Воқеан, хушназари саҳна буд

№146 (4729) 27.11.2023

МАЙБАЛИЕВХушназар Майбалиев аз коргардонҳое ба ҳисоб меравад, ки ба Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, хоса дар бозии актёрон ва таҳияи асарҳои драмавӣ (символизм), навгонӣ ворид сохт. Шогирди коргардон ва педагоги барҷастаи рус Анатолий Василевич Эфрос, дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский бо дониши мукаммал ба кор шурӯъ намуд. Он замон дар театр санъаткорони бузурги тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Муҳаммадҷон Халилов, София Тӯйбоева, Нозукмоҳ Шомансурова, Қиматшоҳ Имматшоев, Тӯтӣ Ғаффорова, Гурминҷ Завқибеков, Бурҳон Раҷабов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Борис Наматиев, Хайрӣ Назарова, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева ва дигарон фаъолият доштанд.

Кори нахустинаш «Дуэл» («Ҷанги тан ба тан»)-и драматурги қирғиз Мар Бойҷиев буд ва нахустнамоиши он 30 — юми апрели соли 1969 доир гардид. Нақшҳои асосиро Азиз — Маҳмуд Воҳидов, Нозӣ — Тамара Абдушукурова ва Марям Исоева, Искандар — Ато Муҳаммадҷонов иҷро карданд.

Бояд қайд кард, ки асари Мар Бойҷиев дар 50 театри маъруфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷӣ аз ҷониби коргардонҳои маъруф саҳнавӣ гардидааст. Аз ҷониби Майбалиев ба саҳна гузош­тани «Дуэл» ҷасорат ва қолабшикание буд, ки на ҳар ҳунарпешаи собиқадор онро метавонист.

Яке аз муваффақиятҳои коргардони ҷавон дар он зоҳир гардид, ки ӯ бо адибон — драматургони тоҷик ва ҷумҳуриҳои дигар ҳамкории самаранок дошт ва ин тарзи кор то охирин лаҳзаҳои кораш идома ёфт. Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Меҳрубон Назаров, Файзулло Ансорӣ, Султон Сафаров, Меҳмон Бахтӣ, Абдусалом Атобоев, Ато Ҳамдам, Шодӣ Солеҳ, Ҷумъа Қуддус, Нурулло Абдуллоев, Сафармуҳаммад Аюбӣ аз ҷумлаи драматургоне буданд, ки давраи саркоргардони Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор кардани Хушназар Майбалиев (солҳои 1971-1977 ва 1981-1995) бо ин боргоҳи ҳунар ва ҳунармандони он ҳамкории зич доштанд. Асарҳои минбаъд таҳия­кардаи ӯ ҳам дастранҷи драматургони тоҷик буданд. Аз ҷумла, «Фарёди ишқ» (1975 ва солҳои 1980-1985 ва 1999) ва «Шамъи маърифат»-и Ғ. Абдулло (1978), «Вафо ва аҳд»-и М. Миршакар (1979), «Суханҳои соядор»-и М. Бахтӣ (1980), «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло дар ҳамкорӣ бо Ф.Александрин (1982), «Бо имзои Ленин»-и А.Атобоев (1984), «Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров (1986), «Писари Ватан» (1981), «Ибтидо» (1983), «Барзуи шуғнонӣ»-и А. Ҳамдам (1993), «Парвози Шоҳин»-и А. Ҳамдам, Р.Ҳодизода, М. Маҳзабшоев ва амсоли инҳо.

Азбаски он солҳо расм шуда буд, ки бояд дар репертуари театрҳои Тоҷикистон асарҳои драматургони рус ва ҷумҳуриҳои дигари бародарӣ низ дохил бошанд, коргардони нав ва дигар коргардонҳои театр ба таҳияи асарҳои драматургони хориҷи кишвар пардохтанд.

Саркоргардони театр «Антигона»-и Жан Ануй (1971), «Сид»-и П.Корнел (1995), «Сиёҳ ва сафед»-и Ҷон Сартр (2004), «Раъду барқ»- и Тсао Юй (2008), аз драматургони рус «Машварат»-и А.Гелман (1976), «Муфаттиш»-и Н.В. Гогол (1978), «Лавҳаҳои инқилобӣ»-и М.Шатров (1980), «Ваня — тағо»-и А.П.Чехов (1982), «Марати бечораи ман»-и А.Арбузов (1985), «Панҷ шаби мулоқот»- и А. Володин (1985), «Дод аз дасти ақл»-и А.С. Грибоедов (1987), аз драманависони ҷумҳуриҳои бародарӣ «Дуэл»-и Мар Бойҷиев (1969), «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ (2007), «Ман, модаркалонам, Илико ва Илларион»- и Нодар Думбадзе (1974), «Ин Майдон-ин Шайтон»-и драманависи озарӣ А. Қурбонов (1983) ва дигар пйесаҳоро таҳия кардааст.

