Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд

№140 (4402) 16.11.2021

avzalov- Хотираҳо дар зиндагӣ моро дунболагиранд, баъзе аз онҳо ширину гуворо, бархе талху ногувор, — бо чунин суханон оғоз кард суҳбатро иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов ва афзуд: — Он воқеаи муҳими таърихиро бигузор такрор ба такрор ёдоварӣ кунем, то аз насл ба насл ҷовидон боқӣ бимонад. Дар ёдам мондааст, ки амнияти вакилону меҳмонон ва масъулонро ҷавонмардони бонангу бономуси Ватан он рӯзҳои мудҳиш ба зимма доштанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиори «Хирад — нангу номуси миллат» ва «Ҷаласаи қисматсоз» ба кор оғоз намуд. Лаҳзаҳои ҳассос буданду андешаҳои гуногун, нигоҳҳои ғазаболуд ба ҳам бармехӯрданд, вале хирад боло гирифт. Ба қавли шоир:

Чу гуфтори Ватан оғоз гардид,

Ба онҳо дарди дилҳо боз гардид.

Ҳама дарди дилу ҷисми маҷруҳи Ватанро хуб медонистанд. Табибону дорусозони ғайр ба ин захм даво карда наметавонистанд. Синои замон — Раиси Шӯрои Олии вақт Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи дигар табибон давои дардро дар Қасри Арбоб меҷуст, ба суханони ҳама гӯш медод, таҳлил мекард, дар мизони хирад бармекашид, вуҷуди худаш низ чун вуҷуди Ватан саропо дард буд.

Душманоне, ки ду бародарро ба қасди ҷони якдигар шӯронда буданд, оқибати хунрезиро бетоқатона интизорӣ мекашиданду ниятҳои шум дар сар доштанд. Баъзеҳо ба хотири парокандашавии вакилон хабарҳои иғвоангез паҳн мекарданд.

Боре хабари иғвоангезеро яке аз мансабдорони худхоҳ шунида, рӯҳбаланд гашта, гуфт, ки шумо рафта, вазъиятро ором карда биёед, ман ба шумо оши оштӣ медиҳам. Ин гапро шунида, вакиле ба минбар баромада гуфт:

- Бародарони азиз! Мо барои якпорчагӣ, сулҳу салоҳ ва барқарорсозии ҳукумати қонунӣ омадаем. Аз ин рӯ, то ба мақсад расидан ба ҳеҷ куҷо намеравем.

Бо шунидани ин посухи ҷиддӣ иғвогар лаб фурӯ баст. Ин иғвоҳо фармоишӣ буданд, вале фазои ғубор­олуди Қасри Арбоб оҳиста — оҳиста тоза мешуд ва нуре барои фардои дурахшон падид меомад.

- Мегӯянд, ки дар оғоз иҷлосия баръакси иродаи вакилон сурат гирифт?

- Вакилон дар ибтидо хостанд, ки ҳукумати қонуниро барқарор карда, Раҳмон Набиевро ба курсии президентӣ баргардонанд. Аммо, пеш аз ҳама, Раҳмон Набиев ба сухан баромада, аз пешниҳоди вакилон изҳори сипос намуда, бозгашт ба мансаби олиро рад карда, ба истеъфо рафт. Дар он шароит гузаронидани интихоботи роҳбари аввали ҷумҳурӣ осон набуд. Мувофиқи талабот бояд Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳолати истеъфои роҳбари аввал ва аъзои Ҳукумат идора кардани ҳукумату давлатро ба уҳда мегирифт. Дар он ҳолати буҳронӣ инсонҳои шинохта мансаби пешниҳодшударо рад мекарданд. Ҳама интизори чеҳраи нав буданд.

- Роҳи наҷот аз бунбастро кӣ осон кард?

- Мардум. Дар он лаҳзаҳои тақдирсоз ба унвони иҷлосия даста — даста муроҷиатномаю дархостҳо бо мазмуну муҳтавои гуногун ирсол мешуданд. Мардум талаб мекарданд, ки шахси поксиришт, ҷасур, сиёсатмадорро интихоб намоем, ки писанди ҳама бошад. Сокинони кишварро Худо ноумед нагардонид.

Он рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Овоздиҳии вакилон оғоз ёфт. Он бе ягон бозии пасипардагӣ, чун оина беғубору поку рӯшан сурат гирифт, орзуву ормони халқ ҷомаи амал пӯшид. Ба ҷуз ду — се нафар ҳамаи вакилон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд.

- Албатта, ин далели боварии мардум ба фарзанди сарсупурдааш буд. Шоир дар ин бобат гуфтааст:

Вакилон даъваташ бар тахт карданд,

Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд.

- Эмомалӣ Раҳмон дар минбар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ хеле пурмуҳтаво суханронӣ кард: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам ояд, дар ин раҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши Тоҷикистон фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам». Чунин ибораҳои чидаю пурмуҳтаво дар тӯли ҳафтод сол аз ҷониби ягон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ на аз минбарҳои баланду на дар ҷаласаҳои хосса садо надода буд.

Эмомалӣ Раҳмон тавонист фазои ғуборолуди Тоҷикистонро тоза намояд. Кинаҳоро аз сина бишӯяд. Мардумро ба ҳам орад, ки Тоҷикис­тон воҳид аст, онро набояд қисмат кунанд. Алҳол кабӯтари сулҳ дар фазои кишвар дар парвоз аст, ки албатта, самараи талошу заҳматҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо талошҳои Сарвари давлат 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва дар вазъияти тантанавӣ ва ҳузури кишварҳои нозир Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

- Ба ҳамдиёрон дар ин рӯзи саид чӣ таманно доред?

- Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тайи 30 сол соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба рушду нумӯъ овард. Ин сиёсат ба раванди аз буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат, ба вуҷуд овардани асос­ҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидат кард.

Ҳоло ба дастовардҳои бузурги кишвар, чӣ дар арсаи байналмилалӣ ва чӣ дар дохили кишвар назар афканда, нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро возеҳу равшан мебинем. Ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштани ин фарзанди фарзонаи миллат далели арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи он кас мебошад.

Суҳбаторо

Садриддин ҲАСАНЗОДА,

Нависанда