Ватани хайру сахо

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

20Тоҷикистон, Ватани озинам!

Қисмати сангинам,

Қомати тамкинам,

Вожаи ширинам!

 

Баъди бедоду ҷафои таърих,

Баъди он қадр хатои таърих,

Омадӣ бо фари эҳё зи варои таърих!

 

Дигар, эй хоки муқаддас, Ватани маҳбубам!

Ба шукӯҳи шабу файзи саҳарат маҷзубам!

 

Дигар ин марз ҳамин марзи дилу ҷони ман аст!

Дигар ин марзи муқаддас хати имони ман аст!

 

Нест ҳарфе, ки дар он дарди ту ғунҷад, Ватанам!

Вожа чун оташи хун шуъла занад аз даҳанам!

 

Санги ту нарм шавад, гар ба сарат сар монам,

Реша дар хоки ту дорад фараҳу армонам.

 

Он қадар хуни азизон ба танат рехтааст,

Он қадар ҷабру ҷафо хоки туро бехтааст,

 

Ки ман аз ҳар гулу себарга Ватан мечинам,

Лолаи хуни падарҳо зи чаман мечинам.

 

Тоҷикистон, Ватани виҷдонам!

Пайкари армонам,  Ҳикмати пиронам!

 

Сангбаста ба ниҳонам ғами дерин дорам,

Кӯҳи ғам, бори алам дар тани мискин дорам.

 

Ман ба ҳар санги раҳат пайкара чандин дорам,

Нотарошида ба тан ҳайкали сангин дорам.

 

Ман дар оинаи ҳар санги ту худро дидам,

Дар ҷилои саду як ранги ту худро дидам.

 

Ҳабс будӣ ба паси панҷараҳои ожанг,

Ҳабс будиву ниҳон дар танаи ҳар харсанг.

 

Инак озод шав, озод шав аз ҳар сангат,

Бубаро аз сари ҳиммат, зи канори нангат!

 

Эй кӯҳистони баланд, эй шарафу шони баланд!

Ватани хайру сахо, ҳиммату эҳсони баланд!

 

Сар диҳам, домани имони туро сар надиҳам!

Ҳамаро додаму дил монд, ки дигар надиҳам.

 

Ватани поки назарҳо! Ватани шеъру ҳунар!

Резам аз дида ба домони ту чун ашки саҳар!

 

Ман ба хуни дили худ санги туро ранг диҳам,

Зинати ишқу фари меҳр ба ҳар санг диҳам.