Қаҳрамони матлаб тӯли 22 сол — саркоргардонии Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар уҳда дошт. 25 соли ҳаёташро барои тарбияи шогирдон нахуст дар факултети навтаъсиси санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) бахшид. Аввалин хатмкунандагони шуъбаи актёрӣ, драма ва кинои ҳамин факултет ҳунарпешаҳо ва санъаткорони маъруф шуданд. Исо Абдурашидов, Нурулло Абдуллоев, Мирзо Ғуломов, Мирзоватан Миров, Гулмурод Малиев, Маъруфшо Мазҳабшоев, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Назар Назаров, Асалбек Назриев, Юнус Саидов, Бобоҷон Ҳасанов, Ҳабиб Шулашов, Муътабар Умарова, Абдулло Убайдов аз шогирдони Майбалиев буданд.

Алҳол шогирдонаш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ кору эҷод мекунанд. Ӯро ба театрҳои хеш даъват карда, аз устодашон дарси маҳорат меомӯхтанд. Ӯ бо камоли майл ва хушнудӣ барои такмили ихтисос, ёрии амалӣ ва таҳияи асарҳои нисбатан ҷиддӣ ба мадади шогирдонаш мешитофт.

Агар намоиши «Орзу»-и М. Назаров соли 1978 дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский саҳнавӣ шуда бошад, драмаву спектакли «Писари калонӣ»- и А. Вампилов (1980), «Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло (1987) дар Театри мазҳакаи мусиқии Кӯлоб ба номи С. Вализода рӯи саҳна омаданд.

Соли 1973 «Қарзи виҷдон»-и С.Сафаровро рӯйи саҳнаи Театри халқии ноҳияи Ғончӣ ва соли 1974 мазҳакаи «Ман, модаркалонам, Илико ва Илларион»-и Нодар Думбадзеро дар Театри халқии ноҳияи Рӯшон ба номи Артисти халқии ­СССР Ғ. Ғуломалиев ба тамошобинон пешкаш намуд.

Дар Театри вилоятии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар асари Ато Ҳамдам «Писари Ватан»- ро (1981) рӯйи саҳна оварда буд. Соли 1983 шогирдонаш ӯро барои ба саҳна гузоштани асари драманависи озарӣ Абдулкарим Қурбонов «Ин Майдон — ин Шайтон» ба Театри драмавӣ- мусиқии шаҳри Конибодом ба номи Т.Фозилова даъват карданд.

Соли 1993 Хушназар Майбалиев бо даъвати шогирдаш — саркоргардони Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаров Маъруфшоҳ Мазҳабшоев ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони театр бахшида ба ҷашни ҳазорсолагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ драмаи таърихии «Барзуи шуғнонӣ» -и Ато Ҳамдамро ба ҳаводорони ҳунар пешниҳод карданд.

Фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиевро метавон ба ду давра ҷудо кард. Давраи якум солҳои 1968 — 1991- ро дар бар мегирад, ки он ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Асарҳои беҳтарини ин муддат ба саҳнагузоштааш «Бахти шумо — бахти ман аст» (1968), «Корвони бахт» (1970) ва «Вафо ва аҳд»-и М. Миршакар (1979), «Дуэл»-и Мар Бойҷиев (1969), «Антигона»-и Жан Ануй (1971), «Ҳуррият» (1970), «Фарёди ишқ» (1975, 1980 ва 1985) ва «Шамъи маърифат»-и Ғ.Абдулло (1978), «Беватан» (1970) ва «Ҳақиқати талх» (1986)- и С. Сафаров, «Лаҳзаи ҷовид» (1973) ва «Суханҳои соядор»- и М. Бахтӣ (1980), «Ибтидо» (1983) ва «Писари Ватан»- и А. Ҳамдам (1981), «Бо имзои Ленин»- и А.Атобоев (1984), «Кӯҳистонӣ»- и Н. Абдуллоев (1985) мебошанд.

Ин муддат «Машварат»-и А. Гелман (1976). «Муфаттиш»-и Н.В.Гогол (1978), «Писари калонӣ»-и А. Вампилов дар саҳнаи Театри вилоятии Кӯлоб (1979), «Лавҳаҳои инқилобӣ»-и М. Шатров (1980), «Ваня — тағо»- и А.П. Чехов (1982), «Марати бечораи ман»-и А. Арбузов (1985), «Панҷ мулоқот»- и А. Володин (1985), «Дод аз дасти ақл»-и А.С. Грибоедов (1987) -ро ба саҳна гузошт. Дар феҳристи асарҳои басаҳнагузош­таи Майбалиев асарҳои драматургони ҷаҳон ва ҷумҳуриҳои бародариро низ дидан мумкин аст.

Солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтарин асарҳои драмавии классикони ҷаҳон ва муосирро ба саҳна ­гузошт. Драмаҳои «Сид»-и П. Корнел (1995), «Сиёҳ ва сафед»-и Ж.П. Сартр (2004), «Раъду барқ»-и Тсао Юй (2008), «Бой ва хизматгор»-и Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ (2007), «Парвози Шоҳин»-и Р. Ҳодизода, А.Ҳамдам (2006), «Барзуи шуғнонӣ»-и Ато Ҳамдам дар ҳамкорӣ бо М. Мазҳаб­шоев дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ (1993), «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло маротибаи чорум (1999), «Куҷо равонем»-и Н. Абдуллоев (2000), «Хоҷасагпараст»-и Ҷ. Қуддус (2001), «Ориёӣ»-и С. Аюбӣ (2007) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз омӯзишу фаъолияти ӯ метавон хулоса намуд, ки номбурда ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ комёб ва сермаҳсул буду ҳам замони соҳиб­истиқлолии мамлакат.

Яке аз драмаҳои даврони истиқлолият ин драмаи фоҷиавии адиби фаронсавӣ Пиер Корнел — «Сид» ба шумор меравад, ки устод Майбалиев онро соли 1995 дар Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошт.

- «Сид» драмаи хеле мураккаб аст ва касе аз коргардонҳо таҳияи онро ба зимма намегирад. Ҳатто дар ватани муаллиф — Фаронса ҳам рӯи саҳнаро надидааст, зеро таҳияи он заҳматталаб буда, аз режиссёр истеъдоди баланд ва тахайюлоти бойро талаб мекунад,- гуфта буд номзади илм­ҳои санъатшиносӣ Ирина Мягкова баъд аз тамошои он.

Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов дар тақризаш «Саҳнаи нафрату муҳаб­бат» («Садои мардум», 10-уми декабри соли 1997, №87 (1012) саҳ.3) навишта буд: «… Таҳияи шоҳасари классисизми асри XVII -и Франсия «Саид» («Сид»), ки таърихи ғании саҳнавӣ дораду дар саҳнаи Осиёи Миёна бори аввал гузошта шуд, кори басо душвор буд.

Асар мувофиқи қоида ва қонунҳои сахти равияи бадеии классисизм таълиф ёфта, сергапӣ, монологҳои дароз, декламасиякуниро мепарварад.

Майбалиев василаҳои театри муосирро ба кор бурда, душвориҳоро бартараф намуд. Ӯро, пеш аз ҳама, ғояҳои наҷиби классисизм, ки оҳангҳои худро дар рӯзҳои мо низ гум накардаанд, ҷалб намуданд…

… Театри ба номи Лоҳутӣ бо намоиши «Сид» («Саид») исбот кард, ки дар таҳияи классикаи ҷаҳон сухани худро гуфта, дар ин роҳ ан­ъанаҳои пешрафтаашро инкишоф дода метавонад. Бесабаб набуд, ки дар «Парасту-97» Х. Майбалиев «Барои режиссураи беҳтарин» сазовори мукофот шуд».

Драмаи «Сид» соли 1997 дар Фестивал — озмуни театрҳои касбӣ — Парасту- 97» сазовори ду дип­лом — «Барои беҳтарин режиссура» (Хушназар Майбалиев) ва «Барои беҳтарин нақши занона» (Соро Саб­залиева) гардида буд. Барои дар сатҳи баланд таҳия кардани «Сид» соли 2000 — ум саррежиссёри Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд.

Намоиши «Фарёди ишқ» аз рӯи драмаи Ғ. Абдулло бори нахуст 15-уми сентябри соли 1975 пешкаши тамошобинон гардид. Ин фоҷиа аз 2 қисм иборат буда, онро рассом М. М. Мухин ороиш дода, оҳангҳояшро Фирӯз Баҳор эҷод намуда буд. Он ба 650-солагии вафоти Амир Хус­рави Деҳлавӣ бахшида шудааст.

Азбаски «Фарёди ишқ» аҳамияти хуби тарбиявӣ дошт ва бо гузашти солҳо арзиши хешро гум накарда буд, коргардон онро чор маротиба — солҳои 1975, 1980, 1985 ва 1999 дар такмили нав ба саҳна гузошт.

