Ватан ва ҳифзи ормонҳои миллӣ

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

0N4A4475Ба марҳалаҳои рушду тараққиёти тайи 30 соли ҷумҳурӣ назар карда, мушоҳида мекунем, ки миллати соҳибтамаддуну хирадоин ва иродатманду таҳаммулпешаи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободию шукуфоии Ватан ҷаҳд намуда, тамоми кӯшишро барои ҳифзи дастовардҳои мамлакат ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ равона намуд. Мусаллам аст, ки пешрафту комёбӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, илму фарҳанг ва адабиёт ба суботу амният, зиндагии осудаҳолона ва муҳиту фазои озод, сулҳу якдигарфаҳмӣ алоқаманд аст. 

Раванди такомулу таҳаввулоти солҳои соҳибистиқлолӣ ба он далолат мекунанд, ки суботу амнияти кишвар осон ба даст наомада, бо пушти сар намудани воқеаҳои нангин, ки душманони Ватану миллат ҳар лаҳзаю ҳар соат ба сари миллат бор карданӣ мешуданду таҳдидҳои шадидро ба пойдевори омили ташаккулбахшу созандаи ҷомеа — сулҳу ваҳдат ворид месохтанд, беш аз пеш мустаҳкамтар мегардид. Бадхоҳони миллат, ки ҳадафи ниҳоияшон бо ҳар васила роҳ ёфтан ба қудрати сиёсӣ буд, аз роҳандозии ҷангу хунрезӣ, қатлу ғорат ва тарсу даҳшат­афканӣ барин амалҳои зиддибашарӣ истифода карда, кишварро ба вартаи фано рӯ ба рӯ намуданд. Дар меҳвари ин ҳама кашмакаш зуҳуроти номатлуби аср – тундгароию даҳшатафканӣ ҷойгоҳи хоса пайдо кард. Шиори Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «сулҳ дар ҳар як хонадони тоҷик» аст. Аммо гурӯҳҳои манфиатхоҳ, дилсиёҳу бадгавҳар ҷангро дар баробари сулҳ муқаддамтару афзалтар ҳисобида, бо ҳар роҳу васила мехостанд, ки оташи ҷанг дар ҳар гӯшаю канори мамлакат рӯз то рӯз доман паҳн кунад. Президенти маҳбуби кишвар бо ҷасорат ба истиқболи гурӯҳҳои ҷангталабу бетараҳҳум қадам гузоштанд.

Ба хотири пойдории сулҳу ваҳдат ва бақои давлату миллат, гузаштаи талхро ба боди фаромӯшӣ супурда, дасташонро ба сӯйи мухолифин дароз карданд. Ваҳдати миллӣ барқарор ва суруру нишот пойдор ва ханда дар чеҳраи мардуми ҷафокашида ҳувайдо гашт.

Мутаассифона, ҳоло душманони сулҳу суботи ҷомеа дигаргуна ниқоби сиёсӣ ба руй кашида, мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фазои ҷамъиятиро бо ҳадафҳои нопокашон тезу­тунд намоянд. Мухолифини наҳзатӣ ҳамоно «аз таги нохун чирк ҷустан»-ро сармашқи кор қарор додаанд. Аммо ҳадафу ормонҳои адолатпарваронаи Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон, сулҳу субот ва бунёдкорию созандагиҳои рӯзафзун сипари рахнанопазири ҷомеа алайҳи чунин ҳамлаҳои маҷозӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори давлати навини тоҷикон беҳтарин анъанаю суннатҳои ҳукуматдории гузаштаи давлатмардони тоҷикро омӯхтаву идома дода, бунёди давлати воқеан ҳам озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро ҳадафи аслии сиёсат эълон карданд.

