Хотирае аз Артисти халқии РСС Тоҷикистон Зафар Нозимов
Он давра дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт кор мекардам. Соли хониш ба анҷом мерасид ва бо масъулини дигар вазифадор шудем, ки вохӯрии раиси ноҳияро дар шаҳри Душанбе бо духтарони донишҷӯе, ки аз тариқи Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда буданд, ташкил намоем. Бо ҳамин ният ҳайати корӣ як рӯз пеш аз муҳлати таъингардида ба пойтахт рафтем. Баъди ба анҷом расидани вохӯрӣ ба ёдам расид, ки ҳамдиёрам, олими маъруфи соҳаи физикаи ядроӣ Абдуҷаббор Саломов зодрӯз дорад. Бо мақсади табрик ба хонааш рафтам.
Лаҳзае, ки вориди меҳмонхонаи акаи Абдуҷаббор гардидам, чашмам ба устод Зафар Нозим афтод, ки ҳолати ногувор дошт. Маълум буд, ки дарди ҷонгудоз азияташ медиҳад, аммо ба хотири дӯсти дерин барои табрик омада буд. Баъди гирифтани пиёлаи чой акаи Абдуҷаббор ба аҳли маҷлис рӯ оварда, гуфт:
- Ба шумо, барои қадрдонӣ арзи сипос менамоям ва мехоҳам сабти як суруди устодро, ки дар солҳои гуногун сабт шудаанд, бароятон пешкаш намоям. Шояд бисёриҳо онро нашунида бошанд.
Садои мусиқӣ баланд шуд ва овози фораму ширини Зафар Нозим фазои меҳмонхонаро пур кард:
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
Суруд бо ҳамовозии оркестри асбобҳои халқӣ садо дод. Касе садо баланд накард, гӯш ба ҳарфҳои ӯ сукут варзида будем. Суруд поён ёфт ва дубора садои мусиқӣ баланд шуд. Ин дафъа танҳо ғижжак ва доира ба тори овозхон ҳамроҳ гардиданд.
Дафъаи сеюм суруд бо ҳамовозии рубобу доира садо дод. Ман он лаҳзаҳо ба чеҳраи устод менигаристам, ки сукут варзида, ҳамроҳи дигарон гӯш ба суруд дода буд. Дигарбора суруд дарёвор ба гӯши ҳозирин рехт. Пеши чашмонам манзарае ҷилвагар гардид. Корвон оҳиста-оҳиста аз шаҳр берун мешуд ва марди жулидамӯе сари зону нишаста, рӯю мӯ меканду менолид.
Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Дидам, ки ашк аз чашмони устод таровид. Каме сарашро боло бардошт ва гуфт: «Ёд бод он рӯзгорон ёд бод»…
- Дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик оғоз ёфт. Чанд тан аз овозхонҳои ҷавон дар ҳайати санъаткорон дохил будем. Бо кадом иззату икром моро ба Россия бурданд, намегӯям. Сухан дароз мешавад.
Ман ҳамроҳи гурӯҳе аз санъаткорон, бо поезд рафтему дигарҳо бо тайёра. Шаб истироҳат кардем. Рӯзи дигар бояд дар толори Қасри съездҳои Кремл дар маросими кушодашавии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ҳунарнамоӣ мекардем. Рӯйхатро соати ёздаҳи рӯз дар ҳузури ҳама хонданд, номи ман набуд. Гуфтанд, ки ҳатман соати 1600 бо вақти Москва ба ҷои таъиншуда ҳозир шавам. Албатта, ба саҳна мебароӣ. Соати гуфтагиашон ҳозир шудам. Соати 1900 оғози қисми расмии Даҳаи адабиёту санъати тоҷик гузашту барномаи консертӣ шурӯъ шуд. Он бегоҳ ба ман навбат надоданд. Ҷавон будам. Ба бисту ҳафт қадам мегузоштам. Аламовар буд, аммо ҳарфе ба забон наовардам. Дар муқобили соҳибмансабон оҷиз мондам. Чарх дар дасти онҳо буд. Ба кадом тарафе тоб медоданд, мечархид. Озурдахотир ба меҳмонхона баргаштам.
Рӯзи дигар барномаи консертӣ пешниҳод кардем ва аз ҷониби тамошобинон баҳои хуб гирифт. Хоса, вақте ки сурудҳои русиро мехондам, тамошобинон бо шавқ кафкӯбӣ мекарданд. Дигар дар ҳама ҷо суҳбат дар боби санъаткорони ҷавон мерафт. Ин сухани ман нест, медонед, ки худситоиро дӯст намедорам. Ҳарфи тамошобинҳо буд.