Пас аз 24 сол Хушназар Майбалиев зарур шуморид, ки «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло аз рӯйи достони «Дувалронӣ ва Хизрхон»- ро, ки моҳияташро гум накардааст, пешкаши тамошобинон гардонад. Ҳамин тавр, соли 1999 нахустнамоиши «Фарёди ишқ» дар саҳнаи Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо толори пур аз тамошобинон доир гардид. Майбалиев он рӯзҳо хеле шод буд, ки асари мазкур маротибаи чорум рӯи саҳна омад. Афсӯс мехӯрд, ки муаллифи пйеса Ғанӣ Абдулло то он рӯзҳои нек ва гуворо нарасид.

Аз 16 то 24-уми июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 99» гузашт. Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ асари мазкурро ба фестивал пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифта, сазовори Шоҳҷоиза — «Парастуи булӯрин» (Гран — при) гардид.

Мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои фестивал — озмунҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба заҳматҳои саркоргардони сермаҳсул Хушназар Майбалиев арзёбӣ мешавад, ки ба ӯ илҳом ва неруи тоза бахшид. Соли 2004 Майбалиев ба яке аз ­пйесаҳои муосир, вале ниҳоят мураккаби психологӣ «Сиёҳ ва сафед»-и драманависи амрикоӣ Ҷон Сартр рӯ овард. Ба мушкилиҳои эҷодӣ нигоҳ накарда, тамошобинон боз шоҳиди тамошои асари бузурги саҳнавӣ шуданд. Дар нақшҳои асосӣ Баҳодур Миралибеков ва Малоҳат Абдуллоева ҳунарнамоӣ намуданд ва ҳар баромади онҳо дар саҳна боиси хурсандӣ ва таваҷҷуҳи хосаи тамошобинон гардида буд.

Ду асари устод Майбалиев яке дар саҳнаи Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Бой ва хизматгор» аз рӯи асари Ҳ. Ниёзӣ (2007) ва филми бадеии «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» (сенарияи Ғаюр Ашӯров аз рӯи асари Холмурод Шарифов, 2008) истеҳсоли идораи «Телефилм»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзанда гузоштанд.

Заҳмати Хушназар Майбалиев барои ғанӣ гардонидани репертуари Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҳикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва омода намудани шогирдон дар замони соҳибис­тиқлолии мамлакат ҳамаҷониба қадр шуд. Дар даврони шӯравӣ танҳо ба ӯ унвони Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон дода шуд, ҳол он ки ин фидоии театри тоҷик 20 сол саррежиссёри Театри овозадори ба номи Лоҳутӣ ва 25 сол дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба донишҷӯён маҳорати актёрӣ ва дарси режиссура дода, шогирдони зиёдро ба камол расонидааст.

Майбалиев яке аз таҳиягаронест, ки анъанаи басо хуби театрии Е.И. Мителманро ҳам дар театр ва ҳам дар донишкада идома дода, чун коргардони навҷӯ ва андешапарвар номашро дар санъати касбии тоҷик абадан сабт намуд.

Дар ин муддат ӯ боре кӯшиш накард, ки ягон асари дар саҳна таҳиякардаашро ба унвон ё ҷоизае пешниҳод кунад, агарчи бештарашон сазовори қадрдонӣ буданд. Соли 1976 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳти унвони «Советские режиссёры» (бо забони немисӣ) китоб чоп шуд. Дар баробари дигар коргардонҳои бузурги театри ҷаҳонӣ, ки аз хусуси «­Анъана ва навоварӣ», «Проблемаҳои имрӯза ва ояндаи театр» фикру андешаҳояшонро баён карданд, аз Осиёи Марказӣ танҳо андешаҳои Хушназар Майбалиев дар китоб ҷой дода шудааст. Дар ин бора баъди чанд сол (2008) аз ин рӯйдод қисса кард ва китобро ба муаллифи ин сатр­ҳо нишон дод.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис­тон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон, коргардони номвари тоҷик Хушназар Майбалиев дар яке аз суҳбатҳояш аз хусуси театр ва драматургияи тоҷик бо профессор Аскар Абдураҳмонов гуфта буд: «Мехоҳам, ки драматургияи миллӣ такомул ёбад ва асарҳои пурмазмуну ҷавобгӯи талаботи замона эҷод шаванд. Бисёр мехостам, ки тамошогарони тоҷик маърифати баланди фарҳангӣ дошта бошанду асарҳои саҳнавӣ, бозии ҳунарпешаҳо ва заҳматҳои таҳиягарони драмаю спектаклҳоро қадр кунанд».

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иқдому пешниҳоди роҳбарони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Театри давлатии академӣ — драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парас­ту-2023» ба 85 — солагии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Хушназар Майбалиев бахшида шуд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»