Барои мардуми тоҷик чой ба нӯшокии рақами як табдил ёфтааст. Дар кишварҳои аврупоӣ ва мамолики истеҳсолкунандаи чой ин нӯшокиро аслан ним соат баъди ғизо менӯшанд ва дуруст ҳам мекунанд. Аммо аксар ҳамватанони мо бар хилофи талаботи тиббӣ онро бо ғизо истеъмол менамоянд. Дар натиҷа, организм оҳани таркиби ғизоро дуруст ҷаббида наметавонад.
Ҳоло баъзе ширкатҳо чойи хушкро аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид намуда, бастабандӣ мекунанд ва навиштаҷоти рӯи қуттиҳоро ба забони давлатӣ тарҷума менамоянд. Ин, албатта, хуб аст, вале…
Чанде пеш қуттии чойи «Шоҳсанам» ба дастам афтоду ба навиштаҷоти он чашм давондам. Бо забони англисӣ навиштаҷот дуруст буд: «Shohsanam» («Шоҳсанам»). Аммо бо ҳуруфи кириллӣ онро «Шохсанам» навиштаанд. Ба навиштаҷоти минбаъда таваҷҷуҳ намоед: «Барои беҳтарин пиёла чой, даҳонро чой гузошта як қошуқи пурра аз чойник резед оби ҷӯшон тоза ва имкон барои 10 дақиқа истода, инчунин абрҳоро барангезед ва бинӯшад.
Лутфан, чой дар чои хунук ва хушк нигоҳ дар қуттии муҳрзада».
Аз ин калимаву ҷумлаҳои дарҳам барҳам чизе фаҳмида нашуд. Ҳайронам, наход дар ширкате, ки чойи «Шоҳсанам»-ро бастабандӣ мекунанд, ягон нафар тоҷик кор накунад? Ҳатто хонандаи мактаб ҳам дарк мекунад, ки ин ҷумлаҳо мантиқ надоранд.
Дар матни русии навиштаҷот низ хатоҳо зиёданд. Чунончӣ, ман маънии «Чай ломанный» (Чойи шикаста?)-ро нафаҳмидам. Шояд истеҳсолкунандагон «чой бо накҳати лимӯ» гуфтан мехостанд?
Ба забони русӣ дар қуттӣ макони истеҳсоли чой Эрон навишта шудааст, вале ба забони англисӣ кишвари истеҳсолкунандаро Ҳиндустон нишон додаанд.
Таъми чойи «Шоҳсанам» гуворост, вале онро навиштаҷоти қуттияш ногувор кардааст.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»