Сеҳри мӯқалам

Верроккйои тоҷик

№108 (4528) 31.08.2022

Верроккйо«…Мегӯянд, ки дар дунё танҳо дар ду мамлакат Мактаби санъати тасвирии академикӣ боқӣ мондааст: Россия ва Италия. Вале мамлакати хурдакаки сеюм низ вуҷуд дорад, ки дар он Академияи санъати тасвирӣ зери фишори модернизм намемирад ва ин Тоҷикистон аст»,- менависад нависанда ва драматург Темур Зулфиқоров.

Адиб сарвари Бунёди мусаввирии Тоҷикистон Олимхон Рабиевро, ки Верроккйои тоҷик меномад, ҳамчун посдору идомадиҳандаи анъанаҳои академикӣ тавсиф намуда, таъкид месозад, ки портрету натюрморт ва саҳнаҳои жанрии устодона офаридаи ӯ осори ширадори асримиёнагии ҳолландиҳо ва венетсиягиҳоро ба хотир меоранд. Ҳунари воло, дунёи рангин ва фурӯтаниву самимияти рассоми камназир, «меросбари Камолиддин Беҳзод», академики Акаде­мияи мусаввирии Тоҷикистон, Академияи миллии дизайни Россия ва Академияи ҷаҳонии рассомони «Даврони навин» («Новая эра») — Олимхон Рабиев Темур Зулфиқоровро мафтун сохта, яке аз дӯстони қаринаш гардондаанд.

«Ман офаридаҳои тозаи Олим Рабиевро «Тавлиди ҳаёт дар коинот» меномам. Он шохаи гулафшонест дар шаҷараи академизм»,- таъкид намудааст Т. Зулфиқоров. Олимхон ё Олимшо (дӯстони наздиктарин ӯро чунин ном мебаранд) Рабиев дӯстони зиёд дорад, ки аксарашон  аз аҳли ҳунару эҷоданд.

Аз рӯзгор ва фаъолияти эҷодии ин офарандаи зебоӣ, эҷодкори худшиносу ватанпараст кам навиштаанд, ҳарчанд танҳо дар вазифаи сарвари Бун­ёди мусаввирии Тоҷикис­тон (собиқ Фонди бадеӣ) О. Рабиев беш аз 17 сол фаъолият намудааст.  Ба замми ин, аксар нигоштаҳо дар бораи ӯ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ хусусияти хабарӣ дош­та, бо забони русӣ иншо шудаанд. Танҳо матлаби иншонамудаи бостоншинос Музаффар Азизов дар маҷаллаи «Мероси ниёгон» (№21, с.2019) таҳти унвони «Меросбари Камолиддин Беҳзод» моро бо бузургии шахсияти ӯ ва бо баъзе аз лаҳзаҳои рӯзгору офаридаҳояш ошно  месозад. Метавон гуфт, ки ҳанӯз ин эҷодкори сермаҳсул ва инсони шариф ба муаррифӣ ниёзманд аст.

Олимхон Рабиев 59 сол дорад. Дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, дар шашсолагӣ аз меҳри модар маҳрум мондааст.

Ин тасвир «Бибии ман» номида шуда, барои О. Рабиев низ хеле азиз аст. Нигоҳ, ҳолату ваҷоҳати пиразан, ожангҳо ва чини пешонӣ, ҳар мушаки чеҳраи ӯ ва ҳар хатти тасвир боз­гӯяндаи умри дарозу пурпечутоби ин зан аст, ки пас аз фавти модари Олимхон ба ӯ меҳри модарӣ эҳдо намудааст.

 Верроккйо 2Таҳсили ибтидоиро Олимхон дар мактаби №14, ноҳияи Ваҳдат гирифтааст. Истеъдоди модарзодиаш дар ҳамин ҷо зуҳур карда, аллакай ҳангоми дар синфи шашум таҳсил намудан дар Намоиши ҷумҳуриявии рассомони наврас ҷои дуюмро соҳиб мегардад. Соли 1978 ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови пойтахт дохил шуда, пас аз хатми он таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода идома медиҳад…

- Дар он айём ман ба ҳайси мудири бойгонии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикис­тон ба номи М. С. Осимӣ) кор мекардам ва баъд аз хатми Донишкадаи санъат ба факултаи меъмории донишкада дохил шудам, — гуфт О.Рабиев, — вале мушкилоти зиндагӣ маро водор кард, ки ба Корхонаи лаку ранги Душанбе ба кор дароям. Дар айёми донишҷӯӣ бо ин коргоҳ низ ҳамкориҳо дошта, кори дипломиамро дар ҳамин ҷо анҷом додам. Бо тавсияи сармеъмори ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)-и пойтахт дар назди даромадгоҳи мағозаи ҷавоҳирот ду «моҳии тилло» бунёд намудам… Маро ба ҳайси саррассом ба кор қабул намуданд. Дар баробари кори корхона дар ороиши намо ва атрофи баъзе аз биноҳои давлатӣ, аз ҷумла КМ Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ, саҳм гузоштам.