Маҳз бар мабнои чунин асолат пояҳои давлат зина ба зина мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҷойгоҳ ва манзалату нуфузро дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон пайдо кард. Тири бадхоҳону душманони миллат хок хӯрд, лек онҳо то ҳанӯз аз муборизаи ноҷавонмардонаю сабку шеваҳои иғвогаронаю аҳриманӣ даст накашида, бо ҳар роҳу восита аз пайи айбҷӯию дар атрофи норасоию мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барпо кардани ҳангомаю ҳарзатозӣ мебошанд. Ҳам замоне, ки неруҳои наҳзатӣ дар кишвар фаъолият мебурданд, ҳам пас аз он ки ба хориҷи мамлакат фирор карданд, онҳо амалан ҳеҷ кори савобу хайрхоҳонаро анҷом надоданд, аломати саҳми онҳоро дар бунёди кӯдакистону мактабҳо пайдо кардан мушкил аст. Зеро аз ибтидои фаъолият ин неруҳои бадманишу фурсатталаб, нотавону оҷиз, дармонда дар бовару андешаҳои бебунёди схоластикӣ, ҷаҳлу хурофот ва ҷаҳонбинии маҳдуд буда, самту масири ҳадафҳои сиёсиро дар ҷустани камбудию мушкилот, танқиди Ҳукумат ва Давлати феълӣ, дарёфти аз қавли худашон, «гунаҳкорон» ва даъват ба шиорҳои зиддиҳукуматӣ мебинанд.

Пешвои миллат дар суханрониҳояшон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба таври муқаррар ҳушдор дода буданд, ки хавфу хатари зуҳуроти терроризму экстремизм ба ҷаҳон, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик хеле аёну бармалост. Воқеиятҳои фоҷиаангези мамолики Сурия, Афғонистон, Ироқ, Миср ва ғайра нишон доданд, ки неруҳои тахрибкори террористию экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаю зиддибашарӣ аз ҳеҷ гуна амалу кирдори хашину разилона даст накашида, минбаъд низ, новобаста ба қурбонию талафот дар ин кишварҳо (марги ҳазорон-ҳазорон нафар модару кӯдак, ҷавону солхӯрдагон) ба ҷиноятҳои нав ба нав ва ҷангу хунрезӣ идома медиҳанд. Хусусан, ҳодисаҳои қатлу куштор, даҳшатпароканӣ, анҷом додани таркишҳо дар ҷойҳои серодам, маркази шаҳрҳо дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонис­тон ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Ҳукумати Тоҷикистонро беташвиш гузошта наметавонад. Гурӯҳу аҳзоби сиёсӣ бар ивази сари мизи музокирот нишастану масоилу мушкилоти мавҷударо дар доираи қонун ҳаллу фасл кардан, баръакс, аз роҳу усули ҷангталабонаи таҳдидомез кор мегиранд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ба хотири манфиатҳои сиёсие бе ҳеҷ сабаб ба ҳалокат мерасанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки кайҳо ба ҳайси мактаби сиёсии давлатдорӣ табдил ёфтаву дар раъси он Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, намунаи ибрат ва омӯзиш барои дарёфти роҳи ҳалли бештари мушкилоти таҳмилии муқовиматомез мебошад. Дар суханрониҳояшон Сарвари давлат пайваста ҷаҳониёнро ба таҳаммулу гуфтугӯи байни тамаддунҳо даъват намуда, ишора мекунанд, ки танҳо бо роҳи музокирот ва таҳаммулпазирӣ метавон муҳити бидуни терроризм ва қатлу кушторро барпо намуд. Ҷаноби Олӣ таъкид мекунанд, ки хизмат барои башарият, новобаста ба миллату нажод, вазифаи муқаддаси ҳар як шахс мебошад. Ҳоло аъмолу кирдори ғайрибашарии неруҳои наҳзатӣ ба ҳама аён гардидааст, ки онҳо дар раванди ҷангҳои дохилӣ аз амалҳои террористӣ истифода карда, қишри соҳибтафаккуру равшанфикр, зиёиён ва арбобони илму фарҳангро ба таври ваҳшатбор ба қатл расониданд. Яке аз роҳҳои асосии таблиғу муаррифии афкору ғоя ва ҳадафҳои сиёсии зиддибашарии душманони ватану миллат, нигоҳ доштани мардум дар қолабҳои хурофотии асримиёнагӣ ба василаи сомонаю шабакаҳои хатарноки дасисаангези онҳо мебошад, ки дар гумроҳ сохтану заҳролуд намудани мағзҳои насли наврас ва ҷавонон хидмати шабонарӯзии хирсона анҷом медиҳанд. Ба доми фиребу найранги неруҳои зиддиҳукуматӣ афтидани иддае аз ҷавонон, аз каммутолиагию каммаърифатӣ ва танг будани доираи фаҳмишу ҷаҳонбинии онҳо дарак медиҳад. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро мебояд, ки аз роҳу шеваҳои муассиру судманди мафкуравӣ истифода бурда, фисқу фасод ва мақсадҳои манфиатҷӯёнаю муғризонаи бадхоҳони миллатро, ки дар хориҷи кишвар аз дастгоҳҳои гуногуни таблиғотӣ кор гирифта, вазъро муташанниҷу ноором сохтанӣ мешаванд, ошкор созанд. (Филмҳои мустанади «Хиёнат» ва «Бешараф» аз ҳамин қабил усули фошкунандаи ҷиноятҳои бешумори наҳзатиён ба шумор мераванд).

