Мувофиқи иттилои муовини раиси Ассотсиатсияи эко-фарҳангии «Помир» Мирзо Мирзоев, соли равон теъдоди сайёҳони хориҷию дохилӣ, ки нияти сафари Бадахшонро доранд, дар муқоиса ба соли пеш ду баробар зиёд аст. Муаррифии шоистаи минтақа дар фестивалу нишастҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани дараҷаи хизматрасонӣ ба ҷалби беш аз пеши ҷаҳонгардони хориҷӣ мусоидат намуд.
- Ширкатҳои туристии вилоят ба қабули сайёҳон пурра омода мебошанд, — изҳор дошт Мирзо Мирзоев.
Бино ба гуфти ӯ, дар доираи эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳбарияти ассотсиатсия нақша — чорабинии мушаххас тарҳрезӣ намуда, 80 роҳбалад, ки бо забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ озодона гап мезананд ва мошинҳои махсус, ки ронандагонашон забонҳои русӣ ва англисиро медонанд, барои роҳнамоии сайёҳон дар хатсайрҳои сайёҳӣ омодаанд.
Шоҳқосими Шоҳтолиб,
«Садои мардум»