Баъд аз як соли кор дар коргоҳи лаку ранг О. Рабиев ба шаҳри Ваҳдат бозгашта, соли 1984 дар назди хонаи пионерон маҳфили рассомони наврасро ифтитоҳ намуд. Ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти шаҳр хуш пазируфта шуд ва пас аз чор моҳ ӯ бо ибтикори раиси вақти шаҳр — Самандар Тоҳиров дар назди шуъбаи фарҳанг низ ҳамин гуна маҳфилро боз кард. Каме дертар, боз бо ташаббуси раиси шаҳр С. Тоҳиров ва ҷаҳду талоши О. Рабиев дар шаҳри Ваҳдат Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ ифтитоҳ гардид. қаҳрамони матлаб дар он ҷо муддате кору эҷод намуд. Пасон ба пойтахт баргашт. Он айём Б. Зуҳуриддинов сармеъмори шаҳри Душанбе буд ва Олимхон Рабиев дар паҳлуи ӯ ороиши ­бисёр биноҳои ҳукуматӣ иштирок намуд, дар бунёди маҷмааи Исмоили Сомонӣ ширкат варзид. Аксари ин корҳо бо Фонди бадеии ҷумҳурӣ рабт доштанд ва сарвари вақти фонд — А. Г. Шурпаевро, ки синнаш аз 70 гузашта буд, ҳунару истеъдод, маҳорати раҳбариву ташкили кор ва муносибати Олимхон Рабиев бо ҳамкорон хуш омада, соли 2004 аз ӯ хоҳиш намуд, ки сарварии фондро ба зимма гирад. Вале пас аз ошно шудан бо вазъи кор, ҳолати ногувори бино ва устохонаҳо, шароити кори рассомону муҷассамасозон О. Рабиев пешниҳоди А. Шурпаевро рад намуд. Пас аз шаш моҳ  ин пири гавҳаршинос боз ба назди О. Рабиев ҳозир шуд. «Ман пир шудаам. Шумо ҷавонед, ояндаро шумо бояд созед ва сохтан метавонед. Фондро обод намо», — таъкид намуд ӯ ва Олимхон розӣ шуд.

- Бинои Фонди бадеӣ бо талошҳои шахсиятҳои бузург, устодон Х. Хушвақтов, Х. Ашӯров, Х. Давлатов, С. Қурбонов, В. Назаров, В. Одинаев бунёд гардидааст. То даврони нооромиҳо дар он ҷо наздики 300 рассому ҳайкалтарош, наққошу кандакор фаъолият мекарданд. Нооромиҳо эҷодкоронро пароканда намуд. Вазъ хуб набуд, шароити кор вуҷуд надошт. Вазифаи нахус­тин дар он рӯзҳо бозгардондани аҳли эҷод ба фонд буд ва мо корро аз он оғоз намудем. Тадбирҳои дигар низ зарур буданд, то фаъолияти фонд аз нав  дуруст ба роҳ монда шавад.

Ва илоҷ пайдо гардид. Фонди бадеӣ бо ризоят ва дастгирии кормандон ба ҶСП «Бунёди мусаввирии Тоҷикистон» табдил дода шуд ва вазъ дар он маркази фарҳангу ҳунар дигаргун гашт. Шумораи кормандон афзуда, муштариён ҳам зиёд гардиданд. Фармоиш ҳам пайдо гардиданду супоришҳои давлатӣ ҳам. Иштироки рассомону ороишгарони бунёд дар  ороиши коху биноҳои ҳукуматӣ бештар гашт. «Қасри Сомон», «Қасри миллат», қароргоҳҳои беруназшаҳрии ҳукуматии «Пуғус», маркази фароғативу табобатии дастгоҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, чойхонаи «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара, чойхонаи «Наврӯз», «Душанбе — Плаза», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Амфитеатр»- и Душанбе танҳо қисме аз он иншооте мебошанд, ки дар онҳо нақши дастони сеҳрофарини кормандони Бунёди мусаввириро дидан мумкин аст. Онҳо дар ташкилу баргузории ҷашну озмунҳо низ ширкат варзидаанд. Асарҳои эшон дар намоишгоҳҳои гуногун ба намоиш гузошта шудаанд.

Ин тасвири духтари тоҷик бо либосу ороишоти миллӣ ва меваву зарфҳои гуногун, ки далели сеҳри муъҷизаофари мӯқалами Олимхон Рабиев аст, дар намоишгоҳҳои гуногун ба намоиш гузошта шуда, баҳои баланди аҳли санъати тасвирӣ ва мунаққидонро сазовор  гардидааст.

Верроккйо 3- Соли 2008 дар пойтахти Фаронса — шаҳри Париж бо пешниҳоди ЮНЕСКО намоиши калони байналмилалӣ баргузор шуд, — ба ёд меорад О. Рабиев, — Дар он рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат меварзиданд ва дар намоиш асарҳои онҳо аз ҷониби Академияи рассомӣ муаррифӣ гардид. Пас аз бозгашт бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳама кори мо огаҳӣ доштанду пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд, мо низ соли 2009 чунин сохтор — Акаде­мияи мусаввирии Тоҷикистонро дар назди Бунёди мусаввирӣ таъсис додем. Пас аз он бо иттиҳодияҳои эҷодӣ, иттифоқи рассомон ва бунёдҳои бадеии аксар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ робита барқарор намуда, дар рӯзу ҳафтаҳои фарҳанги кишварамон дар он ҷумҳуриҳо намоиши асарҳои мусаввирону эҷодкорони дигари Бунёди мусаввирии Тоҷикис­тонро ташкил кардем.

Дар он намоишҳо асарҳои Олимхон Рабиев низ ба тамошо гузошта шуда, сазовори баҳои баланди мутахассисон гардиданд. Вале озмуни байналмилалии рассомӣ дар шаҳри Остона, ки онро Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ташкил намуд, О. Рабиевро воқеан машҳур гардонд. Бо пешниҳоди асарҳои «Модар», «Бибии ман», «Кӯдакӣ» ва чанд тасвири дигар Олимшо сазовори медали тиллои озмун гашт.

Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» созмони ғайритиҷоратӣ буда, соли 2003 таъсис ёфтааст ва рассомони беш аз 60 кишвари олам ба он шомиланд. Ҳадафи созмон ташкили чорабиниҳо дар соҳаи санъати тасвирист, ки ба сулҳу субот дар кишварҳои ҷаҳон мусоидат менамоянд. Чорабиниҳои  созмон ҳар сол дар кишварҳои гуногун баргузор гардида, ҷоизаи баландтарини он медали тиллост. Ҷои дуюм ва ду медали нуқра ба ду нафар дода мешавад. Ҷои сеюм-се медали биринҷист ба се рассом. Ҳар ғолиб, ҳамчунин, соҳиби шаҳодатнома ва лентаи фахрӣ  мегардад.

Соли 2016 масъулияти бузурге бар дӯши О.Рабиев гузошта шуд. Тибқи нақша, дар доираи чорабиниҳои иқдоми «Як камарбанд-як роҳ» дар пойтахти кишвар бояд намоиши байналмилалии «Дурдонаҳои роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардид. Ташкили чорабинӣ, қабул ва гусели иштирокчиёнро ба Олимхон Рабиев супориданд. Азбас­ки ҳанӯз Бунёди мусаввирии Тоҷикистон толори намоишӣ надорад, намоиш дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллӣ баргузор шуд. Дар он рассомон қариб аз сӣ кишвар ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки сарварии озмунро Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Хитой бар уҳда дошт. Соли 2016 бо пешниҳоди ташкилкунандагон ва Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе «барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ» ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди роҳи бузурги абрешим супорида шуд. Ҳамчунин, Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати тоҷикон армуғони хотиравӣ ва мусаввараи нодир тақдим кард.

Бо пешниҳоди О.Рабиев меҳмонон гӯшаҳои зебоманзари кишварро тамошо карданд.

Барои офаридаҳои нотак­рор ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ Олимхон Рабиев сазовори ҷоиза ва унвонҳои зиёд — доктори фахрии фалсафа дар соҳаи санъати ҷаҳонии Донишгоҳи Оксфорд (Англия), профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими фундаменталӣ (Санкт-Петербург), дипломанти озмуни байналмилалии «Ҷанбаҳои муосири санъат» (АППОЛОН — ЮНЕСКО), ордени «Шараф ва шуҷоат»-и Бунёди фарҳанги Санкт-Петербург, ордени «Санъати сайёра», ҷоизаҳои «Рассоми сол» ва «Дурдонаҳои роҳи бузурги абрешим» гардида, мусаввараҳояш дар чанд намоишҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудааст. Вале ӯ ғолибиятро дар озмуни лоиҳаҳо барои бунёди деворнигораҳои  Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» барои хеш муваффақияти бузургтарин медонад.