Дар муқобили равандҳои террористию экстремистӣ, аз мизи мактабӣ шурӯъ карда, тарбияи ватандӯстию худшиносӣ ва эҳсоси волои ормонҳои миллию ифтихор аз таърихи гузаштаро дар ниҳоди насли наврас ҷолибу рангин ба роҳ бояд монд. Омилҳои тарбиявӣ дар ин масъала бояд на ба таври умумию қолабӣ, дилгиркунандаю забонзада, балки мушаххасу ҳадафрас, бо истифода аз асарҳои баландмазмуни таърихӣ, қиссаю романҳои адибони муосир, ашъору достонҳои шоирон, филмҳо дар бораи бузургону ноболиғони илм ва тамаддуни ниёгон, инчунин, арбобони сиёсию давлат, мутафаккирони замони нав ва ғайра сурат гирад. Маълум аст, ки шахси ватандӯст ва дорои эҳсосу ғурури баланди миллӣ на танҳо шефтаю фирефтаи сафсатафурӯшию ҳазёнтарошии мафкурасозони неруҳои хориҷӣ намегардад, балки дар мубориза бо терроризму экстремизм ва даъватҳои ҷангхоҳонаи ин тоифаи авомфиреб мавқеи устувору огоҳонаи шаҳрвандиро нигоҳ медорад. Ана ҳамин гуна насли ояндасози миллатро бояд устодону омӯзгорон тарбия ва ба камол расонанд. Насле, ки «Шоҳнома»-хону Ҳофизхону Бедилхон, дӯстдори шеъри оламгири Рӯдакию Камоли Хуҷандӣ, Айниву Турсунзода ва мафтуни осори Аҳмади Дониш, Бобоҷон Ғафурову Сотим Улуғзода мебошад.

Воқеан, бесабаб нест, ки бо дастури Роҳбари давлат нашри китоби «Тоҷикон»-и муаррих, аллома Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуда, ба аҳолии мамлакат ройгон тақдим карда мешавад. Миллате, ки «Тоҷикон»-ро амиқу ҷиддӣ мутолиа мекунад, ҳаргиз ба тарғиботи пучу бепояи қувваҳои беруна эътимод намеварзад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 26 январи соли 2021) атрофи хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир вобаста ба амали неруҳои террористию экстремистӣ Пешвои миллат хеле бамаврид зикр намудаанд: «… Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-уми асри XX доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд».

Дарвоқеъ, қувваҳои иртиҷоии дар камингоҳ қарордошта, душманони суботу оромии ҷомеа ҳадафҳои зиддибашариро тағйир надода, таълимоту ғояи ба амалҳои террористию экстремистӣ асосёфтаро бо шаклу шеваҳои дигар, дар ниқоби пуштибонӣ аз равандҳои демократӣ тарғибу муаррифӣ кардан мехоҳанд. Вале он ҳама кӯшиши беҳуда аст. Миллати сарфарози тоҷик аз воқеаҳои нангину хушунатборе, ки ба сараш омад, панд гирифтааст. Шукрона дар забон, аз файзи муҳиту фазои озоду амонӣ, бо дили пур ва хотири ҷамъ зиндагӣ мекунад ва бо меҳнати садоқатмандона дар пешрафту гулгулшукуфии Ватан саҳм мегузорад.

Парвина МАЛИКЗОД,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон