Дар арзҳои дӯстӣ

Як девону ду миллат

№75 (4337) 10.06.2021

вапҲукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инчунин, муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ҳар ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд камар бастаанд.

Ба нишони эҳтиром ва истиқболи самимона аз ташрифи ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе бо иқдоми адибони ҷумҳурӣ чун армуғони дӯстию бародарӣ чанд маҷмӯаи наз­мию насрӣ нашр гардид, ки «Девони Душанбе — Тошканд»-и Амрулло Нурализода аз ҷумлаи онҳо мебошад ва онро нашриёти «Адиб» чоп кардааст. Рост омадани  нашри китоб  ба ташрифи ҳайати кормандони сохтори иқтисодии ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе сабаб дорад. Зеро бо истифода аз фурсат намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили татбиқи лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ намуда, инчунин, қарордод дар бораи таҳвили молу хизматрасониро ба имзо расонданд.

Қаблан, 3 декабри соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҷиҳати анҷоми нахустин сафари расмӣ озими пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд гардида, аз мавзеъҳои таърихӣ ва сохтмонӣ дидан кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилаи судманди байни пойтахтҳои ҳар ду давлат – шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, китоби тозанашр бо илҳом аз қадамҳои устувори роҳбарияти ҳар ду кишвар, таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳо ва истиқболи мардуми ҳар ду ҷониб аз барқарор шудани муносибатҳои муштарак иншо гардидааст, ки дар баробари қисмати насрӣ аз нисф зиёди онро шеърҳои бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷодкардаи шоир, рассом ва рӯзноманигори номдор Сайфулло  Қулаев ҳусн бахшидаанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»