- Ба озмуни Майдони Истиқлол шумораи хеле зиёди лоиҳаҳо пешниҳод шуда буданд. Албатта, боиси ифтихор аст, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи мо пазируфта шуд. Гарчанд он масъулияти бузургеро тақозо мекунад, — бо қаноатмандӣ гуфт О.Рабиев ва илова намуд:  — Таҳти назорату таваҷҷуҳи доимӣ ва бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар ҷараёни корҳо қарор доштанду доранд, дар муддати хеле кӯтоҳ коре ба анҷом расонида шуд, ки эҳтимол барои он даҳ сол лозим буд. 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида,11 марти соли 2020 ҷамъбаст гардид. Тибқи лоиҳа мо нақшаи 14 лавҳаро омода намудем, ки ба шакли барелеф мусавварӣ гаштаанд. Ин барелефҳо бо баландии 5 метру 20 см ва дарозии 9 метр таърихи миллати тоҷик ва давраҳои рушду инкишофи  давлатдории тоҷиконро аз замони Зардушт то давраи Истиқлолияти давлатии кишвар бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос менамоянд. Барелефи аввал «Каюмарс — Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ. Шиносоӣ бо китоби Авесто» номгузорӣ шуда, дар он ҳамаи рамзҳое, ки ба Каюмарсу Ҷамшед алоқаманданд, ҷой дода шудаанд. Умуман, ҳар лавҳа як асари бузург аст, ки дар он марҳилаҳои таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон бо ҳама ҷузъиёти муҳимтарин, шахсиятҳои давр, иншооту меъмориҳо, рушди илму ҳунар  ба назар гирифта мешаванд.

Лавҳаи дуюм ба даврони салтанати Ҳахоманишиён марбут буда, аз давраи ба сари қудрат омадани Куруши Кабир оғоз меёбад. Муттаҳид намудани қавмҳои ориёӣ, эъло­мияи Куруши Кабир аз мавзӯъҳои ин лавҳаанд, ки дар он низ ҷузъиёти зиёд ифодагари он марҳалаи таъриханд.

Мавзӯи асосии лавҳаи сеюм муҳорибаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ аст, ки онро «Муҳорибаи Санги суғдӣ» ё «шуғи суғдӣ» низ меноманд. Лавҳаи чорум ба даврони Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён, Меҳрдоди II, Канишкаи Кабир, Ардашери Бобакон марбут буда, меъмориҳои он айёмро низ дар бар мегирад…

Тавре Олимхон Рабиев таъкид намуд, шумораи деворнигораҳо ба 14 баробар буда, сабаб пурра оро додани ҳар ду тарафи ҳамаи ҳафт кунҷи ситора аст, ки  рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» дар Майдони Истиқлол хоҳад буд. Пас аз пурра омода гардидани ҳамаи деворнигораҳо Олимхон Рабиев якҷоя бо Ю. Яъқубов, Ф. Раҳимӣ, Н. Убайдулло ва Ш. Орумбекзода онро ба Комиссияи байниидоравӣ ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд.

О.Рабиев изҳори хурсандӣ менамояд, ки ин офаридаи ӯ садсолаҳо як гӯшаи кишварро оро дода, барои насли имрӯзу фардо ҷиҳати омӯзиши таърихи миллат кумак хоҳад кард.

Пас аз худоҳофизӣ бо ин рассоми чирадаст бори дигар устохонаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи бинои Бунёди мусаввирии Тоҷикистонро аз назар гузаронидем. Деворҳои бино пур аз мусаввараҳо, устохонаву назди тирезаҳои роҳравҳо пур аз нигораҳои гуногун-зарфҳо ва ҳайкалчаҳои одамону ҳайвонот. Муҷассама ва деворнигораҳои гуногуни аз биноҳо кандашударо дар ҳавлии назди бино низ дидан мумкин аст. Ҷои баҳс нест, ки ин ҳама зебоиҳо бо мурури замон «…гарданд хароб, зи борону аз тобиши офтоб». Сабаб танҳо он аст, ки бунёд барои нигоҳдории онҳо толор ё бинои махсус надорад. Тавре О. Рабиев зикр намуд, барои ташкили намоиши асарҳо низ толор мавҷуд нест. Вале боиси хушнудист, ки пас аз солҳо ҳоло таъмири намо ва атрофи бино оғоз ёфтааст.

Имрӯз низ О. Рабиев машғули эҷод аст ва рисолати худро дар идома додани анъана­ҳои неки эҷодии устодони дирӯзу имрӯз, ғановат бахшидан ва дар арсаи олам машҳур гардонидани ганҷинаи санъати тасвирии миллӣ мебинад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»