«Пайрав ошиқ аст, шеърҳои ошиқонаро аз мағзи ҷон месарояд… Соҳиби истеъдоди комил аст… Ин суханон ба қалами устод Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад, ки дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштаанд.
Воқеан ҳам, Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёти навини тоҷик чун шоири навовар ва тозагӯ машҳур аст. Бо вуҷуди он ки умри кам дид, бо нубуғи шоирӣ тавонист дар саргаҳи адабиёти навин чун ситора дурахшад.
Ба хотири 120-умин солгарди шоир чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфил баргузор шуд, ки дар он шоирону нависандагон, олимону дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд.
Шоир Ато Мирхоҷа гуфт, ки Пайрав Сулаймонӣ ҳамроҳи устод Садриддин Айнӣ ба адабиёт ворид гашт ва шоири пухтакору пухтагӯ буд. Устод Айнӣ ба истеъдоди ӯ бовар доштанд ва ояндаашро дурахшон медиданд, аммо марги нобаҳангом ӯро аз миён бурд ва дар сӯги вай Садриддин Айнӣ марсия навиштанд:
Пайрав, ки яке шоири шӯроии мо буд,
Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт.
Ба андешаи адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов, Пайрав дар шеъри нав мақоми асосгузорро дорад. Ӯ дар синни ҳабдаҳ ба адабиёт қадам гузошт ва яке аз ташаббускорони нав шудани шеър буд. Дар давоми ҳафтод соли замони шӯравӣ адабиёт шоҳиди ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои гуногун аст. Мадеҳагӯӣ ва шиорзанӣ хеле авҷ гирифт. Аммо Пайрав Сулаймонӣ воқеиятро суруд, ки хонанда метавонад ҳангоми мутолиаи ашъори ӯ ба ин ҳақиқат муътақид гардад.
Узви вобастаи АИ Тоҷикистон Аъламхон Кӯчаров ишора намуд, ки устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» — ро бо малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз карданд ва бо Пайрав Сулаймонӣ ба охир расониданд, ки басо рамзист. Ҷуръат ва ҳунари шоирии Пайрав низ қобили мулоҳиза аст. Ҳамин ҷуръат ва боварӣ ба ӯ иҷозат медиҳад, ки ба қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и устод Рӯдакӣ тазмин нависад:
Инак он номеҳрубон ояд ҳаме,
Боз он сарви равон ояд ҳаме…
Ба андешаи шоир ва адабиётшинос Аскар Ҳаким, сабаби бақои ашъори Пайрав Сулаймонӣ ба мавзӯъҳои ҷовидона рӯ овардани ӯст. Ишқ, муҳаббат, ростӣ, вафодорӣ, садоқат ва амсоли инҳо ба шеъри ӯ рӯҳ бахшидаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар гуфт, ки Пайрав забони русиро хуб медонист ва ин чиз боис гашт бо адабиёти он ошно гардад ва хоса дар зери таъсири ашъори шоири тавоно В. Маяковский шеър бинависад. Академик Носирҷон Салимӣ ба ин назар аст, ки дар шинохти осор ва шахсияти Пайрав Сулаймонӣ корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд. Пайрав Сулаймонӣ аз ҷумлаи шоирони истисноист. Ӯ дардҳои бузурге дар ниҳонхонаи дил дошт ва мисли вулқон аз дарун меҷӯшид. Сабки нигоҳи ӯ ба муҳити атроф ва олами ҳастӣ дигаргуна буд, аз ин рӯ ҳам бо замон ва ҳам дар даруни худ гирифтори фоҷиаҳо гашт.
ВОРИС, «Садои мардум»