Дар маъракаи пӯшидашавии Даҳаи адабиёту санъати тоҷик натавонистанд маро нодида бигиранд. Шояд баъди он қадар таърифу тавсифҳо ҷуръат накарданд ва ман дар саҳна суруди «Эй сорбон»-ро иҷро кардам. Даме ки суруд ба поён расид, аз толор марде дар даст гулдастаи зебо ба саҳна баромад. Онро ба дастам дод ва ба баландгӯяк наздик шуд. Матни суруди маро ба аҳли толор ба русӣ тарҷума кард. Тарҷумааш он қадар шевову зебо буд, ки ман ҳам ҳаловат бурдам. Баъд аз ман хоҳиш кард, ки бори дигар сурудро сароям. Баробари хатми суруд мавҷи қарсак толорро ба ларза овард…
Он рӯз бароям беҳтарин буд. Ба он донишманди рус дар дил аҳсан хондам ва баъдтар донистам, ки шарқшиноси машҳур Иосиф Брагинский будааст.
Субҳи барвақт нафаре аз дӯстон табассуми зебо дар лаб ба ошхона даромаду рӯзномаи овозадори «Правда»-ро болои миз гузошт. Пас аз вохӯрӣ бо шавқ рӯзномаро кушода, гуфт:
- Инро қадрдонӣ мегӯянд. Раҳмат ба рӯзноманигорони рус.
Баъд бо овози баланд хонд:
«Пожалуй, не найти в республике человека, который бы не слишал песен популярного артиста Зафара Нозимова. Его искусство полюбилось не толка таджикам. Теперь оно обрело новых поклоников в Москве, высоко оценивших талант молодого певца».
Он мақола 12 августи соли 1967 дар сармақола бахшида ба Даҳаи адабиёту санъати тоҷик дар Москва чоп шудааст.
Ростӣ, аз баҳои баланди рӯзноманигор ва пазироии самимонаи сокинони шаҳри Москва хеле хурсанд будам. Баъди ношто бо ҳамон рӯҳия ба меҳмонхона даромадам. Назди даромадгоҳ ҷавони зебое дар бар либоси расмӣ пас аз ҳолпурсӣ гуфт, ки «Устод Бобоҷон Ғафуров шумо ва Шоиста Муллоҷоноваро дидан мехоҳад».
Ману апаи Шоиста бо ҷавон ҳамроҳ шудем. Он солҳо академик Бобоҷон Ғафуров директори Институти шарқшиносии ИҶШС (СССР) буданд. Даме ки ба дафтари кории вай ворид шудем, машғули мутолиаи китобе буд. Баробари аз дар даромаданамон аз ҷо хест ва хеле самимӣ пазироӣ кард. Ба ҳуҷраи дигар бурда, беш аз як соат бо мо суҳбат кард. Ибтидо аз таърихи тоҷикону санъати қадимаи он гуфт. Баъд дар бораи вазифаи санъаткорони муосир маслиҳат дод. Аз апаи Шоиста дар бораи вазъи санъаткорони тоҷик пурсид.
Ниҳоят, навбати ман расид.
- Хеле хуб ҳунарнамоӣ кардӣ, — ба ман нигариста гуфт устод. — Бояд аз ин ҳам дар оянда беҳтару хубтар баромад кунӣ. Раҳматии модаратро хуб мешинохтам. Зани донишманду арзанда буд. Бо заҳмати ҳалол нон хӯрданро дӯст медошт. Ёд дорам, боре пайи иҷрои вазифаи давлатӣ ба собиқ ноҳияи Ҳоит рафта будем. Сафарамон тӯл кашид. Ҳамон солҳо Валаъмат дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия кор мекард. Моро ба хонааш даъват кард. Баъд сарулибоси падаратро оварда, аз ман хоҳиш кард, ки онҳоро пӯшам ва либоси танамро барои шустан диҳам. Хиҷолат кашидам, аммо ӯ бо исрор хоҳишашро такрор кард. Дар ҳақиқат, либосҳоям чиркин шуда буданд. Шаб либосҳоямро шусту саҳарии барвақт дарзмол кард…
Падарат низ одами номдор буд. Солҳои душвор дар мақомоти милитсия хизмат кард. Шунидам, ки аз илми мусиқӣ низ огоҳ будааст. Ту дар чунин хонадон ба дунё омадаӣ ва бояд мисли волидайнат байни мардум сазовори эҳтиром бошӣ. Номи нек осон ба даст намеояд. Барои он заҳмати шабурӯзӣ лозим аст…
Ману апаи Шоиста аз назди Бобоҷон Ғафуров бо як ҷаҳон таассуроти нек берун омадем. Суханҳои пур аз меҳру ифтихор ва андарзҳои холисонаи ӯ ба дили шикастаам нерую тавон бахшид. Дубора ба истеъдоди хеш бовар кардам. Бовар кардам, ки дар ҷавоби ҳама нокасиҳои ду-се ҳасудхӯр танҳо бо ҳунари воло метавонам истодагарӣ кунам. То ҳол суханҳои падаронаи Бобоҷон Ғафуров дар гӯшам садо медиҳанд, — гуфт Зафар.
Ҳамон ҳолат суратгир Мирзосафар Ризвонов хоҳиш кард, ки барои хотира ҳамроҳи устод расм бигирем. Дасти Зафарро гирифтаму барои хестан ёрӣ додам. Ману акаи Абдуҷаббор, собиқ муовини прокурори генералӣ, шодравон Додарҷон Мақсудов ва ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдусалом Мирализода даври устод ҳалқа задем…
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»