Якдилӣ, ҳамватанӣ мехоҳам

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

Инсон дар давоми зиндагӣ хеле заҷр кашид, то ба худ, ба шинохти одаму олам расад. Ин рафтану расиданҳо ҳамроҳ бо инқилоби маънавӣ буд. Дар ин хусус Саъдии Шерозӣ чунин гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. 

Инсон дарк кард, ки дар ягонагӣ ва иттиҳод метавонад ба неруи бузург мубаддал гардад, аммо ба ин чиз тавассути ақл, ишқ, садоқат, самимият, шуҷоат, одамият метавонад даст ёбад. Ниёкони мо ин ҳақиқатро дарёфтанд ва онро дар вуҷуди мо парвариш доданд. Мо асрҳо ба сӯи камол ва худшиносӣ роҳҳои пурпечутоберо сипардем, то шахсияти инсонӣ ва миллии худро шакл диҳем. Борҳо шикаста шудем ва дубора ҷон гирифтему қомат кашидем. Иқбол барҳақ мефармояд:

Решаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,

Сад гираҳ бар рӯи кори мо фитод. 

Ҳар гоҳе парешон шудем, ба худ бегона гаштем, дар ғафлату бехабарӣ мондем, бо ҳазорон мушкил рӯ ба рӯ омада, худро бохтем. Он гоҳ донистем, ки ваҳдат муҳим аст, огаҳӣ ва дониш мояи растагорист.

Барои даври ҳам ҷамъ омадан, иттиҳоду иттифоқ бастан, кори бузургеро анҷом додан, аз парешонию саргаштагӣ раҳо ёфтан, якпорчаву якдил шудан одамон ниёз ба роҳнамо, ҳидоятгар, пешво доранд, ки онҳоро аз вартаи нобудӣ, гирифторӣ ва маҳв шудан наҷот диҳад, киштии умрашонро аз миёни тӯфони пурбало ба соҳили наҷот бирасонад. Ҳатто дар олами вуҳуш низ ин қоида ҷорист. Парандаҳое, ки ҳар сол аз як гӯшаи дунё ба гӯшаи дигараш муҳоҷират мекунанд, ниёз ба роҳбаладе доранд, ки онҳоро ба манзили мақсуд мерасонад. Яъне, табиат барои зиндаву пойдор мондани олами вуҳушу наботот чунин қонунеро вазъ кардааст, ки ҷомеа­ҳои инсонӣ аз он истисно нестанд. Аз ин маълум мегардад, ки нақши ваҳдат дар офариниш ҷойгоҳи хосе дорад ва ҳар кию ҳар чӣ агар ҳақиқати ваҳдатро нашиносад, маҳкум ба парешонию нобудист.

Нақши шахсиятҳои бузург дар таърихи миллатҳо барои расидан ба ҳусни тафоҳум, якпорчагию якдилӣ хеле бузург аст. Куруши Кабир, Зардушт, Спитамен, Монӣ, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Сад­риддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода. аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки дар ин ҷода хидмати шоиста кардаанд. Хидмат ва ҷойгоҳи бузурги онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» шарҳу тавзеҳ додаанд.

Сиву ду сол аст, ки мо соҳибистиқ­лолем. Дар ин муддат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо намуданд ва аз усулҳое кор гирифтанд, ки моро ба қуллаи мақсуд баранд. Барои расидан ба кӯи мақсуд, пеш аз ҳама, бедорӣ, огаҳӣ, раҳои аз ғафлат ва худшиносӣ муҳим аст. Чун ба худшиносӣ расидем, он гоҳ ба ҳадди худшиносии миллӣ камол меёбем. Аммо худшиносии миллиро ваҳдату якдилӣ ба вуҷуд меорад. Барои ин ифтихору ваҳдатро ба вуҷуд овардан ба роҳу воситаҳое ниёз аст, ки истифодаи онҳо натиҷаи матлуб медиҳад. Сарвари давлат дар китобашон «Чеҳраҳои мондагор» яке аз ин роҳҳоро ба мо нишон додаанд, ки дар мактаби давлатдориву ваҳдатофаринии хеш истифода бурдаанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».

