Баҳору Деҳқон қадам мезада бошанд. Тамоми мардум ба ҳардуи онҳо зеҳн монда буданду аз онҳо чашм намеканданд. Аз нур рӯи Баҳору Деҳқон ҷилои дилрабое дошт. Ин ҷуфти фархундаиқбол аз баракату фаровонӣ дарак медоданд ва рамзи ростини Наврӯзи Ватан гаштанд.

Деҳқон ба васли Баҳор расид, дунё зебою рангинтар гашт ва зиндагӣ пайғоме аз хони пурнозу неъмат овард. Зиҳӣ, Баҳору Деҳқон ва Наврӯзи фархундапай!

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»