Яъне, мо то решаи худро нашиносем, бо корнома ва зиндагии пур аз ибрати гузаштагони бузургамон ошно нагардем, кӣ будани худро дарк намекунем. Мо шоху барг ва меваи дарахти ҳамон тамаддуне ҳастем, ки ниёконамон онро парвариш кардаанд, аз ин рӯ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100 — солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500 — солагии шаҳри Истаравшан, 2700 — солагии Кӯлоб, бузургдошти шахсиятҳои илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хис­рави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир ­Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд».

Ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таҷрибаи давлатдориашон бармеояд, нақши муҳим доштани огаҳиро дар шакл гирифтани худшиносии миллӣ ошкор месозад. Ин огаҳӣ дар мағзи фарзандони миллат бояд ба вуҷуд ояд, онҳо кӣ будан, чӣ рисолат доштан, ҷойгоҳ ва мақоми одамияти худро шиносанд. Ин огаҳии таърихӣ бояд моро бедор созад ва ҳисси ифтихорамонро такон бахшад. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ҳушдор доданд: «Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад».

Вақте гулҳои рангоранг мешукуфанд, гиёҳҳо месабзанд, дарахтҳо барг мебароранду гул мекунанд, парандагон дар шохаҳояшон лона мегузоранду тарона месароянд, шоҳпаракҳо дар чамани гулҳо ба парвоз меоянд, ин манзараи зебову дилфиреб дар маҷмӯъ бо як калима ифода мегардад: Боғ. Ин боғ дар натиҷаи ваҳдати гулу гиёҳ, дарахтону парандагон ба вуҷуд меояд. Имрӯз Тоҷикис­тони азизи мо ҳамин боғро мемонад, боғи ваҳдат, боғи муҳаббат, боғи меҳри дилҳо, ки тавассути сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст.

Бо барқарор гаштани сулҳу ваҳдат корҳои бунёдкорӣ вусъат гирифтанд. Мардуми Тоҷикистон аз як гиребон сар бароварда, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизи худ талош меварзанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Уфуқҳои истиқлол» ин дастовардҳоро чунин бозгӯӣ кардаанд: «Вақте сулҳу ваҳдати сиёсӣ барқарор шуд, вазифаи дигари бисёр муҳими давлатдории мо сохтани роҳҳои муосири мошингард, нақбҳо, шабакаҳои интиқоли барқ ва ғайра буд, ки бояд ваҳдати миллиро боз ҳам устувору пойдор месохтанд. Бо ин мақсад дар ин давра роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб — Хоруғ — Қулма — Қароқурум, нақби «Истиқлол» дар ағбаи Анзоб, нақби «Шаршар», нақби «Хатлон», нақби «Шаҳристон», хатти баландшиддати 500 — киловаттаи интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол» ва ғайра сохта шуда, роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа ва шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ, ки ҷанубу шимоли мамлакатро ба ҳам мепайванданд, азнавсозӣ гардиданд. Ҳамин тавр, даҳҳо тарҳи дигари ваҳдатсоз дар ин самт амалӣ гаштанд».

Дилро ба дил раҳест, мегӯянд. Бо сохтани нақбу роҳҳо Тоҷикистони саросар кӯҳсор ба хонаи ваҳдат мубаддал гашт. Роҳҳо одамонро ба ҳам наздик мекунанд, меҳрро афзоиш мебахшанд, ягонагиву якпорчагиро ба вуҷуд меоранд.

Таърих бузургтарин мактаби сабақомӯзист. Бузургони адаби мо сухан аз ҳамдилӣ, ваҳдат, муҳаббат, худро камол додану инсон шудан мегуфтанд. Имрӯз, ки мо қадам ба қадам ба сӯи фардо равонем, Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ чунин таманно дорад:

Ман зи гул гулдаҳанӣ мехоҳам,

З-одамӣ хушсуханӣ мехоҳам.

Аз ҳама зодаи ин хоку Ватан

Якдилӣ, ҳамватанӣ мехоҳам…

Н-ояд аз рӯҳи заиф ҳифзи Ватан,

Рустамӣ, пилтанӣ мехоҳам. 

ВОРИС,

«Садои мардум»